Июн 26, 2021 12:19 Asia/Dushanbe

Қисмати 938 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 15-17

Ба номи Худо

Бо дуруд бар равони поки Паёмбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бо салом ҳузури Шумо шунавандагони гиромӣ, бо барномае дигар аз "Роҳе ба сӯи нур" дар хидмати Шумо ҳастем то бо тафсири осону равони оёте дигар аз каломи илоҳӣ дар Қуръони карим ошно шавем.
Ибтидо ба тиловати ояи 15 аз сураи “Муҳаммад” (с) гӯш фаро мениҳем:

 

15

«مَّثَلُ الْجَنَّةِ الَّتِی وُعِدَ الْمُتَّقُونَ فِیهَا أَنْهَارٌ مِّن مَّاءٍ غَیْرِ آسِنٍ وَأَنْهَارٌ مِّن لَّبَنٍ لَّمْ یَتَغَیَّرْ طَعْمُهُ وَأَنْهَارٌ مِّنْ خَمْرٍ لَّذَّةٍ لِّلشَّارِبِینَ وَأَنْهَارٌ مِّنْ عَسَلٍ مُّصَفًّى  وَلَهُمْ فِیهَا مِن کُلِّ الثَّمَرَاتِ وَمَغْفِرَةٌ مِّن رَّبِّهِمْ  کَمَنْ هُوَ خَالِدٌ فِی النَّارِ وَسُقُوا مَاءً حَمِیمًا فَقَطَّعَ أَمْعَاءَهُمْ»


Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Васфи Биҳиште, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда, чунин аст: Дар он наҳрҳое аст аз об, ки [рангу бӯ ва таъмаш] барнамегардаду наҳрҳое аз шир, ки мазааш дигаргун нашавад ва наҳрҳое аз шароб, ки барои нӯшандагон лаззатбахш аст ва наҳрҳое аз асали покиза ва дар он ҷо аз ҳар гуна мевае барои онон [фароҳам]аст ва [аз ҳама болотар] омурзише аз сӯи Парвардигорашон. [Оё инон] ҳамонанди касоне ҳастанд, ки дар оташи Дузах ҷовидонаанду оби ҷӯшон нӯшонида мешаванд, ки дарунашонро муталошӣ мекунад?»


Дар оёти қабл, сухан аз муқоисаи оқибати аҳли имону кофирон буд. Ин оя дар идома, ба ҷойгоҳи онон дар Биҳишт ва Дузах ишора карда ва бархе вижагиҳои ин ду маконро баён мекунад.
Аз вижагиҳои ҷисмонии башар дар дунё, ки дар охират низ вуҷуд дорад, ташна шудан аст, ки барои рафъи он ниёзманди оби солим аст. Ин оя мефармояд: Худованд барои рафъи ин ниёз анвоъи нӯшиданиҳои гуворо ва лазизро дар Биҳишт фароҳам сохтааст, аз об то ширу шаробу шарбати асал. Аммо дузахиён ҷуз обе сӯзон насиб надоранд, бо он ки онҳо дар миёни оташанд ва ниёзашон ба оби хунук бештар аст.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Зинатҳо ва лаззатҳои дунявӣ шуморо ба сӯи гуноҳ накашонад, ки Худованд олитарин комёбиҳо ва лаззатҳоро дар охират барои биҳиштиён фароҳам сохтааст.
2. Касоне, ки парвопеша ҳастанд ва аз комёбиҳои номашруъ ва зудгузар парҳез мекунанд, ба комёбӣ ва лаззати доимӣ мерасанд.
3. Раҳмату мағфирати хоси илоҳӣ дар канори неъматҳои моддӣ ва ҷисмонӣ, рӯҳу равони биҳиштиёнро ба оромиш мерасонад.
4. Биҳиштиён дар канори анвоъи нӯшиданиҳо бо анвоъи хӯрданиҳо ва меваҳо низ пазироӣ мешаванд.
5. Неъматҳои биҳиштӣ аз офату нуқсу заволпазирӣ масунанд.

Акнун ба тиловати ояи 16 аз сураи “Муҳаммад” (с) гӯши ҷон месупорем:

 

16

 

«وَمِنْهُم مَّن یَسْتَمِعُ إِلَیْکَ حَتَّى إِذَا خَرَجُوا مِنْ عِندِکَ قَالُوا لِلَّذِینَ أُوتُوا الْعِلْمَ مَاذَا قَالَ آنِفًا  أُولَئِکَ الَّذِینَ طَبَعَ اللَّهُ عَلَى قُلُوبِهِمْ وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُمْ»
 

Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Ва гурӯҳе аз онон, [дар зоҳир] ба [суханони] ту гӯш месупоранд, аммо ҳангоме, ки аз назди ту берун мераванд, [аз руи тамасхур] ба донишёфтагон мегӯянд: Ӯ ҳамакнун чӣ гуфт? Онон касоне ҳастанд, ки Худованд бар дилҳояшон муҳр ниҳода ва онон аз ҳавои нафсашон пайравӣ кардаанд».
Ин оя ба гурӯҳе аз афроди сустимону бемордил ишора дорад, ки дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ мекарданд, аммо суханони Паёмбар ва ваҳйи илоҳиро бовар надоштанд. Онҳо каломи Худоро аз забони Паёмбар мешуниданд, аммо мегуфтанд: Чизе аз он намефаҳмем ва дарк намекунем ва ҳангоме, ки ба муъминони огоҳу басир мерасиданд, аз рӯи тамасхур мегуфтанд: Оё шумо суханони Паёмбарро дарк кардед? Мо ки чизе нафаҳмидем!
Ин оя дар посух ба рафтори нодурусти ин гурӯҳ мефармояд: Суханони Паёмбар равшан ва гӯё аст. Аммо чун шумо ба дунболи хостаҳои нафсонии худ ҳастед ва дар паи пайравӣ аз ҳақ нестед, аз дарку шинохти ҳақиқат оҷиз мондаед. Ба иборати дигар, мушкил аз ҷониби Паёмбар нест, балки аз худи шумост, ки ҳақро намепазиред.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Ҳавопарастӣ ва пайравӣ аз хостаҳои номашрӯи нафсонӣ, қудрати ташхиси ҳақ аз ботилро аз инсон мегирад ва ӯро аз дарки ҳақиқат бозмедорад.
2. Муроқиби бемордилони ҷомеа бошем, ки дар садади шубҳа дар ҳаққонияти ваҳй ва суханони Паёмбар ва тазъифи имони мардум ҳастанд.
3. Хондану шунидани каломи Худо кофӣ нест, балки фаҳму дарки таъолиму дастуроти он ва амал ба онҳо муҳим аст. Чӣ басо касоне суханони гӯё ва равшани Паёмбарро мешуниданд, аммо чун ба дунболи хоҳишҳои нафсонии худ буданд, ҳозир нашуданд ҳақро бипазиранд.

Акнун ба тиловати ояи 17 аз сураи “Муҳаммад” (с) гӯш месупорем:

 

17

«وَالَّذِینَ اهْتَدَوْا زَادَهُمْ هُدًى وَآتَاهُمْ تَقْوَاهُمْ»


Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Ва касоне, ки ҳидоят ёфтаанд, [Худованд] ҳидояташонро меафзояду парҳезгорӣ ва тақвояшонро ба онҳо ато мекунад».


Дар баробари бимордилоне, ки ҳидояти Паёмбарро напазируфта ва дар ҳаққонияти он шубҳа мекунанд, Қуръон дар ин оя ваъда дода аст, ки ҳар касе ҳидояти аввалияи паёмбаронро бипазирад, Худованд ду неъмати гаронбаҳо ба ӯ арзонӣ мекунад: Яке ҳидоят дар масири пурпечухами зиндагӣ ва дигаре саломату таҳорати руҳӣ.
Табиӣ аст, ки инсон ҳамвора дар маърази хато ва лағзиш аст ва ташхиси роҳи дуруст дар умури гуногуне назири мавзуоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, хонаводагӣ ва ғайра кори осоне нест. Инсон дар тамоми даврони зиндагии худ ниёзманди ҳидояти илоҳӣ аст, лизо Худованд ваъда додааст, агар инсон ҳидояти аввалияи илоҳиро бипазирад, ӯро дар ташхиси роҳи дурусти зиндагӣ ёрӣ кунад.
Албатта дар канори ин ҳидоят, таҳорату покии дарун низ лозим аст то инсон ба хотири кина, ҳасад, бухл ё соири сифоти зишти ахлоқӣ, таҳти таъсири эҳсосоти нодуруст қарор нагирифта ва аз масири ҳақ мунҳариф нашавад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Пазириши ҳидояти аввалия, заминасози афзоиши ҳидоят аз тарафи Худованд аст.
2. Ҳидоятпазирӣ, зарфияти вуҷудии инсонро рушд ва тавсеа медиҳад.
3. Расидан ба таҳорати қалбӣ ва ирфони воқеӣ, танҳо аз масири ҳидояти илоҳӣ ҳосил мешавад, на аз роҳи макотиби башарие чун будизм ва ҳиндуизм ва амсоли он.


Бо поён ёфтани ин барнома, Шумо азизонро ба Худои бузург месупорем ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем. Худо нигаҳдор.