Қисмати 742сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 17-19
Қисмати 742 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 17-19
17
یَا بُنَیَّ أَقِمِ الصَّلَاةَ وَأْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَانْهَ عَنِ الْمُنکَرِ وَاصْبِرْ عَلَى مَا أَصَابَکَ إِنَّ ذَلِکَ مِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ
Писарам! Намозро барпо дор ва “Мардумро” ба кори писандида амр кун ва аз кори бад боздор ва бар ончӣ “Аз сахтиҳо ва мусоиб “Мусибатҳо” ба ту мерасад сабр кун, ки ин, лозимаи азми росих “Устувор” дар корҳост.
Дар ду ояи қабл ба бархе аз андарзҳои Луқмон ба фарзандаш ишора кардем, пас аз таъкид бар мабонии эътиқод, дар ин ояти Луқмон ба муҳимтарин масалаҳои ибодӣ ва иҷтимоӣ пардохта ва ба фарзандаш мегуяд: Пас аз пазириши тавҳид, аввалин вазифаи ту парастишӣ Худованди олам ва ниёиш бо Ӯст, ки дар қолаби намоз сурат мегирад, намоз туро бо Худо пайванд медиҳад ва имонро дар қалби ту мустаҳкам месозад,
Албатта намоз ба танҳои кофӣ нест ва ин, ки фақат ба фикри худат боши низ кифоят намекунад, бояд дигаронро низ ба ин кори шоиста ва сойири корҳои писандида даъват куни то хубиҳо дар ҷомиа ривоҷ ёбад, чунон бо бадиҳо мубориза кард ва иҷоза надод зиштиҳо дар ҷомиа ниҳода шавад, ба таври табии ҳузӯр дар саҳнаи иҷтимоъ ва дар канори он, талош барои тарвиҷи хубиҳо ва ҷилавгирӣ аз густариши бадиҳо, мушкилот ва сахтиҳоеро низ ба ҳамроҳ дорад, чаро, ки афроди бадкор ба ҳар шакл мумкин ба мухолифат бо ҳақ бармехезанд, аммо инсонҳои муъмин набояд ҳангоми мувоҷеҳ бо мушкилот ва ногувориҳо, саҳнаро холӣ кунанд, балки бояд устувор ва собитқадам дар роҳи ҳақ бимонанд то талошҳояшон ба натиҷа бирасад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Азм ва иродаи қаввӣ барои расидан ба мақсади илоҳӣ, аз лавозими имон ба Худо аст ва бидуни он коре ба натиҷа намерасад.
2 – Супориши фарзанд ба намоз ва пайгирии он, аз вазифаҳои волидайн нисбат ба фарзандон аст.
3 – Бояд фарзандони худро ба гунае тарбият кунем, ки дар баробари масалаҳои ҷомиа эҳсоси масулят кунанд ва нисбат ба корҳои бад ва зебои ҷомеа бетафовут набошанд.
18
وَلَا تُصَعِّرْ خَدَّکَ لِلنَّاسِ وَلَا تَمْشِ فِی الْأَرْضِ مَرَحًا إِنَّ اللَّـهَ لَا یُحِبُّ کُلَّ مُخْتَالٍ فَخُورٍ
Ва рӯйи худро “Аз рӯйи такаббур” аз мардум барнагардон ва дар замин бо ғурӯр ва табахтур “Худбиннӣ” нозидан” роҳ нарав, ҳамоно Худованд ҳеҷ мутакаббири фахрфрӯшеро дӯст надорад.
Дар ин оят Луқмон ба бархе рафторҳои зишти ахлоқӣ ишора карда ва фарзандашро аз онҳо наҳӣ мекунад, аҷаб ва ғурур ва такаббур, ки реша дар худбартарбинӣ дорад, маншаи бисёре аз рафторҳои иҷтимоӣ аст, дар ин оят ба ду намуна аз рафторҳои нодурӯст ишора шудааст:
Яке бе эътиноӣ ба дигарон ба манзури кучак шумурдан ва таҳқири онҳост тавзеҳи онки бархе афрод ба хотири расидан ба ном ва шуҳрат, ё сарват ва қудрат, дучори чунин рӯҳияе мешаванд, онҳо гумон мекунанд зотан бартар аз дигарон ҳастанд.
Нуктаи дигаре, ки Луқмон ба он ишора мекунад, наҳваи роҳ рафтан дар миёни мардум аст бархе афрод ба ҷойи тавозеъ ва фрутанӣ, чунон мағрурона ва мутакаббиррона роҳ мераванд, ки гуё сарвар ва оқои ҳама ҳастанд ва дигарон бояд дар баробари онҳо фурутанӣ ва хузӯъ кунанд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Хушрӯйи бо мардум аз тавсияҳои Луқмони Ҳаким ба фарзандаш аст, Худованд бо ёдоварии ин андарзи ҳакимона, дар воқеъ ҳамаи мардумро ба ин кори писандида супориш мекунад.
2 – Волидайн бояд аз ҳамон оғози навҷавонии фарзандон, онҳоро тавре тарбият кунанд, ки гирифтори анвои бемориҳои ихтилофӣ аз ҷумлаи кибр ва ғурӯр нашаванд.
19
وَاقْصِدْ فِی مَشْیِکَ وَاغْضُضْ مِن صَوْتِکَ إِنَّ أَنکَرَ الْأَصْوَاتِ لَصَوْتُ الْحَمِیرِ
Ва дар роҳ рафтанат миёнарав бош ва аз садоят бикоҳ, ки бетардид нохуштарин садоҳо, садои харон аст.
Луқмон ба дунболи наҳӣ фарзандаш аз ду кори зишти ахлоқӣ, дар ин оят ӯро ба ду кори зебои ахлоқӣ тавсия мекунад ва мегуяд: Дар машӣ ва маниши зиндагӣ, эътидолро риоят кун, дар ҷодаи зиндагӣ на гирифори ифрот ва тундравӣ шав, на дучори тафрит ва танбалӣ ва сустӣ на тунд бирав ва на кунд роҳ бирав балки ба таври табии ва муътадил ҳаракат кун.
На фақат дар рафтор, балки дар гуфтор низ эътидолро риоят кун, на хеле оҳиста ва ором сухан бигу, ки дигарон нашунаванд, на чунон баланд фарёд баровар, ки мояи озор ва азияти дигарон шавӣ, чунин гумон накун мардум аз садои баланди ту хушашон меояд ва ба ин хотир, суханонатро мепазиранд, дар назари мардум садои зоғ, садои зишт ва ноҳанҷори аст, зеро аз ҳади табии баландтар аст.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Аз умуре, ки лозим аст волидайн ба фарзандони худ биёмузанд, риояти одоби иҷтимоӣ дар роҳ рафтан ва сухан гуфтан аст.
2 – Дурӣ аз ифрот ва тафрит ва пойбандӣ ба миёнаравӣ дар корҳо, аз мавзӯоте аст, ки Худованд дар китоби худ ба он супориш кардааст.
3 – Дод ва фарёд ва баланд кардани садо, дар назди Худованд коре некуҳида ва нописанд аст, бояд садои худро кӯтоҳ кунем, аз фарёди беҳуда бипарҳезем ва баёни нарм ва ором дошта бошем.