Июл 10, 2021 12:35 Asia/Dushanbe

Қисмати 940 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 21-24

                                                                  Ба номи Худо

(21)


«طَاعَةٌ وَقَوْلٌ مَّعْرُوفٌ  فَإِذَا عَزَمَ الْأَمْرُ فَلَوْ صَدَقُوا اللَّهَ لَکَانَ خَیْرًا لَّهُمْ‏»


«Фармонбардор аст ва сухани некӯ гуфтан. Ва чун тасмим ба ҷанг гирифта шуд, агар бо Худо садоқат варзанд, барояшон беҳтар аст.»


Дар барномаи қабл, ба афроди сустимону мунофиқ ишора шуд, ки ба забон, дархости фармони ҷиҳод мекарданд, аммо ҳангоме, ки ин фармон аз ҷониби Худованд нозил шуд, бо баҳонаҳои мухталиф аз он фирор мекарданд.
Ин ояи хитоб ба онҳо мефармояд: Иқтизои имон он аст, ки аз фармони Худо ва Расулаш(с) итоат кунед ва аз гуфтани суханони насанҷида ва баҳонаҳои нобаҷо дурӣ кунед, зеро суханони шумо муҷиби тазъифи рӯҳияи муъминон мешаваду ононро аз ҳузур дар майдони ҷиҳоду муқобила бо душманони саркашу ситезаҷӯ боз медорад. Идомаи оя мефармояд: Агар ин гурӯҳи суст имон, дар иддаои имон содиқ бошанд, бояд дар ҷиҳод бо душманон ширкат кунанд, чаро ки муҷиби иззати онон дар дунё ва подоши илоҳӣ дар охират мешавад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Лозимаи имон, гуфтори некӯ ва шоиста ва амали мутобиқ бо фаромини Худованд аст, на онкӣ ҳарчӣ бихоҳем бигӯем ва ҳар гуна, ки диламон хост, амал кунем.
2. Ҷиҳод бо душманон, яке аз дастӯроти Худованд аст. Бояд дар анҷоми он содиқ буд ва аз баҳонаҷуӣ дурӣ ҷуст, зеро ин ба нафъи инсон аст.

(22)

«فَهَلْ عَسَیْتُمْ إِن تَوَلَّیْتُمْ أَن تُفْسِدُوا فِی الْأَرْضِ وَتُقَطِّعُوا أَرْحَامَکُمْ»

«(Эй, касоне, ки аз Ислом рӯй гардонидед ва ё касоне, ки аз ҷиҳод саркашӣ кардед) Оё агар ба ҳукумат расидед, мехоҳед  дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред, (мисле, ки пешиниёнатон карданд)?»

(23)

«أُولَئِکَ الَّذِینَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فَأَصَمَّهُمْ وَأَعْمَى أَبْصَارَهُمْ‏»

«Инҳоянд (қатъкунандагони пайванди хешутаборӣ), ки Худо лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро (аз шунидани ҳақ) кару чашмонашонро (аз дидани роҳи ҳидоят) кӯр сохтааст.»


Аз ин оёт меомӯзем:
1. Аз нигоҳи Қуръон, тарки ҷиҳод, заминаи густариши фасоду хунрезии золимонаро фароҳам мекунад.
2. Рӯй гардондан аз таъолими илоҳӣ, мӯҷиби тазъифи пайвандҳои хонаводагӣ ва хешовандӣ мешавад.
3. Касоне ки дар ҷомеъа фасодангезӣ мекунанд ва дар низоми хонаводагӣ ихлол падид меоваранд, на танҳо аз раҳмати Худованд давр ҳастанд, балки мавриди лаъни илоҳӣ низ қарор доранд.
4. Доштани гӯшу чашм ба танҳои кофӣ нест, балки муҳимтар баҳрагирии дуруст аз гӯш ва чашм аст. Чӣ басо афроде, ки гӯш доранд, вале ҳақшунав нестанд ё афроде, ки чашм доранд, вале ҳақиқатбин нестанд.


(24)

«أَفَلَا یَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ أَمْ عَلَى قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا‏‏»

 

«Оё дар Қуръон намеандешанд ё бар дилҳояшон қуфлҳост?»

Дар идомаи оёти қабл, ки вижагиҳои афроди суст имонро баён мекард, ин оя мефармояд: Решаи ҳамаи мушкилоти ин афрод онаст, ки ё дар фаҳми оёти Қуръон таддабур ва тааммул намекунанд ва ё ба хотири ҳавопарастӣ, ончиро мефаҳманд, намепазиранд ва бо он муқобила мекунанд.
Гарчӣ ин оя дар бораи афроди суст имон аст, аммо ояи 29 сӯраи Сод, таддабур дар оёти Қуръонро вазифаи ҳамаи муъминон дониста ва мефармояд: «کِتابٌ أَنْزَلْناهُ إِلَیْکَ مُبارَکٌ لِیَدَّبَّرُوا آیاتِهِ»- ин китобе муборак аст, ки бар ту нозил кардаем то дар оёти он таддабур кунанд.
Бар ҳамин асос аст, ки дар қиёмат Расули Худо(с) аз маҳҷӯряти Қуръон шикоят мекунад, шикояте, ки ҳамаи уммати исломиро дар бар мегираду нишонаи кам таваҷҷӯҳии мусулмонон ба ин китоби бузурги осмонӣ аст. Ин камтаваҷҷӯҳӣ чандгуна аст: Гурӯҳеи Қуръонро тиловат намекунанд/ гурӯҳи дигар дар канори тиловати Қуръон, дар маъонии он тадаббур намекунанд/ ва гуруҳе ҳам пас аз тиловату тадаббур дар ин китоб, дар амал ба омӯзаҳои он кӯтоҳӣ менамоянд.
Бар ин асос, фаҳму дарки дурусти маорифи қуръонӣ, бояд мабнои амалу рафтори уммати исломӣ бошад то раҳмати илоҳӣ дар ҷомеъа густариш ёбаду мӯҷиби гушоиш дар умӯр шавад. Дар ғайри ин сӯрат, ибтидои дилҳои мардум қуфл мехӯрд ва сипас ҷомеъа дучори муъзалоту мушкилоти мутааддид мешавад, ки мӯҷиби баста шудани роҳи наҷот ва саодат мегардад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Қуръон, танҳо барои тиловат нест, китоби андеша ва тадаббур аст ва тиловати он, бояд муқаддамаи тадаббур дар оёти он шавад. Лизо касоне, ки дар Қуръон тадаббур намекунанд, мавриди тавбихи Худованд қарор мегиранд.
2. Ҳамаи мусулмонон муваззаф ба тадаббур дар Қуръон ва фаҳму дарки оёти он ҳастанд ва ин кор ихтисос ба гурӯҳи хоссе надорад.
3. Тарки тадаббур дар Қуръон, сабаби қуфл шудани дилу қалб ва рӯҳи инсон мешавад, чунон ки дилҳои қуфл шуда низ, аз тадаббур дар Қуръон маҳрӯманд ва аз он баҳрае намебаранд.