Қисмати 740 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 12-13
Қисмати 740 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 12-13
12
وَلَقَدْ آتَیْنَا لُقْمَانَ الْحِکْمَةَ أَنِ اشْکُرْ لِلَّـهِ وَمَن یَشْکُرْ فَإِنَّمَا یَشْکُرُ لِنَفْسِهِ وَمَن کَفَرَ فَإِنَّ اللَّـهَ غَنِیٌّ حَمِیدٌ
Ва ба ростӣ мо ба Луқмон ҳикмат атто кардем, ки шукри Худоро ба ҷой овар ва ҳар кас, ки шукр кунад, ба суди хеш сипосгузорӣ мекунад ва ҳар, ки носипосӣ кунад, “Худо зиён намебинад, зеро” Худо бениёз ва сутуда “Ситоиш шуда” аст.
Ин оят ва чанд ояти баъд аз он дар бораи Луқмон ва насойиҳи “Пандҳои” ӯ ба фарзандаш сухан мегуяд, барасоси ончӣ аз ояҳои Қуръон ва ривоятҳо ба даст меояд, Луқмон паёмбар набуда, аммо фарди вораста “Раҳо шуда, ҳурият ёфта, озода” ва фарзона “Оқил, ҳаким” буда, ки Худованд ба ӯ ҳикмат омӯхтааст, ҳикмат, биниш ва басирате аст, ки дар сойяи маърифати илоҳӣ падид меояд ва осораш дар гуфтор ва рафтори инсон зоҳир мешавад, ҳифзи забон, кунтрули шикам ва шаҳват, амонатдорӣ, тавозеъ ва дурӣ ҷустан аз корҳои лағв ва беҳуда, аз ҷумла умуре ҳастанд, ки заминаи пайдоиши ҳикматро дар инсон фароҳам мекунанд, албатта расидан ба мақоми ҳикмат, ихтисосе ба Луқмон надорад ва барасоси ривоятҳо, ҳар муъмине, ки дар рафтор ва гуфотри хеш содиқ ва холис бошад, Худованд чунин неъмати бузӯргро ба ӯ атто мекунад.
Бо ин, ки андарзҳои Луқмон, матолибе аст, ки Худованд метавонист мустақиман худ дар Қуръон баён кунад, аммо ин андарзҳоро аз забони Луқмон ба фарзандаш баён медорад то ҳам маънои воқеии ҳикмат барои мо равшан шавад, ҳам вазифаи ҳакимон дар иршод ва мавъизаи дигарон.
Сафоришҳои Луқмон ба фарзандаш, дар ду амр хулоса мешавад: Яке санҷида сухан гуфтан ва санҷида рафтор кардан дар равобити хонаводагӣ ва иҷтимоӣ ва дигаре анҷоми дастуроти Худованд дар зиндагӣ, ин маънои ҳикмат аст ва ҳикими воқеӣ касе аст, ки дорои ин ду вижагӣ бошад ва мардумро низ ба онҳо даъват кунад.
Табии аст расидан ба чунин марҳалае ва дарёфти чунин неъмати бузӯрге, шукр ва сиёси бекарон мехоҳад, сипоси воқеӣ, ба маънои ба кор бурдани ҳар неъмат дар ҷойи худ аст, ки судаш дубора ба инсон боз мегардад ва мӯҷиби рушд ва таолии ӯ мешавад, чунон,ки истифодаи нобаҷо аз неъмат, куфрони он аст, ҳатто агар инсон ба забон Худоро сипос гуяд, зеро шукри забонӣ бо вуҷуди куфрони амалӣ суде надорад, балки мӯҷиби зиён аст ва зиёнаш ба худи инсон мерасад на Худованд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Инсонҳои одӣ низ дар сурати ворастагӣ, дурусткорӣ ва покӣ, машмули лутф ва раҳмати илоҳӣ шуда ва ба ҳикмат мерасанд, гарчӣ аз мадориҷи болои илмӣ бархурдор набошанд.
2 – Суд ва зиёни аъмоли инсон ба худаш боз мегардад, ҳамчунин шукри неъматҳои Худованд ё куфрони онҳо, осораш ба худи инсон боз мегардад, на ба Худо.
13
وَإِذْ قَالَ لُقْمَانُ لِابْنِهِ وَهُوَ یَعِظُهُ یَا بُنَیَّ لَا تُشْرِکْ بِاللَّـهِ إِنَّ الشِّرْکَ لَظُلْمٌ عَظِیمٌ
Ва “Ёд кун” он ҳангом, ки Луқмон ба писараш, дар ҳоле, ки ӯро андарз медод, гуфт: Эй писарам! Чизеро ҳамтои Худо қарор мадеҳ, ки ба ростӣ, ширк ситами бузӯрг аст.
Нахустин тавсия ва мавъизаи Луқмон ба фарзандаш, дурӣ аз ширк аст, чӣ ширк дар ақида ва чӣ ширк дар амал, бутпарастӣ, парастиши хуршед ва моҳ ва ситорагон ва ҳатто ҳайвонҳо, дар тули таърих ва дар миёни қавмҳои мухталиф ривоҷ доштааст, бисёре аз мардум аз рӯйи ҷаҳл ва ноогоҳӣ тасаввур мекунанд ин ашёи беҷон, ё бархе ҷондорон, дар зиндагӣ ва сарнавишти онҳо таъсиргузоранд, лизо барои онҳо навъе рабубият дар тадбири умури ҷаҳон ва инсон қоиланд ва ба ибодат ва парастиши онҳо рӯй меоваранд.
Бисёре аз муъминон низ, ки ба яктоии Худо эътиқод доранд, беон, ки дар баробари ғайри Худо сар ба саҷда бигзоранд, дар амал мушриканд, онҳо бандаи сарват ва қудрат ҳастанд ва барои расидан ба ин таманниёти худ ҳозиранд ҳар ҷурм ва хилоферо муртакиб шаванд.
Луқмони Ҳаким, ки офот ва осебҳои ширкро медонад, пеш аз он, ки мавоизи ахлоқии худро оғоз кунад, фарзандашро аз ҳар гуна ширк ба Худо барҳазар медорад ва онро ситами бисёр бузӯрг мешумурад, ситаме, ки ибтидо ба худи инсон осеб ворид мекунад, сипас ба расулони илоҳӣ ва дини Худо.
Ҷолиб аст, ки оят ба шакли ғайри мустақим, вазифаи волидайнро дар тарбияти фарзандон ва омузиши ақоиди дурӯст ба онон баён мекунад, албатта шеваи баён низ муҳим аст, шеваи мавъиза бисёр таъсиргузортар аз лаҳни омирона ва таҳакумомез аст ва беҳтар мавриди пазириши фарзанд қарор гирад, ба вижа бо баҳрагирӣ аз вожагони отифӣ, ҳамчун фарзандам, писарам ё писари азизам!
Аз ин оят меомӯзем,ки:
1 – Ҳамаи инсонҳо ба мавъиза ниёз доранд, барасоси ояҳо ва ривоятҳо, гоҳе имом Али (а) ба ёронаш мефармуд: Маро мавъиза кунед зеро дар шунидан асаре аст, ки дар донистан нест.
2 – Шеваҳои тарбияти фарзандро аз бузӯргон ва ҳакимон биёмӯзем то дар ин роҳ камтар дучори хатоҳо шавем.
3 – Муроқиб бошем аз фарзандонамон ғофил нашавем, фарзанд ба мавъиза ва насиҳати волидайн ниёз дорад, яке аз беҳтарин роҳҳои тарбияти фарзанд, шахсият додан ба ӯ, бархурди муҳаббатомез ва гуфтугӯйи самимона бо ӯст.