Апрел 20, 2017 11:47 Asia/Dushanbe
  • Имом Ризо алайҳиссалом ва муҳаббат нисбат ба мардум

Имом Ризо алайҳиссалом фарде кушодачеҳра ва хушбархурд буд.

Аз ин рӯ бо ҳар мусалмон ба содагӣ робита барқарор мекард ва роҳи дӯстиро бо ӯ боз менамуд ва ҳамагон бо он ҳазрат ба зудӣ унс мегирифтанд ва метавонистанд ба хонаи эшон рафтуомад намоянд, дар канораш бинишинанд ва ҳамсухан шаванд.

Ҳамчунин ба ҳеч кас ба дидаи таҳқир наменигарист. Андешааш ин буд, ки ҳамагон аз як падару модар ва аз як аслу решаанд ва далеле барои бартарии яке бар дигарон вуҷуд надорад, магар ба тақво ва парҳезкорӣ.

Ҳаргиз аз ӯ носазое шунида нашуд. Аз ин ҷиҳат, суханон ва хутбаҳои он бузургвор ба мардум, дӯстон ва пайравон ва ҳатто ғуломон ва хидматкорон эҳтиромомез ва чунон буд, ки гӯё бо аҳли хонаи худ муошират дорад.

Аз ин рӯ, он ҳазрат дар яке аз суханонаш дар ҳамин росто чунин мефармояд:

Муҳаббат нисбат ба мардум ва изҳори дӯстӣ ба онон нимае аз ақл мебошад.

Ҳамчунини он бузургвор дар равобити худ бо мардум нигоҳе ҳамроҳ бо матонат ва меҳрубонӣ дошт ва бо чеҳраи кушода бо онон бархурд мекард. Ба гунае, ки афроде меомаданд ва бидуни ҳеч гуна мушкиле мушкилоти худро бо вай дар миён мегузоштанд.

 

Пайнавиштҳо:

    Туҳафулуқул, с. 520, ҳадиси 15, Биҳоруланвор, ҷ. 78, с. 335.

    Дар мактаби олими оли Муҳаммад, с. 121.

 

 

Барчасп