Қисмати 738 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 1-6
Қисмати 738 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 1-6
Ин сура дар Макка нозил шудааст ва 34 оят дорад, Худованд дар ин сура илова бар ишора ба нишонаҳои худ дар офариниши Осмон ва Замин ва навъҳои ҷунбандагон, гӯшае аз мавзеъҳои ҳикматомези Луқмон ба фарзандашро нақл мекунад, ки ба ин муносибат ин сура, Луқмон номгузорӣ шудааст.
بسم الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
1
الم
Алиф, лом, мим,
2
تِلْکَ آیَاتُ الْکِتَابِ الْحَکِیمِ
Ин оятҳои китоби саросар ҳикмат аст.
3
هُدًى وَرَحْمَةً لِّلْمُحْسِنِینَ
Ки “Мояи” ҳидоят ва раҳмат барои некукорон аст.
29 сураи Қуръони Карим, бо ҳарфҳои мақатаа оғоз мешавад ва сураи Луқмон яке аз ин сураҳост, ҳарфҳои мақатаа, баёнгари аззамати Қуръон аст, ки аз ҳамин ҳарфҳои алифбо таълиф ёфта ва дар айни ҳол муъҷизоти илоҳӣ аст, ки ҳеҷ кас қодир нест китобе ҳамонанди онро биёварад, китобе , ки оёташ дар ин сура ва дигар сураҳои Қуръон, ҳикматомӯз аст, зеро аз ҷониби Худованди Ҳаким нозил шуда ва аз истиҳком ва ғаноии кофӣ бархурдор аст, ҳеҷ гуна сухани ботил дар он роҳ надорад, аз хурофот ба дур аст, ҷуз ҳақ намегӯяд ва ҷуз бар роҳи ҳақ даъват намекунад.
Гарчӣ Қуръон барои ҳидояти ҳамаи инсонҳо нозил шудааст, аммо танҳо касоне аз ҳидояти он баҳраманд мешаванд, ки пок ва некукор бошанд нопокон ва бадкорон, ё хозир ба шунидан ва хондани оятҳои он нестанд ва ё агар бишнаванд ва бихонанд, рӯҳашон чунон олудааст, ки ҳақро пас мезананд ва аз он рӯйгардон мешаванд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Ҳидояти мардум бояд бар асоси ҳикмат ва ҳамроҳ бо далилҳои маҳкам бошад, ба ҳамин далил аст, ки Қуръон худро китоби ҳаким хондааст.
2 – Иршод ва ҳидояти мардум, бояд ҳамроҳ бо раҳмат ва мухаббат бошад то дар онон бештарин асарро бигзорад.
4
الَّذِینَ یُقِیمُونَ الصَّلَاةَ وَیُؤْتُونَ الزَّکَاةَ وَهُم بِالْآخِرَةِ هُمْ یُوقِنُونَ
Онон, ки намозро барпо медоранд, ва закот медиханд ва онон ба охират яқин доранд.
5
أُولَـئِکَ عَلَى هُدًى مِّن رَّبِّهِمْ وَأُولَـئِکَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Онон бар ҳидояте аз суйӣ Парвардигорашон ҳастанд ва ҳам онон растагоранд.
Ин оятҳо ибтидо, вожаи муҳсинин, некӯкоронро, ки дар ояти қабл омада буд, тавсиф мекунад, бадингуна, ки эҳсон ва некӯкорӣ, ду бахши илмӣ ва як бахши ақидатӣ дорад, бахши илмии он шомили намоз ва закот аст ва бахши ақидатии он, имон ба охират аст.
Усулан дар фарҳанги диннӣ, ибодат ва парастиши Худо, аз расидагӣ ба хулқи Худо ҷудо нест ва ин ду лозим ва малзуми якдигаранд, мутасифона дар дунёи имрӯз, афроди бисёре ҳастанд, ки аҳли намоз ва масҷид ва дуо ва ибодатанд, аммо таваҷҷӯҳе ба ниёзмандон ва маҳрумони ҷомеа надоранд ва гумон меккунанд ҳамон ибодатҳои мутаорифи онҳо кофӣ аст.
Дар муқобил низ, иддае ҳастанд,ки дар фикр ва рафъ мушкилот ниёзмандон ҳастанд, аммо таваҷҷӯҳе ба дастуроти диннӣ ва намоз ва ниёиш надоранд, ин оя мефармояд: Касоне машмули ҳидояти вижаи Илоҳӣ шуда ва ба растагорӣ ва саодат мерасанд, ки илова бар пардохти закот ва эҳсон ба дигарон, аҳлли намоз ва бандагии Худо бошанд ва дар анҷоми корҳояшон, охиратро дар назар бигиранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Дар фарҳанги исломӣ, намоз ва закот аз якдигар ҷудо нестанд, иқомаи намоз ва пардохти закот, бояд сираи доимии афроди боимон бошад.
2 – Некукори воқеӣ касе аст, ки ҳам ба фикри мардум ва дар садади ҳалли мушкилоти онҳост, ҳам ба фикри рушди маънавии худ, на он,ки якеро фидои дигаре кунад.
3 – Растагорӣ дар гарави имон ба Худо ва Қиёмат ва анҷоми вазоифи диннӣ назири барпойи намоз ва пардохти закот аст, имон бидуни амал, ё амал бидуни имон, ҳеҷ як корсоз нест.
6
وَمِنَ النَّاسِ مَن یَشْتَرِی لَهْوَ الْحَدِیثِ لِیُضِلَّ عَن سَبِیلِ اللَّـهِ بِغَیْرِ عِلْمٍ وَیَتَّخِذَهَا هُزُوًا أُولَـئِکَ لَهُمْ عَذَابٌ مُّهِینٌ
Ва бархе аз мардум, харидори суханони беҳуда ва саргармкунандаанд, то беҳеҷ илме, “Дигаронро” аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва онро ба тамасхара “Ва истеҳзо” гиранд, барои онон азобе хоркунанда аст.
Ин оят ба яке аз муҳимтарин амалҳои гумроҳкунандаи инсон, ки сухани ботил аст, ишора мекунад, дар китобҳои таъихӣ омадааст, ки бархе туҷҷори Араб ба минтақаҳои монанди Эрон сафар мекарданд ва афсонаҳои гуногун монанди Рустам ва Исфандиёр ва саргузашти подшоҳонро меомӯхтанд, онҳо пас аз бозгашт ба Макка, мардумро гирди худ ҷамъ карда ва мефармоянд: Агар Муҳаммад (с) достони Од ва Самудро ҳикоят мекнад, мо низ достонҳои ҷазобтаре барои шумо баён мекунем, онҳо бадинвасила кушиш мекарданд мардумро аз атрофи Паёмбар (с) ва шинидани оятҳои Қуръон дур кунанд.
Чунон, ки бархе занони хонанда бо хондани шиорҳои ошиқона ва таронаҳои саргармкунанда, мардумро аз таваҷҷӯҳ ба Паёмбар (с) ва шунидани оятҳои Қуръон манъ мекарданд ва чӣ басо Паёмбар (с) ва каломи илоҳиро ба масхара мегирифтанд ва онро беарзиш мехонданд.
Ин оят мефармояд: Касоне,ки ба ҳар тариқ, мардумро аз роҳи Худо боздоранд ва бидуни ироаи ҳеҷ далил ва мантиқе, оятҳои илоҳиро бепоя ва беарзиш хонад ё ба тамасхара гиранд, гирифтори кайфари сахте мешаванд, ки зиллат ва хорӣ онҳоро дар дунё ва охират ба дунбол дорад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Ҳар гуна сухани саргармкунанда, оҳангин ё оҳанге, ки инсонро аз роҳи ҳақ боз дорад ва сабаби ғафлат ва гумроҳии ӯ шавад, мавриди наҳии дин қарор гирифтааст.
2 – Яке аз омилҳои мардум ба вижа ҷавонон, гӯш додан ба таронаҳое аст, ки мусиқии он ва шиорҳои хонандааш, ботил ва норавост ва мӯҷиби ғафлат аз Худо ва саргарм шудан ба шаҳватҳои дунявӣ мешавад.
3 – Душман барои мубориза бо афкор ва ақидаҳои Исломӣ, ба мизони густурдае аз абзорҳои фарҳангие, ки аз ҷинси сухан ва навиштааст, баҳра мегирад ва онро дар қолабҳои мухталифи ҳунарии назири филм, театр ва мусиқӣ дар ҷомеа тарвиҷ мекунад.