Апрел 12, 2017 09:17 Asia/Dushanbe
  • Бо тавсияҳои Имом Ризо алайҳиссалом лоғар шавед

Мутобиқи тавсияҳои пизишкии суннатӣ беҳтарин равиш барои лоғарӣ назорати тағзия ва истифода аз маводи ғизоии муфид унвон шуда аст.

Фарбеҳӣ ва лоғарӣ аз қадимулайём зеҳни башарро ба худ машғул карда аст. Дар тибби суннатӣ омада аст, ки лоғарӣ ду гуна аст: Яке аз камгуштӣ ва дигаре аз камчарбӣ. Барои фарбеҳӣ ва лоғарӣ дастуруламалҳои мухталифе баршумурдаанд. Амре, ки зеҳни бисёре аз мутахассисони имрӯзро ҳам ба худ машғул кардааст.

Имрӯз баъзе аз коршиносон барои коҳиши вазни бадан, аз байн бурдани хуроки шомро тавсия мекунанд, аммо ҳамчунон, ки дар ривоёте низ ишора шуда, шом нахурдан худ боиси заъфи бадан шуда ва заъфи асабӣ ва азулонӣ ва ҳолатҳое монанди  афсурдагӣ дар афрод ба вуҷуд меоварад. Аз ин рӯ тавсияи Имом Ризо алайҳиссалом ба унвони як равиши усулӣ барои контроли вазн, кам кардани ҳаҷми ғизои шом ва на тарки комил он аст. Он ҳазрат мефармояд: Касе ки мехоҳад солим ва бадани сабук ва камгӯшт дошта бошад, аз шомаш бикоҳад.

Дар ин миён гиёҳони хӯрокӣ, ки ҳифзи саломатии аъзои мухталифи баданро ба уҳда доранд, метавонанд дар контроли вазн низ бисёр муассир бошанд. Яке аз ин гиёҳони муфид дорчин аст. Коршиносони тағзияи муътақиданд маводи табиии бисёре барои коҳиши вазн дар дастрас қарор доранд, аммо дорчин ба далели кӯмак ба контроли қанди хун муфидтарин гиёҳ барои кӯмак ба коҳиши вазн аст.

Мутобиқи назароти пизишкии Имом Ризо алайҳиссалом, дорчин кулияро гарм мекунад. Нерӯро афзоиш ва заъфи пойҳо ва камаро аз байн мебарад. Камихуниро ҳам аз байн мебарад. Оромишбахш ва шодобкунанда аст ва гиёҳе аст, ки ҳам инсонҳо ва ҳам ҳайвонотро ором мекунад. Таббар аст. Рагҳоро боз мекунад ва асари хубе бар гардиши хун дорад. Ибни Сино ҳам дар китобаш ба ин маворид ишора кардааст.

Имрӯз мутахассисон ба ин натиҷа расидаанд, ки чойи бо асал ва дорчин яке аз дилпазиртарин маводи табиӣ барои коҳиш вазн бошад.

Яке дигар аз гиёҳони контролкунандаи вазн занҷабил аст. Занҷабил илова бар он ки яке аз муассиртарин маводи табиӣ дар барқарории ҷараёни хун ва пешгирӣ аз лахташудани он аст бо поксозии системаи гуворишӣ аз захираи чарбиҳои изофӣ дар бадан пешгирӣ мекунад.

Имом Ризо алайҳиссалом барои ҳифзи чобукӣ ва анҷоми беҳтари корҳои рӯзонаи занҷабилро тавсия карда мефармояд: Агар моилед фаромушӣ ва нисёни шумо кам шавад ва корҳои рӯзонаро ба хубӣ анҷом диҳед, занҷабил ва асал бихӯред.

Мутахассисон мегӯянд яке аз роҳҳои коҳиши иштиҳои дурӯғин ва кӯмак ба коҳиши вазни бадан, хӯрдани ҷави пухташуда дар ибтидои субҳ ва қабл аз субҳона мебошад. Ҷав таъсири басазое дар коҳиши, фишори хӯн, чарбӣ ва коҳиши хатари ибтило ба саратон дорад. Фибри мавҷуд дар ҷав боис мешавад, ки ин ғизо ба оҳистагӣ дар бадан ҳазм шавад ва дар натиҷа фард барои муддати тулонитаре сер мемонад.

 Имом Ризо алайҳиссалом дар таъриф аз ин моддаи шигифтангез мефармояд: Бартарии нони ҷав бар гандум, ҳаммонанди бартарии мо бар дигар мардумон аст. Ҳеч паёмбаре нест, ки барои хӯрдани нони ҷав дуъо накарда ва барои ӯ баракат нахоста бошад  ва ҳеч даруне нест, ки ҷав ба он даромада ва ҳам дардҳо аз он берун нарафта бошад. Ҷав  хӯроки паёмбарон ва ғизои некон аст.

Мутахассисон тағзия ҳамчунин тавсия мекунанд, барои ин ки сареътар ба вазни дилхоҳи худ бирасед, беҳтар аст қабл аз хӯрдани субҳона, об бо лимӯтурш бинӯшед.

Мутобиқи ин назар нӯшидани об ҳамроҳ бо лимӯтурш на танҳо ба раванди коҳиши вазни шумо суръат мебахшад, балки бадани шуморо аз заҳрҳо пок карда ва боиси афзоиши энержӣ дар шумо мешавад.

Меваҳо дар Тиббулаимма ҳам аз арзиш ва аҳмияти вижаи бархӯрдор аст. Пешвоёни дин бо баҳрагирӣ аз илҳомоти раббонӣ ҷомеъаи башариро ба арзиши дақиқи илмии меваҳо ва фаровардаҳои табиӣ огоҳ намудаанд. Дар тавсияҳои пизишкии аимма (алайҳиссалом) хӯрдани маркбот (меваҳо) қабл аз ғизо хуб ва баъд аз ғизо бисёр писандида дониста шуда аст.

Имом Ризо алайҳиссалом ҳам масрафи ин меваҳои бо арзишро барои ҳазм ва ҷазби ғизо ва кӯмак ба боз кардани рагҳои хунгарди бадан ва беҳбуди сохтор ва пешгирӣ аз ғафсшавии хуни муфид шумурдаанд.

Дар тибби суннатии исломӣ аз гиёҳоне мисли ҳилл, зардчуба, газна, зира ва ҳалила ҳам ба унвони коҳандаи вазни бадан ва поксози хун ва чарбисӯз ва лоғаркунанда ёд шуда аст, ки ба сохтори беҳтари чарбиҳо кӯмак мекунанд.

Яке дигар аз гиёҳони муфид барои дармони бемориҳо, ки хосияти лоғаркунандагӣ дошта ва номи он ба ҳамроҳи чанд гиёҳи дигар дар зумраи маводи чарбисӯз ва зиддифарбеҳӣ матраҳ аст, ҳалила аст ва аз дигар маводи хӯрокии муассир дар коҳиш вазн метавон ба филфили сиёҳ, коснии зард ва донаи каттон ишора кард. Ҳамчунон ки карафс низ ба коҳиши вазн кӯмак мекунад ва бо масрафи рӯзонаи оби карафс, вале хӯрдани шириниҷот, аз байн меравад.

Имом Ризо алайҳиссалом дар баёни дигар, наҳваи ҳаммом карданро дар фарбеҳӣ ва лоғарӣ дахил донистаанд.

 Сулаймони Ҷаъфарӣ мегӯяд: Ҳазрати Ризо алайҳиссалом фармуд: Ҳаммом як рӯз дар миён гӯшти баданро зиёд мекунад ва ҳар рӯз ҳаммом рафтан пийҳ (чарб)-ҳои кулияро об месозад.

 

 

 

Барчасп