Ноябр 13, 2016 08:54 Asia/Dushanbe

Қисмати 743 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 20-24

20

 

أَلَمْ تَرَوْا أَنَّ اللَّـهَ سَخَّرَ لَکُم مَّا فِی السَّمَاوَاتِ وَمَا فِی الْأَرْضِ وَأَسْبَغَ عَلَیْکُمْ نِعَمَهُ ظَاهِرَةً وَبَاطِنَةً  وَمِنَ النَّاسِ مَن یُجَادِلُ فِی اللَّـهِ بِغَیْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا کِتَابٍ مُّنِیرٍ           

 

 Оё надидаед, ки Худованд ончиро дар осмонҳо ва ончиро дар замин аст барои шумо мусаххар карда ва неъматҳои ошкор ва пинҳони худро бар шумо тамом намудааст? Ва бархе аз мардум беҳеҷ дониш ва ҳидоят ва китоби равшане, дар бораи Худо муҷодала ва ситез мекунанд.

 

Дар ояти қабл, насиҳатҳо ва мавъизаҳои Луқмон ба фарзандаш дар заминаҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ поён ёфт, ин оятҳо ба матолибе пеш аз мавоизи Луқмон, ки мавзӯи баҳси онҳо Худошиносӣ буд, бозгашта ва хитоб ба умуми инсонҳо мефармояд: Худованд, осмон ва заминро ба гунае офарид ва онҳоро тавре барномарези кард, ки ҳамвора дар хидмати шумо инсонҳо бошанд, падидаҳои табии назири хуршед ва моҳ дар осмон ва гардиши замин ба даври хуршед ва ба даври худаш, шароит ҳаёт ва зиндагиро барои шумо инсонҳо муҳайё кардаанд, дарёҳо ва уқёнусҳо, анвои маодани зери заминӣ ва рӯйи заминӣ, гунаҳои мухталифи ҳайвонҳо хушкӣ ва дарёӣ ва анвои гиёҳон ва дарахтон ва маҳсулоти кишоварзӣ, ҳама ва ҳама дар ҷиҳати хидмат ба шумо инсонҳост, бахше аз онҳо мустақиман зери назари инсон ҳастанд ва бахши дигар низ бо тадбири илоҳӣ дар ҷиҳати манфиатрасонӣ ба башар амал мекунанд.

 

Илова бар ҳамаи неъматҳои модие, ки ниёзҳои ҷисмонии инсонро таъмин мекунанд, Худованд бо мабъус кардани паёмбарон ва фиристодани китобҳои осмонӣ, ниёзҳои фикрӣ ва рӯҳии башарро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода ва асбоби рушд ва камоли ӯро фароҳам сохтааст.

Аммо мутаасифона ҳамвора дар тули таърихи инсонҳое будаанд, ки ба ҷойи сипоси ин неъматҳои фаровон, ки инсонро иҳота кардааст, дар бораи Худо, ситез ва муҷодала мекугагд, бидуни он, ки далили равшани ақлӣ ва маънавӣ дошта бошанд.

 

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Инсон, гули сарсабади ҳастӣ аст, осмон ва замин ва ончӣ дар онҳост, дар ҷиҳати хидмат ба инсон ва баҳрабардории ӯ офарида шуда аст.

 

2 – Неъматҳои илоҳӣ ба башар, ҳам густарда ва фаровон ва ҳам мутанавеъ аст, аам аз модӣ ва маънавӣ, зоҳирӣ ва ботинӣ, пас чаро инсон носипосӣ мекунад?

 

3 – Баҳс ва ҷидол дар сурате муфид аст, ки барасоси илм ва ақли башарӣ ё ҳидоят ва китобати осмонӣ бошад.

 

 

 

 

21

 

وَإِذَا قِیلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنزَلَ اللَّـهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا وَجَدْنَا عَلَیْهِ آبَاءَنَا  أَوَلَوْ کَانَ الشَّیْطَانُ یَدْعُوهُمْ إِلَى عَذَابِ السَّعِیرِ  

 

Ва чун ба онон гуфта шавад, аз ончӣ Худо нозил карда аст, пайрави кунед, мегуянд: “На” балки  мо аз ончӣ падаронамонро бар он ёфтаем пайравӣ мекунем, оё ҳар чанд шайтон онҳоро ба азоб фурузон даъват кунад “Боз ҳам табаият мекунанд”

 

Дар ояти қабл фармуд: Онҳо, ки дар бораи Худо тардид ва ташкик мекунанд, далил ва мантиқи равшане надоранд, ин оят мефармояд: Далили бисёре аз онҳо, риояти одоб ва русуми ниёгон ва пайравӣ аз гузаштагон аст, онҳо ҳозир ба даст бардоштан аз ойини нодурӯсти ниёгони худ нестанд ва ба ҷойи пайравӣ аз ҳидояти илоҳӣ, ба суроӯи боварҳо ва рафториҳои  ботили падарони худ мераванд, дар ҳоле, ки ин мантиқ, нодурӯст ва шайтонӣ аст ва мӯҷиб мешавад ин гурӯҳ низ ҳамонанди ниёгонашон ба дузах бираванд.

 

Аз иноят меомӯзем, ки:

 

1 – Таасуб бар бовариҳои нодурӯсти ниёгон ва тақлиди куркурона аз онҳо, аз мавонеи ҳақпазирӣ аст ва ақл ва фикр инсонро аз дарки ҳақиқат боз медорад.

 

2 – Ҳифзи мироси фарҳангӣ ва одоб ва русуми милли, то ҷойе арзишманд аст, ки бо ақл ва дин созгор бошад, вагарна метавонад омили инҳитот ва суқут шавад.

 

3 – Шайтон ба таври мустаммар инсонро ба сӯйи роҳҳои ботил ва инҳирофӣ фаро мехонад.

 

 

22

 

وَمَن یُسْلِمْ وَجْهَهُ إِلَى اللَّـهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَقَدِ اسْتَمْسَکَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَى وَإِلَى اللَّـهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ                

 

Ва ҳар кас рӯйи хешро ба сӯйи Худо кунад, дар ҳоле, ки некукор бошад, пас бетардид ба дастгираи устуворе чанг задааст ва фарҷоми ҳамаи корҳо ба сӯйи Худост.

 

23

 وَمَن کَفَرَ فَلَا یَحْزُنکَ کُفْرُهُ  إِلَیْنَا مَرْجِعُهُمْ فَنُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوا إِنَّ اللَّـهَ عَلِیمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ                   

 

Ва ҳар кас куфр варзад, куфраш туро андуҳгин насозад, бозгашти онҳо ба сӯйи мост, пас ононро ба корҳое, ки кардаанд огоҳ хоҳем кард, қатъан Худованд ба ончӣ дар дилҳост огоҳ аст.

 

 

24

 

 «نُمَتِّعُهُمْ قَلِیلًا ثُمَّ نَضْطَرُّهُمْ إِلَى عَذَابٍ غَلِیظٍ           

 

Ононро андаке баҳраманд месозем, сипас онҳоро ба азоби сахт, гирифтор мекунем.

 

Ин оятҳо мардумро дар баробари даъвати илоҳӣ ба ду гурӯҳ тақсим мекунад:

Як гурӯҳ бо тамоми вуҷуд ба сӯйи Худо омада  ва таслими маҳзи Ӯ мешаванд ва гурӯҳи дигар роҳи саркашӣ ва сапечӣ дар пеш гирифта ва ба Худо куфр меварзанд, гурӯҳи  аввал бо тамасссук ба ресмони маҳками ҳидояти илоҳӣ, роҳи дурӯстро ёфта ва аҳлли некӣ ва эҳсон ба дигарон ҳастанд, оқибати некӯе дар интизори онҳост, аммо гурӯҳи дуввум ҳатто агар баҳраҳое аз дунё бибаранд ва аз лаззати он ком бигиранд, дар ниҳоят, бадоқибат мешаванд ва дар дунё ва охират ба сахтӣ ва гирифторӣ дучор хоҳанд шуд, дар дунё ба як шакл ва дар охират ба шакли дигар.

Албатта паёмбари раҳмат, аз ин, ки кофироне, ки ӯро озор медоданд, ба ҷиҳати куфрашон гирифтори кайфар шаванд, хушҳол намешуд, балки он ҳазрат ҳамвора дилсӯзи онҳо буд ва барои инҳирофи онҳо ғуса мехурд, аммо чӣ фоида, ки онҳо роҳи куфрро баргузида буданд ва паёмбар наметавонист онҳоро ба имон ба Худо маҷбур кунад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Агар ҳамаи олами ҳастӣ таслими фармони Худост ва Худо онҳоро дар хидмати мо инсонҳо қарор додааст, пас чаро мо таслими Худо набошем?

 

2 – Инсон дар дунё барои ҳифзи мавқеияти худ, такягоҳҳоеро интихоб мекунад ва ба ашхос ё ашёе паноҳ мебарад, аммо афроди муъмин танҳо такягоҳи Худост, онҳо бо чанг задан ба ресмони маҳками илоҳӣ ва анҷоми аъмоли солеҳ, роҳи наҷотро меҷӯйянд, барасоси ривоятҳо, паёмбарон ва имомон низ ресмони маҳками илоҳӣ ҳастанд.

 

3 – Дар зиндагии дунё, роҳи худро бо нигоҳе ба ояндаи ҷаҳон ва тафаккур дар бораи он интихоб кунем то дар поёни умр гирифтори оқибати бад нашавем.