Октябр 15, 2016 07:47 Asia/Dushanbe

Қисмати 737 сураи муборакаи " Рум ", ояи 55-60

55

 وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ يُقْسِمُ الْمُجْرِمُونَ مَا لَبِثُوا غَيْرَ سَاعَةٍ كَذَلِكَ كَانُوا يُؤْفَكُونَ                       

 

Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, муҷримон”Гунаҳкорон”  савганд “Қасам”  мехуранд, ки ҷуз соате диранг " Ғафлат" накардаанд, “Дар дунё низ” ин гуна “Аз ҳақ” мунҳариф мешуданд.

 

56

 وَقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَالْإِيمَانَ لَقَدْ لَبِثْتُمْ فِي كِتَابِ اللَّهِ إِلَى يَوْمِ الْبَعْثِ فَهَذَا يَوْمُ الْبَعْثِ وَلَكِنَّكُمْ كُنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ      

 

Ва касоене, ки дониш ва имон ба онон дода шудааст, мегуянд: Қатъан шумо “Ба мӯҷиби ончӣ” дар китоби Худо “Аст” то рӯзи қиёмат диранг " Ғафлат" кардаед ва ин, рӯзи қиёмат аст, вале шумо намедонистед.

 

 

57

فَيَوْمَئِذٍ لَّا يَنفَعُ الَّذِينَ ظَلَمُوا مَعْذِرَتُهُمْ وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ 

 

Пас дар он рӯз узрхоҳии касне, ки ситам кардаанд, сӯде надорад ва аз онон намехоҳанд, ки узрхоҳӣ “Ва тавба” кунанд.

 

Яке аз вижагиҳои инсонҳои муҷрим ва куфрпеша ин аст, ки дар дунё, рӯзи растохезро инкор мекунанд  ва онро намепазиранд, барасоси ин ояҳо ингуна афрод ҳатто дар қиёмат ҳам ҳозир нестанд бипазиранд, ки қиёмат барпо шуда ва онҳо дар саҳнаи қиёмат ҳузӯр ёфтаанд, лизо мегуянд инҷо ҳам идомаи ҳамон дунёст ва мо лаҳазоте дар хоб будаем ва акнун бедор шудаем, аммо аҳлли имон, ки ҳақиқатро ёфта ва аз шинохт ва маърифат бархурдоранд, ба онҳо мегуянд: Инҷо қиёмат аст ва бар тибқи ончӣ Худованд муқарар кардааст, шумо даврони барзах байни дунё ва қиёматро пушти сар гузошта ва имрӯз дар додгоҳи қиёмат ҳозир шудаед.

 

Ҳангоме,ки золимон ва табаҳкорон, воқеияте ба номи додгоҳи қиёматро дар баробари худ мебинанд, иқдом ба узрхоҳӣ мекунанд ва дар мақоми тавба бармеоянд, аммо бар пойяи ин ояҳо, узрхоҳии муҷримон дар он рӯз ҳеҷ суде надорад ва тавбаашон пазируфта намешавад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Каҷфикрӣ, инсонро ба каҷравӣ мекашонад, инҳироф дар фикр ва ақида, заминаи густариши ҷурм ва гуноҳро дар ҷомиа фароҳам мекунад.

 

2 – Илм ва имон, бо ҳам робитаи мутақобил доранд, илми воқеӣ инсонро ба имон даъват мекунад ва имон низ мардумро ба фарогирии илм ва дониш мехонад.

 

3 – Сарнавишти инсон дар гарави амалҳои худи ӯст, зулм ва ҷурм, дар дунё ва охират, ҳеҷ саранҷоми хушие надорад.

 

4 – Узрхоҳӣ ва тавба аз гуноҳон, танҳо дар дунё корсоз аст ва дар қиёмат ҳеҷ коройи надорад.

 

58

 

 وَلَقَدْ ضَرَبْنَا لِلنَّاسِ فِي هَذَا الْقُرْآنِ مِن كُلِّ مَثَلٍ وَلَئِن جِئْتَهُم بِآيَةٍ لَيَقُولَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ أَنتُمْ إِلَّا مُبْطِلُونَ       

 

Ва ба ростӣ дар ин Қуръон, барои мардум аз ҳаргуна масале овардем ва агар барои онон нишона ва муъҷизае биёварӣ, кофирон ҳатман хоҳанд гуфт: Шумо ҷуз аҳлли ботил ва беҳудагӯйи нестед “Шумо ҷуз бар ботил нестед".

 

59

                

كَذَلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَى قُلُوبِ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ

 

Ингуна Худованд бар дилҳои касоне, ки намедонанд, муҳр мениҳад.

 

Қуръон китоби ҳидоят аст ва тамоми ончӣ, ки дар ҳидояти инсон муассир аст, Дар ин китоб баён шудааст: аз башорат ва инзор, “Бим додан, тарсонидан”  иршод ва мавъиза, амр ва наҳей, ташвиқ ва тавбих, истидлол ва бурҳон ва ҳар шева ва равише, ки заминаи ҳидояти инсон ва дурии ӯ аз гумроҳиро фароҳам мекунад.

Далоили тавҳид ва яктопарастӣ, роҳ ва равиши дурсти зистан ва дурӣ аз сифоти нописанди ахлоқӣ, дар қолабҳои мутанавеъ ироа шудааст, шеваи парастиши Худо дар шабонарӯз ва аёми мухталифи сол тавзеҳ дода шудааст, ақоид, аҳком ва ахлоқ, ки пойяҳои фикрӣ ва ақлии ҳар инсони муваҳид ва Худопарастиро ташкил медиҳад, дар лобалои пеш аз 6000 ояти Қуръон баён шудааст, албатта дар ишкол ва қолабҳои мутанавеъ бо ин ҳол, касоне, ки намехоҳанд ҳақро бипазиранд ва биноро бар куфр ва лаҷоҷат ва инкор мегузоранд, ҳамаи инҳоро ботил ва бепойя мешумуранд ва чӣ басо ҳозир ба шунидани ояҳои илоҳӣ низ нестанд.

Идомаи ояҳо, далили ин куфр ва инкорро чунин баён мекунад: Худованд бар дилҳои чунин касоне бар асари иртикоби ҷароими фаровон ва исрори пургуноҳ, муҳр задааст ва онҳо аз дарки ҳақиқат марҳум шудаанд, дурӯст монанди дуздоне, ки барасари иртикоби ҷурм дар зиндон маҳбус мешавад ва бар сулули онҳо қуфл мезананд, кори хилофи сориқон, қозиро ногузир месозад, ки онҳоро барои иҷрои адолат маҳбус кунад, дар натиҷа онҳо аз неъмати озодӣ маҳрум мешаванд, гунаҳкорон низ агар тавба кунанд ва даст бардоранд, Худованд онҳоро мавриди бахшиш қарор медиҳад ва агар бар ҷароим ва аъмоли хилофи хеш исрор варзанд, қалби онҳо қуфл мехуад ва аз неъмати дарки ҳақиқат маҳрум мешаванд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Қуръон барои ҳамаи мардум аст ва аз қолабҳо ва шеваҳои гуногун барои иршод ва ҳидоят ақшори мухталифи мардум баҳра мегирад.

 

2 – Касоне, ки бар мадори ботил ҳастанд, на танҳо ҳақро намепазиранд, балки ҳақро ботил шумурда ва муъминонро низ аҳлли ботил муарифи мекунанд, муроқиб бошем, ки таблиғот ва ҳаёҳуйии раҳравон роҳи ботил, моро таҳти таъсир қарор нидиҳад.

 

3 – Кайфари куфр ва лаҷоҷат бо ҳақ, маҳрумият аз ҳидояти илоҳӣ аст, ки қатъан зарараш ба худи инсон боз мегардад, на Худо.

 

 

60

 

فَاصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ وَلَا يَسْتَخِفَّنَّكَ الَّذِينَ لَا يُوقِنُونَ

 

Пас сабр пеша кун, ки ваъдаи Худованд “Дар бораи нусрати ту” ҳақ аст ва “Ҳаргиз” касоне, ки “Ба Худо ва қиёмат” яқин надоранд, туро ба “Ношикебоӣ” ва сабуксарӣ водор накунанд.

 

Ин оят, ки охирин ояи аз сураи Рум аст, мефармояд: Аҳлли имон ҳамвора дар тули таърих, мавриди озор ва азияти забонӣ ва рафтори кофирон будаанд, пас бояд сабр ва пойдорӣ кард ва таслими таҳдидҳо ва таблиғи онҳо нашуд, зеро Худованд ваъда дода аст агар аҳлли имон пойдорӣ кунанд ва истиқомат варзанд, пирӯз мешаванд.

Идомаи оят хитоб ба расули Худо ва аҳли имон мефармояд: Агар таҳти таъсири суханони онҳо қарор гиред, дучори тарс ва изтироб мешавед, онгоҳ ба ҷойи муқовимат ва пойдорӣ, худро кучак ва сабук шумурда ва даст ба корҳои сабук ва беарзиш мезанед, ё он, ки дар асари нисбатҳои норавоии душманон, чунон хашмгин ва асабонӣ мешавед, ки оромиш ва матонати худро аз даст дода ва корҳоеро анҷом медиҳед, ки мӯҷиби сабукии шумо ва танзили ҷойгоҳатон дар ҷомеа мешавед.

 

Аз ин оят меомқзем, ки:

1 – Аҳлли имон бояд бар роҳи худ побарҷо ва устувор бошанд ва дар баробари рафторҳои ношоисти душманон шикебоӣ варзанд.

 

2 – Ҷаввсозии афроди бедин ва имон, набояд таъсире дар тасмимгирии мо дошта бошад, ба ваъдаҳои Худованд дар мавриди пирӯзии аҳлли ҳақ бар ботил имон дошта бошем, ки ин худ, мояи оромиш ва итминонихотир мешавад.

 

3 – Касоне, ки сабур ва шикебо набошанд, дар муҳити ҷомиа хафиф ва сабук мешаванд.