Декабр 03, 2016 07:48 Asia/Dushanbe

Қисмати 744 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 25-28

25

وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَیَقُولُنَّ اللَّـهُ  قُلِ الْحَمْدُ لِلَّـهِ  بَلْ أَکْثَرُهُمْ لَا یَعْلَمُونَ             

 

Ва агар аз онон бипурси чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст? Мусаламан хоҳанд гуфт: Худо! Бигу: Сипос ва ситоиш аз они Худост, вале бештари онон намедонанд.

 

26

 

لِلَّـهِ مَا فِی السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ إِنَّ اللَّـهَ هُوَ الْغَنِیُّ الْحَمِیدُ

 

Ончӣ дар осмонҳо ва замин аст аз они Худованд аст, бегумон Худованд ҳамон бениёз ситудааст.

 

Ин оятҳо ба яке аз равшантарин умури мавриди пазириши умуми инсонҳо, аз ҷумла мушрикони бутпараст ишора карда ва мефармояд: Агар аз онҳо савол куни, ки чӣ касе ҷаҳонро офаридааст, бидуни ҳеҷ таамуле мегуянд: Худо! Зеро ҳамаи инсонҳо ба таври фикрӣ дармеёбанд, ки онҳо офаринандаи худашон нестанд, чӣ расад ба ҷаҳон ва мавҷудот ва падидаҳои атрофашон ҳатто мушрикони бутпараст низ изъон доранд, ки бутҳо офаридгори онҳо ва ҷаҳон нестанд, балки шарики Худо дар тадбири умури олам ҳастанд.

Идомаи оятҳо барасоси ин иқрори мушрикон мефармояд: Агар Худованд офаридгори ҷаҳон аст, пас парвардигор ва молики офаридаҳо ва ҳокими ҳамаи ҳастӣ низ Ӯст ва сипос ва ситоиш ва ба дунболи он, ибодат ва парастиш бояд танҳо барои Ӯ бошад, на афрод ё ашёи дигар.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Мушрикон, мункири холиқияти Худо набуданд, балки маншаи инҳирофи онҳо, парастиши бутҳо ва шафоат хостан аз онҳо буд.

 

2 – Худошиносӣ амри фитрӣ аст, ҳатто мушрикон низ холиқияти Худоро қабул доранд.

 

3 – Бисёре аз инҳирофот ношӣ аз ҷаҳл ва ноогоҳӣ аст, ҳаракат ва қиёми паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ ба манзури огоҳӣ додан ба мардум ва ҷилавгирӣ аз инҳироф ва гумроҳии онҳост.

 

 

27

 

 

      وَلَوْ أَنَّمَا فِی الْأَرْضِ مِن شَجَرَةٍ أَقْلَامٌ وَالْبَحْرُ یَمُدُّهُ مِن بَعْدِهِ سَبْعَةُ أَبْحُرٍ مَّا نَفِدَتْ کَلِمَاتُ اللَّـهِ  إِنَّ اللَّـهَ عَزِیزٌ حَکِیمٌ     

Ва агар ончӣ дарахт рӯйи замин аст, қалам шавад ва дарё “Мураккаб” ва баъд аз он ҳафт дарёи дигар ба ёрии он оянд, “Ва мураккаб шаванд, навиштани” калимоти Худо поён напазирад, ба ростӣ Худованд азиз ва ҳаким аст.

 

Ин оят ба азамати ҳастӣ ва мавҷудоти он ишора карда ва мефармояд: Илми башар дар бораи ҳастӣ бисёр маҳдуд аст, зеро агар дарёҳо мураккаб шаванд ва дарахтон қалам, наметавон офаридаҳои Худовандро шумора кард.

Дар олами инсонӣ, калимот баёнгари матолиб ҳастанд, аммо мурод аз калимоти илоҳӣ дар ин оят, анвои мавҷудоти ин ҳастӣ аст, ки ҳама баёнгари илм ва қудрати бепоёни офаридгор ҳастанд, маъмулан донишмандон барои навиштани матолиби худ, аз қалам ва коғаз баҳра мегиранд то илми худро баён кунанд, аммо илми Худованд, ҳад ва марзе надорад, то онҷо, ки агар ҳамаи дарахтҳо қалам ва ҳамаи дарёҳо мураккаб шаванд, боз ҳам тавони нигориши илми Худоро дар китоби ҳастӣ надоранд, онҳо наметавонанд офаридаҳои Худо, алтофи илоҳӣ ва неъматҳои бепоёни Парвардигорро ба шумориш дароваранд.

 

Аз ин оят меомӯзем,ки:

 

1 – Ҳастӣ бисёр боазамматтар аз он чизе аст, ки башар токунун пайбурдааст, ҷаҳонро аз нигоҳи бисёр маҳдуд ва кучаки худ набинем, чаро, ки дар ин сурат, дучори содаандешӣ мешавем.

 

2 – Тамоми падидаҳои ҳастӣ, ба офаридгори воҳиди ҷаҳон гувоҳӣ медиҳанд, муроқиб бошем суроғи худоёни сохтагӣ ва хаёлӣ ва мавҳум наравем, ки илм ва иззат ва ҳикмат танҳо азони Парвардигори ягонаи олам аст.

28

 

مَّا خَلْقُکُمْ وَلَا بَعْثُکُمْ إِلَّا کَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ  إِنَّ اللَّـهَ سَمِیعٌ بَصِیرٌ

 

Офариниш ва барангехтани “Ҳамаи” шумо “Назди Худо” ҷуз монанди “Офариниш ва барангехтани” як тан нест, бегумон Худованд шунавои биност.

 

Дар идомаи ояти қабл, ки азамати ҳастӣ ва офаридаҳои Парвардигорро матраҳ кард, ин оят ба қудрати бепоёни Худованд ишора карда ва мефармояд: Дар назди қудрати Ӯ, офариниши як инсон бо офариниши ҳамаи инсонҳои тули таърих яксон аст ва сахтӣ ва осонӣ ё кам ва зиёдӣ дар баробари қудрати Ӯ беинтиҳои Ӯ маъное надорад.

На фақат офариниши инсонҳо дар ин ҷаҳон, балки барангехтани онҳо дар Қиёмат низ барои Худованд қодир ва тавоно осон аст, ин,ки Худованд бихоҳад тамоми инсонҳоеро, ки дар тули таърих мурдаанд, ба якбора дар Қиёмат зинда кунад, барои Ӯ кори осоне аст, аз назари илм ва қудрат маҳдуди мо, теъдоди зиёд мушкил офарин аст, аммо барои Худованд теъдоди кам ё зиёд фарқе надорад ва ҳамаи чиз барои Ӯ осон аст.

Идомаи оят мефармояд: Ӯ на фақат қудрат бар офариниши дубораи инсонҳоро дорад, балки ба далили он, ки шунаво ва биност, ба корҳои тамоми бандагон илм ва огоҳӣ дорад ва барасоси он бандагонро кайфар ва подош медиҳад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Замон ва макон ва теъдод, барои башар маъно дорад, вале дар илм ва қудрати илоҳӣ, теъдоди як мавҷуд ва низ аносири замонӣ ва маконӣ таъсире надорад, ба унвони мисол барои Ӯ офариниши як инсон бо хилқати як милиард нафар, тафовуте надорад ва ҳамаи чиз барои Ӯ саҳл ва осон аст.

 

2 – Агар бидонем Худованд тамоми гуфтаҳои моро мешунавад ва тамоми корҳои моро мебинад, дар рафтор ва кирдорамон бештар диққат мекунем ва камтар дучори инҳироф мешавем.