Ноябр 03, 2016 07:04 Asia/Dushanbe

Қисмати 739 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 7-11

7

 

وَإِذَا تُتْلَى عَلَیْهِ آیَاتُنَا وَلَّى مُسْتَکْبِرًا کَأَن لَّمْ یَسْمَعْهَا کَأَنَّ فِی أُذُنَیْهِ وَقْرًا  فَبَشِّرْهُ بِعَذَابٍ أَلِیمٍ                   

 

Ва чун оятҳои мо бар ӯ хонда шавад, аз рӯйи такаббур ва ғурур рӯй бармегардонанд, гӯйё онро нашунидааст, “ё” гӯйё дар гушҳояш сангинӣ аст, пас ӯро ба азоби дарднок башорат деҳ.

 

Дар охир ояти қабл фармуд:  Бархе афрод бо тарвиҷи суханони ботил ва беҳуда, мардумро саргарм мекунанд то онҳо ба суроғи сухани ҳақ нараванд ва аз пазириши ҳақ боз бимонанд.

Ин оят мефармояд: Ин гуна афрод ҳатто хозир ба шунидани оятҳои Қуръон нестанд, чӣ расад ба он, ки дар он фикр кунанд то агар мантиқӣ аст ба он имон биёваранд, албатта маншаи ин рӯйгардонӣ аз ҳақ, нахват “Такаббур, худпарастӣ”  ва мутакаббир аст, онҳо худро аз паёмбар (с) ва муъминон бартар ва болотар мебинанд ва ҳозир ба шунидани суханони онҳо нестанд.

Табии аст чунин рӯҳияи инсонро ба замин мезанад ва ӯро гирифтори кайфар ва азоби илоҳӣ мекунад, зеро куфри ӯ ношӣ аз кибр ва ғурӯр аст, на ҷаҳл ва ноогоҳӣ нисбат ба оятҳои илоҳӣ.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Рӯҳияи истикборӣ, монеи пазириши ҳақ ва ҳақиқат аст ва инсонро ба гумроҳӣ ва суқут мекашонад.

 

 

2 – Гӯш додан ба суханони ботил ва беҳуда, омодагии шунидан ва пазириши сухани ҳақро аз инсон мегирад.

 

 

8

          إِنَّ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ جَنَّاتُ النَّعِیمِ

 

Бегумон онон, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, боғҳои пурнеъмати “Биҳишт” барои онҳост.

 

9

خَالِدِینَ فِیهَا وَعْدَ اللَّـهِ حَقًّا  وَهُوَ الْعَزِیزُ الْحَکِیمُ           

 

Дар он ҷовидонанд, ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст ва Ӯ азиз "Шикастнопазир" ва ҳаким аст.

Гуфтем касоне ҳастанд, ки ба ҷойи сухани ҳақ, аз паи сухани ботил мераванд, чунин афрод куфрро тарвиҷ мекунанд ва дар ниҳоят гирифтори кайфари илоҳӣ мешаванд, аммо дар баробари онҳо касоне ҳастанд, ки бо имон ба мабдаъ ва маод ва бо анҷоми корҳои писандида, ба подоши бузӯрги илоҳӣ мерасанд.

Касоне, ки оятҳои Қуръонро бо диққат мехонанд ва мешунаванд ва  дар он меандешанд ва аз рӯйи дарк ва фаҳм ба он имон меоваранд, онҳо ба ҷойи такаббур варзидан дар баробари Холиқи ҳастӣ, таслими Худо ва дастурҳои олии Ӯ мешаванд ва бо бандагони Ӯ аз рӯйи тавозеъ бархурд мекунанд, Худованд ба чунин бандагоне ваъдаи Биҳишти ҷовидон додааст ва қатъан ин ваъда таҳақуқ ёфтанӣ аст, зеро Ӯ Азиз ва Ҳаким аст, на аз анҷоми ваъдааш оҷиз аст ва на насанҷида ваъдае медиҳад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Имон ба танҳоӣ ё амали солиҳ ба танҳоӣ, мӯҷиби расидани инсон ба Биҳишт намешавад, имон ҳамроҳ бо амали солиҳ, натиҷа бахш хоҳад буд ва инсонро ба саодати абадӣ мерасонад.

 

2 – Биҳишт, сарои неъматҳои мутанавеи илоҳӣ аст, чӣ модӣ, чӣ маънавӣ, лизо дар онҷо хастагӣ ва дилзадагӣ ва малолат “Безорӣ, андуҳ”  барои инсон маъное надорад.

 

3 – Ваъдаҳо ва подошҳои Худовандро бовар кунем ва онро бо ваъдаҳои дигар афрод муқоиса накунем, ки ё дуруғ аст ва ё аз анҷомаш оҷиз ва нотавонанд.

 

10

 

  خَلَقَ السَّمَاوَاتِ بِغَیْرِ عَمَدٍ تَرَوْنَهَا  وَأَلْقَى فِی الْأَرْضِ رَوَاسِیَ أَن تَمِیدَ بِکُمْ وَبَثَّ فِیهَا مِن کُلِّ دَابَّةٍ وَأَنزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَنبَتْنَا فِیهَا مِن کُلِّ زَوْجٍ کَرِیمٍ                   

 

Ӯ осмонҳоро бидуни сутунҳое, ки онро бубинед офарид ва дар замин кӯҳҳои устувор бияфканд то “Замин” шуморо наҷунбонад ва дар он аз ҳар ҷунбандае пароканда сохт ва аз осмон обе фурӯ фиристодем ва дар он аз ҳар гуна гиёҳи некӯ ва бо арзише руёнидем.

 

 

11

 

هَـذَا خَلْقُ اللَّـهِ فَأَرُونِی مَاذَا خَلَقَ الَّذِینَ مِن دُونِهِ  بَلِ الظَّالِمُونَ فِی ضَلَالٍ مُّبِینٍ                     

 

Ин офариниши Худост, пас ба ман нишон диҳед онҳо,ки ғайри Ӯянд “Ва шумо шарики Ӯ мепиндоред” чӣ офаридаанд? Балки ситамгарон дар гумроҳии ошкор ҳастанд.

 

Ин оятҳо ба панҷ намуна аз нишонаҳои қудрати илоҳӣ дар офариниш ишора кардааст: Устувории низоми азими осмонҳо ва каҳкашонҳо бидуни ҳаргуна сутуне, ки қобили равъият “Фикр, андеша”  бошад, офариниши кӯҳҳои боазаммат, ки омили субот ва оромиши замин ҳастанд, офариниши анвои мухталифи ҷунбандагон дар хушкӣ ва дарё ва осмон, нузули борон ва равиши гиёҳон, ҳамаи инҳо бар як чиз далолат дорад ва он қудрати беинтиҳои офаридгори ҳастӣ аст, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дар ин корҳо шарики Ӯ нест.

Дар ин оятҳо ба сутунҳои номаръӣ ишора шудааст, ки мӯҷиби истиқрори каррот “Ҳамлаҳо”  ва аҷроми осмонӣ дар мадорҳои худ ва ҳифзи таодул байни онҳост, дар ин оятҳо ҳамчунин ба нақши муҳими кӯҳҳо дар муҳофизати замин аз ларзидан ишора шудааст, инҳо чанд намуна аз иъҷозҳои илми Қуръон ба шумор меравад, ҷолиб он, ки ин матолиб дар ҳамоне матраҳ шуда, ки башар кучактарин иттилое аз ин мавзӯъҳо надошт.

Бо вуҷуди нишонаҳои ошкори Худованд дар ҳастӣ, мутаасифона гурӯҳе аз мардум аз рӯйи ноогоҳӣ ва ё пиндорҳои нодурӯсти, афрод ё ашёеро дар радифи Худо қарор дода ва гумон мекунанд инҳо дар сарнавишти онҳо таъсиргузоранд, гуё тадбир гӯшае аз ҳастӣ ба ин шарикон вогузор шуда ва Худованд корҳои худро ба онон супурдааст.

Лизо идомаи оят мефармояд: Касоне, ки шумо шарики Худо мепиндоред, дар офариниши кадом яке аз падидаҳои табии, шарики Худо будаанд? Оё аслан тавони офариниши магас ё пашае доранд, чӣ расад ба осмонҳо ва гиёҳон?

Поёни оятҳо, ин навъ тафаккур ва боварро зулм ба худ ва Худо медонанд, ки инсон чизеро, ки офаридаи Худост, шарики Худо бипиндорад ва ба ҷойи иботи Худо, ба суроғи парастиши ғайри Худо биравад.

 

Аз иноятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Муаллақ будани милиордҳо каҳкашон ва ситора ва саёра дар осмон, ҳам нишонаи қудрати офаридгор аст, ҳам далили иъҷози Қуръон, ки чунин амреро ба сутунҳои номаръӣ нисбат медиҳад, ки имрӯза аз он ба нерӯйи ҷозиба таъбир мешавад.

 

2 – Об ва хок ва гиёҳ ва табиат дар назди Худованд боарзиш аст, инсон низ бояд муҳити зистро арзишманд бидонад ва аз ин амонати бузӯрги илоҳӣ ба наҳви шоиста муроқибат кунад.

3 – Яке аз роҳҳои Худошиносӣ, муқоиса миёни қудрати Ӯ ва қудрати дигарон аст.

 

4 – Касоне, ки ба суроғи ғайри Худо мераванд, гирифтори зулм ва ситам мешаванд, зулме, ки ба гумроҳии онҳо меанҷомад.