Апрел 10, 2017 11:43 Asia/Dushanbe
  • Мухтасаре аз сира ва зиндагонии Имом Ризо алайҳиссалом

Мухтасаре аз сира ва зиндагонии Имом Ризо алайҳиссалом

 

Номи шарифашон: Алӣ

Падари бузургворашон: Имом Мусои Козим алайҳиссалом

Модари гиромиашон: Бонуи мукаррама ба номи Наҷма ё Тактум аст, вай пас аз вилодати ҳазрати Ризо, Тоҳира - Покиза ном гирифт. Вай бонуи афифа ва хирадманд ва аз ашрофи аҷам будааст.

Дар ривоят аст, ки хонум Тактум - модари ҳазрати Ризо алайҳиссалом фармуд: Маро бо дояе кӯмак диҳед (то дар шир додани ҳазрати Ризо алайҳиссалом кӯмакам кунад( пурсиданд: Оё шир кам аст? Гуфт: На, вале ман зикрҳо ва намозҳое дорам, ки пас аз таваллуди эшон аз он коста шудааст.

Кунияҳо: Абулҳасан ва Абуалӣ

Лақабҳои ҳазрат: Ризо, Собир, Закӣ, Валӣ, Фозил, Вафӣ, Садиқ, Разӣ, Сироҷуллоҳ, Нурулҳудо, Қурратулайнилмуъминин, Макидатулмулҳидин ва Олими оли Муҳамад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам.

Машҳуртарин лақаб: Машҳуртарин лақаби он ҳазрат Ризо аст ва дар сабаби ихтисоси ин лақаб гуфтаанд: Ӯ аз он рӯ Ризо хонда шуд, ки дар осмон хушоянд ва дар замини мавриди хушнудии Паёмбари Худо (с) ва имомони пас аз ӯ буд. Ҳамчунин гуфта шуда: Аз он рӯ, ки ҳамагон, хоҳ мухолифон ва хоҳ ҳамроҳон ба ӯ хушнуд буданд. Саранҷом, гуфта шуда аст: Аз он рӯ ӯро Ризо хондаанд, ки Маъмун ба ӯ хушнуд шуд.

Таърихи таваллуд: Вилодати он Имоми ҳумомро машҳури муҳаддисон ва муаррихон дар 11 зулқаъдаи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ донистаанд ва ин ҳамон сол аст, ки ҳазрати Содиқ аз дунё риҳлат карданд, вале баъзе таваллуди ҳазрати Ризо алайҳиссаломро панҷ сол баъд аз риҳлати ҳазрати Содиқ нигоштаанд.

Модари бузургвори он ҳазрат хонум Наҷма гӯяд: Ман ҳангоми бордорӣ ба писарам Алӣ, эҳсоси сангинӣ намекардам, ба ҳангоми хоб аз даруни худ, садои зикри Худованд мешунидам ба гунае, ки ҳароснок мешудам, чун ӯро ба дунё оварадам даст ва поро бар замин ниҳод, сар ба осмон баланд кард ва монанди касе, ки сухан мегӯяд, лабҳояш ҳаракат мекард.

Ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар чун ин фарзанди хешро дид, фармуд: Эй Наҷма бузургдошти Худованд гиромиат бод. Сипас навзодро дар порчаи сафед пушонда ба ҳазрат доданд, ҳазраташ дар гӯши рости фарзанди хеш азон ва дар гӯши чапи вай иқома гуфт ва оби Фурот талабид ва бо он аз ӯ ком бардошт ва ба модараш фармуд: Бигир ӯро, ки ӯ боқимондаи Илоҳӣ дар замини Худованд аст.

Ҳазрати Козим баъд аз таваллуди Имом Ризо ба модари ҳазрати Ризо лақаби Тоҳира, яъне покиза дод.

Ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар алайҳиссалом ба фарзандони хеш мефармуд: Ин бародари шумо Алӣ ибни Мусо, олими оли Муҳаммад аст, дар мавриди дини худ аз ӯ пурсед ва он чи мегӯяд ҳифз кунед, ман аз падарам Ҷаъфар ибни Муҳаммад борҳо шунидам, ки ба ман мегуфт: Олими оли Муҳаммад дар насли ту аст, эй кош ман ӯро медидам, ӯ ҳамноми Амиралмуъминин, Алӣ аст.

Маҳали тавалуд: Мадинаи Мунаввара

Фарзандон: Дар миёни муаррихон ва муҳаддисон дар мавриди теъдоди фарзандони ҳазрати Ризо ихтилоф аст, бисёре ҳазрати Ҷавод алайҳиссаломро танҳо фарзанди ҳазрати Ризо алайҳиссалом медонанд, ҳамонанди шайх Муфид ва Ибни Шаҳрошуб, вале баъзе фарзандони дигаре барои ҳазрат шумурдаанд,  аз ҷумла духтаре ба номи Фотима. Вале баъзе ривоёт, якфарзанди ҳазратро таъид мекунанд. Марде ба номи Ҳанон ибни Садир гӯяд: Ба ҳазрати Ризо арз кардам: Оё мешавад имом бидуни фарзанд ва ҷонишин бошад? Ҳазрат фармуд: На ва бидон, ки маро ҷуз як фарзанд нахоҳад буд, вале Худованд ба ӯ фарзандони фаровоне ато мекунад.

 Ҳокимони замони ҳазрат: Мансури Давониқӣ, Маҳдии Аббосӣ, Ҳодии Аббосӣ, Ҳорунаррашид, Муҳаммад Амин, Маъмуни Аббосӣ.

Таърихи вилояти аҳдӣ: Рамазони соли 201 ҳиҷрии қамарӣ (ба иҷбори Маъмуни Аббосӣ).

Муддати умри ҳазрат: Бинобар ривояти машҳур 55 сол.

Таърихи шаҳодат: Вафоти он ҳазратро низ ба солҳои 202-203 ва 206 ҳ.қ.  донистаанд, аммо бештар бар онанд, ки вилодати он ҳазрат дар соли 148 ҳ.қ. яъне ҳамон соли вафоти Имом Содиқ алайҳиссалом будааст, чунонки Муфид,  Кулайнӣ, Кафъамӣ, Шаҳид, Табарсӣ, Садуқ, Ибни Зуҳра, Масъудӣ, Абулфидо, Ибни Асир, Ибни Ҳаҷар, Ибни Ҷавзӣ ва касони дигаре ин назарро баргузидаанд.

Дар бораи таърихи вафоти он ҳазрат низ ақидаи аксари олимон ҳамон соли 203 ҳ.қ. аст.

Бинобар ин ривоят, умри он ҳазрат панҷоҳупанҷ сол мешавад, ки биступанҷ соли онро дар канори падари хеш сипарӣ карда ва бист соли дигар имомати шиъаёонро бар уҳда доштааст.

Қотили ҳазрат: Маъмун Аббосӣ ба василаи заҳр.

Марқади ҳазрат: Машҳади Муқаддас.

Дар ривоёти мутааддиде аз Паёмбари акрам (с) ва Амиралмуъминин Алӣ (р) ва ҳазрати Содиқ алайҳиссалом ба вуҷуди он Имоми ҳумом ва ҳамчунин ба шаҳодати мазлумонаи эшон ва марқади шарифи он ҳазрат дар Хуросон ва савоби фавқулоддаи зиёрати эшон ишора шудааст.

 

Барчасп