Июл 31, 2021 12:50 Asia/Dushanbe

Қисмати 943 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 33-35

                                                                       Ба номи Худо

(33)


«یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا أَطِیعُوا اللَّهَ وَأَطِیعُوا الرَّسُولَ وَلَا تُبْطِلُوا أَعْمَالَکُمْ‏‏»



«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо ва Паёмбар (с) итоъат кунед ва аъмоли хешро (бо муртад шудан) ботил масозед.»


Дар барномаи қабл рӯи сухан бо мунофиқону кофирон буд. Ин ояи хитоб ба муъминон мефармояд: Эй аҳли имон! муроқиб бошед, ки монанди мунофиқон аз дастуроти Худо ва Паёмбар(с) нофармонӣ накунед. Онҳо бо забон, худро таслими дастуроти илоҳӣ нишон медоданд, аммо дар амал, ё мухолифат мекарданд ва ё вазифаи худро анҷом намедоданд.
Шумо, ки худро муъмини воқеъӣ ва таслими маҳзи Худо ва Расулаш медонед, бояд дар амал нишон диҳед, ки мутеъи фармони Парвардигор ҳастед, на онки ончиро мутобиқи майл ва хостаи шумост, амал кунеду ончиро кароҳат доред, раҳо кунед.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Лозимаи имон, таслим будан дар баробари дастуроти Худо ва Расул аст, зеро имон бидуни иҷрои амалии фармонҳои Худо ва Расул, имони ҳақиқӣ нест.
2. Дар канори Қуръон, сира ва суннати расули Худо низ ҳуҷҷат аст. Лизо барои шинохти дин бояд ба ҳар дуи онҳо таваҷҷуҳ кард.
3. Анҷоми корҳои нек ба танҳоӣ кофӣ нест, балки ҳифзи амал аз офоте чун ширку риё ва ё ғурур низ лозим аст.


(34)


«إِنَّ الَّذِینَ کَفَرُوا وَصَدُّوا عَن سَبِیلِ اللَّهِ ثُمَّ مَاتُوا وَهُمْ کُفَّارٌ فَلَن یَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ»



«Албатта, Худо касонеро, ки куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва дар куфр мурданд, ҳаргиз нахоҳад омурзид.»


Бар асоси оёти Қуръон, Худованд омурзанда аст ва бисёре аз гуноҳону гунаҳкоронро меомурзад. Дар айни ҳол, иддае аз афрод бар куфру ширк исрор варзида, асбоби гуноҳу инҳирофи дигаронро низ фароҳам месозанд ва то поёни умр бар ин равиши ботил пойдор мемонанд. Чунин афроде, заминае барои дарёфти раҳмати Худованд боқӣ намегузоранду машмули омурзиши илоҳӣ намешаванд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Худованд, роҳи тавба ва бозгаштро барои ҳамаи бандагони худ боз гузорда аст. Аммо касоне, ки бар куфру ширку мухолифат бо роҳи Худо пофишорӣ кунанд ва бо ин ҳолат аз дунё бираванд, машмули раҳмату мағфирати илоҳӣ намешаванд.
2. Нуктаи хеле муҳим дар мавриди оқибати кори инсон ин аст, ки ӯ ҳангоми марг, муъмин аз дунё меравад ё кофир.
3. Куфре, ки аз рӯи иноду лаҷоҷат бо ҳақ бошад, хатарнок аст ва инсонро аз дарёфти раҳмати илоҳӣ маҳрум месозад.


(35)


«فَلَا تَهِنُوا وَتَدْعُوا إِلَى السَّلْمِ وَأَنتُمُ الْأَعْلَوْنَ وَاللَّهُ مَعَکُمْ وَلَن یَتِرَکُمْ أَعْمَالَکُمْ‏»



«Сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо бартар ҳастед ва Худо бо шумост ва аз подошҳоятон (савоби амалҳоятон) ҳаргиз, кам нахоҳад кард.»


Дар идомаи оёти қабл, ин оя хитоб ба аҳли имон мефармояд: Муроқиб бошед, ки сухани афроди сустимон дар шумо асар накунад то дар натиҷа ба ҷои истиқомату пойдорӣ дар баробари душманон, ба дунболи созиш бо онҳо бошед.
Сулҳу созиш ҳангоме пазируфтанӣ аст, ки душман даст аз душманӣ бардорад ва ҳозир бошад ҳуқуқи шуморо муҳтарам шумурда ва зиндагии мусолиматомез бо шумо дошта бошад. Аммо душмане, ки ҳар рӯз ба дунболи тавтеъа аст ва дар садади нобудии дини Худост, сулҳу созиш бо ӯ нишонаи сустӣ дар дину роҳатталабӣ дар дунёст.
Худованд, иззату азимати аҳли имонро хоста аст ва агар муъминон пойдорӣ ва истиқомат варзанд, Худо ононро бар душманон бартарӣ медиҳад. Аммо касоне, ки ба далели тарс ё сустӣ ва роҳатталабӣ ба дунболи созиш бо душманони қасамхурда ҳастанд, ин кор, фақат зиллату хориро барои онҳо ба армағон меоварад.
Равшан аст, ки ҳаргуна муқовимат дар баробари душман, ҳазина дорад, аммо таҷруба собит карда, ки дар тулонимуддат, ҳазинаи созиш бо душман, беш аз ҳазинаи муқовимат дар баробари он аст. Афзун бар онки ҳар кас ба дунболи иззату бартарии аҳли имон бошад, агар хисорату зиёне дар ин роҳ ба ӯ бирасад, Худованд ба наҳви шоистае ҷуброн мекунаду чизе аз подоши ӯ кам намегузорад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Аҳли имон аз камии нафароту имконоти худ ва касрати нафароту таҷҳизоти душман дучори тарс ва ду дилӣ нашаванд, чаро ки Худованд бо аҳли имон аст ва касе, ки Худо бо ӯст, саранҷом пирӯз мешавад.
2. Имон, бо сустӣ ва танбалӣ ва роҳатталабӣ созгор нест.
3. Дар майдони мубориза бо душман, аҳли имон пешниҳоди сулҳ ва созиш намедиҳанд, зеро нишонаи заъфу сустӣ ва тарси онҳост, ки албатта амре нописанд аст, аммо агар душман тақозоӣ сулҳ карду маслиҳат буд, пазируфта мешавад.
4. Худованд барои аҳли имон, иззату азиматро хоста аст ва бо ҳидояти худ, касонеро дар роҳи дини ӯ устувор мемонанд, нусрат ва ёрӣ мекунад.