Июн 12, 2021 12:12 Asia/Dushanbe

Қисмати 936 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 1-6

Ба номи Худо

Бо дуруд ба равони поки Паёмбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бо салом ҳузури Шумо шунавандагони гиромӣ, бо барномае дигар аз "Роҳе ба сӯи нур" дар хидмати Шумо ҳастем то бо тафсири осону равони оёте дигар аз каломи илоҳӣ дар Қуръони карим ошно шавем.
Бо поён ёфтани сураи “Аҳқоф” дар барномаи қабл, дар ин барнома тафсири осону равони оёти сураи “Муҳаммад” -ро оғоз мекунем.
Ин сура, ки номи охирин паёмбари илоҳӣ, ҳазрати Муҳаммад (с) бар он ниҳода шуда, дар бораи муқоисаи ду гурӯҳи муъминон ва кофирон аст. Ду гурӯҳе, ки дар тӯли таърих будаанд ва дар оянда низ хоҳанд буд. Равшан аст, ки вазифаи аҳли имон, даъвати дигарон ба сӯи Худо ва паёмбарони илоҳӣ аст, аммо ҳақ надоранд дигаронро ба икроҳу иҷбор ба имон даъват кунанд.
Кофирон, ки бар мадори ботил ҳастанд, ҳамвора мекӯшанд муъминонро аз роҳи Худо боз доранд. Онҳо барои расидан ба мақсуди хеш, чӣ басо ба зӯр ё қудрати низомӣ низ мутавассил шаванд. Дар чунин вазъияте миёни онону аҳли имон даргирӣ ва низоъ эҷод мешавад. Ин сура, дастуроти Худовандро дар сурати бурузи ҷанг миёни куфру имон, ба наҳви равшан баён мекунад.
Ибтидо ба тиловати оёти 1 то 3 аз сураи “Муҳаммад” (с) гӯш фаро мениҳем:

«بِسْمِ اللَّـهِ الرَّحْمَـنِ الرَّحِیمِ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон,

1

«الَّذِینَ کَفَرُوا وَصَدُّوا عَن سَبِیلِ اللَّـهِ أَضَلَّ أَعْمَالَهُمْ»،

«Касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Худо боздоштанд, [Худованд] аъмолашонро табоҳ гардониданд.

 

2

«وَالَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَآمَنُوا بِمَا نُزِّلَ عَلَى مُحَمَّدٍ وَهُوَ الْحَقُّ مِن رَّبِّهِمْ  کَفَّرَ عَنْهُمْ سَیِّئَاتِهِمْ وَأَصْلَحَ بَالَهُمْ»،

Ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад (с) нозил шуда, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон аст, имон овардаанд, [Худованд] бадиҳои ононро пӯшонаду корашонро ба сомон расонад.

3

«ذَلِکَ بِأَنَّ الَّذِینَ کَفَرُوا اتَّبَعُوا الْبَاطِلَ وَأَنَّ الَّذِینَ آمَنُوا اتَّبَعُوا الْحَقَّ مِن رَّبِّهِمْ  کَذَلِکَ یَضْرِبُ اللَّـهُ لِلنَّاسِ أَمْثَالَهُمْ»

Ин ба хотири он аст, ки касоне, ки куфр варзиданд, аз ботил пайравӣ карданду касоне, ки имон оварданд, аз ҳақе, ки аз ҷониби парвардигорашон аст, пайравӣ карданд. Ин гуна Худованд, барои мардум, мисоли ҳолашонро баён мекунад».


Сардамдорони куфру ширк, барои ҳифзу таҳкими мавқеияти худ, ҳамвора мекӯшанд бар ҷамъияти куфру ширк биафзоянд. Онҳо саъй мекунанд бо шеваҳои мухталиф дигаронро ба кеши худ дароваранд ва чӣ басо аз тариқи инфоқ ба ниёзмандону анҷоми корҳои хайру омулманфиъа низ ворид шаванд, аммо дар воқеъ ҳадафашон ҳифзи ҳамкешони худу ҷазби дигарон ба ойини ботили хеш аст.
Албатта онҳо баҳрае аз корҳои худ намебаранду Худованд корҳои неки ононро намепазирад, зеро ҳадафашон номуқаддас аст. Монанди касе, ки сирфан барои касби шӯҳрат ё мавқеъияти иҷтимоии бартар, бемористон месозаду дар ихтиёри афроди бебизоъат қарор медиҳад. Гарчӣ ниёзмандон баҳраманд мешаванд, аммо фарди инфоқкунанда, баҳрае аз кори худ намебарад.
Дар муқобил, касоне, ки ҳақро бишносанд ва ба он имон биёваранд ва ба оварандаи ҳақ, яъне Паёмбари ислом (с) низ имон дошта бошанд, корҳои некашон мавриди пазириши Худованд қарор мегирад. Худо аз рӯи лутфи худ, гуноҳони ин афродро мебахшаду умурашонро ислоҳ мекунад.
Қуръон дар идома, бар ин нуктаи муҳим таъкид меварзад, ки тафовути куфру имон, бар асоси тафовути ҳақ ва ботил аст. Як гурӯҳ талош мекунанд, ки ҳақро бишносанд ва аз он пайравӣ кунанд, аммо гурӯҳи дигар пас аз он ки ҳақро шинохтанд, аз он пайравӣ намекунанд ва чӣ басо ба муқобила бо он низ бармехезанд. Мардуми ҷаҳон, аз ин ду гурӯҳ хориҷ нестанд ё ҳақпазиранд ё ҳақситез.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Душманони Ислом барои муқобила бо он барнома доранд ва дар ин роҳ талош мекунанд. Аммо саъй ва кушиши онҳо дар ниҳоят ба ҷое намерасаду Ислом рӯз ба рӯз рушд мекунад.
2. Имон ба Худо ба танҳоӣ кофӣ нест, балки имон ба охирин Паёмбари Ӯ низ лозим аст то аз тариқи омӯзаҳо ва таъолими ӯ роҳи Худоро бипаймоем.
3. Агар дар ҳадди тавон ва имкон бикӯшем, ки кори нек анҷом диҳем, Худованд хатоҳо ва гуноҳони моро мебахшад ва умури мо ислоҳ мешавад.
4. Имон ба Худо ва Паёмбар (с) ва китоби осмонӣ, кофӣ нест, кори неку амали солеҳ низ лозим аст.
5. Сарнавишти хуб ё бади ҳар инсон, тобеъи афкор ва аъмоли ӯст ва ба ин бастагӣ дорад, ки ӯ дар андеша ва амал, тобеъи ҳақ аст ё ботил.


Акнун ба тиловати оёти 4 то 6 аз сураи “Муҳаммад” гӯш месупорем:

4

«فَإِذَا لَقِیتُمُ الَّذِینَ کَفَرُوا فَضَرْبَ الرِّقَابِ حَتَّى إِذَا أَثْخَنتُمُوهُمْ فَشُدُّوا الْوَثَاقَ فَإِمَّا مَنًّا بَعْدُ وَإِمَّا فِدَاءً حَتَّى تَضَعَ الْحَرْبُ أَوْزَارَهَا  ذَلِکَ وَلَوْ یَشَاءُ اللَّـهُ لَانتَصَرَ مِنْهُمْ وَلَـکِن لِّیَبْلُوَ بَعْضَکُم بِبَعْضٍ  وَالَّذِینَ قُتِلُوا فِی سَبِیلِ اللَّـهِ فَلَن یُضِلَّ أَعْمَالَهُمْ»،

«Пас ҳаргоҳ [дар майдони ҷанг] бо кофирон рӯ ба рӯ шудед, гарданҳояшонро бизанед то он ки ононро аз пой дароваред. [Ва чун дар дасти шумо асир шаванд] пас онҳоро муҳкам бибандед [то фирор накунанд.] сипас ё [бар онон] миннат ниҳед [ва озодашон кунед] ё бо гирифтани фидя раҳояшон кунед, то ҳангоме, ки ҷанг, бори сангини худро бар замин ниҳад. Ин аст [фармони Худо] ва агар Худо мехост [худ бо дигар балоё] аз кофирон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то бархе аз шуморо ба василаи бархе дигар биёзмояду касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, Худованд ҳаргиз аъмолашонро табоҳ намекунад.

5

«سَیَهْدِیهِمْ وَیُصْلِحُ بَالَهُمْ»،

Ва ба зудӣ ононро ба [мақомоти боло] раҳнамун мешавад ва ҳолу корашонро некӯ мекунад.

6

 

«وَیُدْخِلُهُمُ الْجَنَّةَ عَرَّفَهَا لَهُمْ»

Ва ононро дар биҳиште, ки ба онон шиносонда [барои онон васф карда], ворид месозад».


Чунонки дар оёти қабл гуфтем, душманони Ислом аз роҳҳои мухталиф дар садади муқобила бо Ислом ва тазъифи мусулмонон ҳастанд ва яке аз шеваҳои онон, эҷоди ҷанг ва даргирӣ аст. Худованд дар ин оёт ба сароҳат ва қотеият мефармояд: Дар майдони ҷанг бо душманон муҳкам ва қотеъ бошед, бошуҷоат биҷангеду душманро аз пой дароваред.
Аммо ҳар як аз онҳоро, ки таслими шумо шуд, ба қатл нарасонед, балки ӯро ба асорат даровареду баъд аз поёни ҷанг, ё аз рӯи лутф ё дар қиболи дарёфти маблағе ба унвони фидя, озод кунед.
Бархӯрди шумо бо душман бояд ба гунае бошад, ки ӯро оҷиз карда ва ба зону дароварад ва ин шеваи ҷангӣ бояд то вақте, ки бар душман мусаллат шавед, идома ёбад. Бидеҳист дар ин ҷангҳо ва даргириҳо бархе афрод кушта мешаванд. Агар кушташудагон дар роҳи ҳақ бошанд, Худованд ҷони ононро мехарад ва дар охират подош медиҳад ва агар дар роҳи ботил бошанд, ҷони худро бар ҳадар дода ва дар Қиёмат низ кайфар мебинанд.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Бо кофироне, ки сари ҷанг бо мусулмонон надоранд, бояд ба сурати мусолиматомез рафтор кунем. Аммо бо онон ки эъломи ҷанг мекунанд, бояд монанди худашон сахту шадид бархӯрд кунем.
2. Ҳамонтавр, ки дар саҳнаи ҷанг салобату қотеият дар баробари душман лозим аст, афву бахшиши асирони ҷангӣ низ мавриди таъкид аст.
3. Ҷангу ҷиҳод яке аз арсаҳои озмоиши илоҳӣ барои муъминон аст, ки чӣ касе ҷиҳод мекунад ва чӣ касе аз майдони набард мегурезад.
4. Шаҳидон, гарчӣ ба зоҳир кушта шуда ва аз дунё рафтаанд, вале аз он ҷо ки онҳо бо Худо муомила кардаанд, ҳаргиз заҳамоти онҳо табоҳ намешаваду Худованд аҳдофи онҳоро ба самар мерасонад. Аз ин рӯ,  шаҳидон пирӯзмандони воқеии майдони набард ҳастанд.


Бо поён ёфтани ин барнома, Шумо азизонро ба Худои бузург месупорем ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем. Худо нигаҳдор.