Қисмати 741 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 14-16
Қисмати 741 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 14-16
14
وَوَصَّیْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَیْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَى وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِی عَامَیْنِ أَنِ اشْکُرْ لِی وَلِوَالِدَیْکَ إِلَیَّ الْمَصِیرُ
Ва мо ба инсон дар бораи падар ва модараш супориш кардем, модараш ӯро ҳамл кард, дар ҳоле, ки ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва “Даврони шир додан ва” аз шир гирифтанаш дар ду сол аст, “Ба ӯ супориш кардем, ки” барои Ман ва падар ва модарат сипосгузорӣ кун, ки бозгашти “Ҳама” ба сӯйи Ман аст.
Дар ояҳои қабл андарзҳои Луқмон ба фарзандашро оғоз кардем, ин оят ва ояти баъд “Яъне оятҳои 14 ва 15 сураи Луқмон” ҳамонанди ҷумлаи муътаризае " Ҷумлае бо маънои дуо ,нафрин, оррзу ва панду насиҳат" аст, ки Худованд дар миёни насойиҳи Луқмон овардааст, аз онҷо, ки Луқмон, фарзандашро падарона насиҳат мекард ва ӯро аз ширк боз медошт, дар ду оят Худованд ибтидо фарзандонро ба арзиши волидайн таваҷҷӯҳ медиҳад ва сипас ба нақши волидайн дар тарбияти динии фарзандон.
Ин оят мефармояд: Падар ва модар ҳар ду мавриди супориши Худо ҳастанд, зеро Худованд, фарзандонро аз тариқи онҳо меофаринад ва ҳар ду дар иниқоди нутфаи фарзанд нақш доранд, албатта пас аз иниқоди нутфа, нуҳ моҳ даврони бордорӣ ва ду сол даврони ширхорӣ, ба уҳдаи модар аст, ки навзодро аз шираи ҷони худ тағзия ва ӯро бо ишқ ва муҳаббати модарӣ бузӯрг мекунад, лизо дар идомаи оят Худованд ба ин ранҷ ва заҳмати модар, фишори зиёде ба ҷисм ва ҷони ӯ ворид мекунад ва мӯҷиби заъф ва сустии ӯ мешавад, ишора карда ва ба фарзанд тавсия мекунад, ки ба модари худ таваҷҷӯҳи бештаре дошта бошад, дар ҳол, илова бар он, ки бояд шукургузори неъматҳои Худованд бошем, лозим аст сипосгузори вуҷуди падар ва модар ва заҳаматҳои онҳо низ бошем,
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Эҳтиром ба волидайн ҳақе аст инсонӣ, лизо фарзанд бояд ба волидайни кофираш низ эҳсон намояд ва ҳақ надорад ба онҳо беэҳтироми кунад.
2 – Дар фарҳанги исломӣ, модар аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст, зеро заҳмати бештареро барои фарзанд мутаҳаммил мешавад ва нақши афзунтаре дар ҳаёт ва бақои ӯ дорад.
3 – Дар ҳамаи ҳол, ҳаққи Худованд бар ҳаққи волидайн муқаддам аст ва таваҷҷӯҳ ва эҳсон ба волидайн набояд моро аз Худо, ки Холиқи ҳамаи мост, ғофил кунад.
15
وَإِن جَاهَدَاکَ عَلَى أَن تُشْرِکَ بِی مَا لَیْسَ لَکَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا وَصَاحِبْهُمَا فِی الدُّنْیَا مَعْرُوفًا وَاتَّبِعْ سَبِیلَ مَنْ أَنَابَ إِلَیَّ ثُمَّ إِلَیَّ مَرْجِعُکُمْ فَأُنَبِّئُکُم بِمَا کُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Ва агар он ду “Падар ва модар” талош карданд чизеро, ки бадон илм надорӣ, шарики мансозӣ, аз онон фармон мабар, вале дар дунё бо онон ба некӣ рафтор кун ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба сӯйи ман боз мегардад “Саранҷом” бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи ман аст, пас ман шуморо аз ончӣ мекардед, огоҳ хоҳам сохт.
Дар идомаи ояти пешин, ин оят ба фарзандон ҳушдор медиҳад, ки тавсия ба ҳусни робита бо падар ва модар, набояд истиқлоли фикриро аз онон салб кунад ва боис шавад фарзандон ҳар чиро падарон ва модаронашон мегуянд, бечун ва чаро пазируфта ва мутеъ “Фармонбардор” маҳзи одоб ва русуми ниёгон шаванд, чӣ басо падарон ва модароне, ки афкор ва ақоиди онҳо нодуруст ва инҳирофӣ аст ва талош мекунанд фарзандашон низ ҳамон ақоидро бипазиранд, аммо Худованд, ки офаринандаи инсон аст, иҷоза намедиҳад фарзанд ба хотири равобити отифии хонаводагӣ, ақоиди нодурӯсти волидайнро бипазирад, гарчӣ онҳо нороҳат шаванд ва фарзандро аз хонавода тард “рондан, дур кардан” кунанд.
Оят дар идома мефармояд: Бо ин ҳол агар падар ва модар кофир ё мушрик буданд, бояд ҳамвора бо онҳо ба шеваи писандида рафтор кард, фарзанд дар ҳеҷ шароит ва мавқеияте ҳақ надорад, бо волидайни худ қатъи робита кунад, балки то вақте онҳо, ки зиндаанд, бояд бо онон муоширати неку дошта бошад ва аз ҳаргуна беэҳтиромӣ ё тундрафторӣ нисбат ба онҳо бипарҳезад.
Ҳисоби чунин волидайнро бояд ба Худо вогузор кард, ки Ӯ ба ҳамаи умур огоҳ аст ва лозим аст фарзанд, аз ҳаргуна иқдоме алайҳи онон иҷтиноб кунад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Итоат аз волидайн, машрут аст, на мутлақ! Хости онҳо то вақте эътибор ва арзиш дорад, ки дар баробари хости Худо набошад.
2 – Пирӯзӣ аз одоб ва русуми ниёгон таҳти унвони фарҳанги милли ё ановини дигар, дар сурате арзиш дорад, ки бо ақл ва шаръ дар таорӯз набошад, вагарна тақлиди куркурона ва бе мантиқ аз гузаштагон аст.
3 – Аз назари Ислом, ҳамзистии мусоламатомез бо ғайри мусалмонон, дар сурате муҷоз аст, ки барасари ин ҳамзистӣ ва муошират, мусалмонон таҳти таъсири ақоид ва арзишҳои онҳо қарор нагирифта ва аз фарҳанги онон табаият “Вайравӣ” накунанд.
16
یَا بُنَیَّ إِنَّهَا إِن تَکُ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِّنْ خَرْدَلٍ فَتَکُن فِی صَخْرَةٍ أَوْ فِی السَّمَاوَاتِ أَوْ فِی الْأَرْضِ یَأْتِ بِهَا اللَّـهُ إِنَّ اللَّـهَ لَطِیفٌ خَبِیرٌ
Эй писарам! Агар “Амали ту” ҳамсангдонаи хардале бошад ва дар дил тахтасанге ё дар осмонҳо ё замин “Наҳуфта” бошад, Худованд онро “Дар Қиёмат барои ҳисоб” меоварад, чаро, ки Худованд дақиқ ва огоҳ аст.
Маъмулан инсон ҳангоми муҳосибаи корҳои хуб ё бади худ, фақат корҳои бузӯргро мебинад ва аз корҳои куҷаки худ ғафлат меварзад, дар ҳоле, ки такрор ва тадовуми ҳамин корҳои кучак, заминаи корҳои бузӯргро фароҳам месозад, ба ҳамн ҷиҳат таъсири корҳои кучак дар сарнавишти инсон камтар аз корҳои бузӯрг нест.
Ин оят бори дигар ба андарзҳои Луқмон ба фарзандаш боз мегардад ва аз забони Луқмон, ба диққати Худованд дар расидагӣ ба аъмоли бандагон ишора мекунад, Луқмон мегуяд: Фарзандам! Кори ту кучак бошад ё бузӯрг, ошкор бошад ё пинҳон, барои Худо фарқе намекунад ҳатто кучактарин корҳо дар махфитарин маконҳо, аз илми Худованд пинҳон нест, Худованд онро дар додгоҳи Қиёмат ҳозир мекунад ва барасоси он туро кайфар ва подош медиҳад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Таваҷҷӯҳ додани фарзанд ба додгоҳи Қиёмат ва ҳисоб ва китоб доштани аъмол, яке аз вазифаҳои волидайн аст.
2 – Худованд ба аъмоли инсон аам аз кучак ва бузӯрг огоҳ аст, имони инсон ба Қиёмат ва ҳисобрасии дақиқи Худованд, сарчашмаи ислоҳи ӯст.
3 – Аъмоли инсон аз байн намеравад, балки худи амал ва осораш то Қиёмат бо ӯ ҳамроҳ аст.