Фоидаҳои истифода аз заъфарон
Заъфарон- гиёҳе аст бумии Аврупо ва Осиё, ки ағлаб ба сурати хушкшуда ба унвони адвия(давогӣ ё доругӣ) ва дамкарда истифода мешавад.
Ин доругӣ хеле ҳам гарону қиммат аст. Далели он ҳам ин аст ки аз ҳудуди 400 ҳазор адад гиёҳи заъфарон танҳо як килограм доругии заъфарон ба даст овардан мумкин аст.
Агарчи заъфарон ахиран ба далели гарон будан ва огоҳиву шинохти мардум аз дигар гиёҳони доруӣ, ки илова бар ин ки хосияти хубе доранд ва ба андозаи заъфарон ҳам гарон нестанд, эътибор ва маҳбубияти қаблии худро аз даст дода, аммо ба ҳар ҳол ин гиёҳ дорои хосиятҳои дармонии фаровоне аст:
Зидди афсурдагӣ
Чои заъфарон барои дармони афсурдагӣ низ истифода мешавад. Гузориш шуда аст, ки дарёфти миқдори зиёде аз дамкарда ва ё адвияи заъфарон муҷиби эҳсоси шодӣ ва хушҳолӣ мешавад.
Пешгирӣ аз саратон
Заъфарон дорои каротиноидҳо аст ва бар тибқи ёфтаҳои илмӣ ин каротиноидҳо вокунишҳои мухталифе дар баробари карсиномаи саратон, тудаҳои бадхими саратон (саркома) ва лейкемия дар инсонҳо эҷоди мекунанд.
Саломатии дил
Бар асоси мутолиъоти анҷомшуда гузориш шуда аст, ки чои заъфарон аз ҷамъшавии холестерин дар рагҳо пешгирӣ мекунад ва ба ин тартиб аз бемориҳои қалбӣ ҷилавгирӣ мекунад.
Таскини дардҳои шикам
Дамкардаи заъфарон барои дардҳои андак то шадиди шикам ва қисми болоии шикам таъсиргузор аст. Ҳамчунин дардҳои мембранаи рудаи калонро низ ором мекунад.
Коҳиши фишори хун
Дамкардаи заъфарон дорои маводе аст, ки ба он кросетин мегуянд, ки фишори хунро поин меоварад. Ба ҳамин далел заъфарон ба пешгерӣ аз афзоиши фишори хун кумак мекунад.
Коҳиши дарди қоъидагӣ
Дар солҳои гузашта заъфарон ба унвони як муҳаррик барои таҳарруки қоъиадагӣ(переод) дар заноне ки одати моҳиёнаи муназзам надоштанд истифода мешуд. Дамкардаи гиёҳи заъфарон ҳамчунин барои коҳиши хунрезии раҳим(баҷадон), сабукии хунрезӣ ва коҳиши дарди бархоста аз қоъиадагӣ ба кор бурда мешавад.
Албатта ин чой набояд тавассути занони бордор истеъмол шавад, чаро ки дар шуморе аз таҳқиқот дида шуда аст, ки муҷиби сиқти худ ба худии ҷанин мешавад.
Хилтовар(балғам)
Дамкардаи заъфарон муҷиби таҳрики истифроғ(дилбеҳузурӣ ва партофтан) ва сурфа ба манзӯри таскини дарди сина,гулу ва меъда мешавад.
Фоидаҳои дигар
Чои заъфарон барои дармони бисёре аз бемориҳо монанди асма, сурфа,хушкии пуст, ҳамлаи асабӣ, гази меъда, сузиши сари дил, бехобӣ ва инзоли зудрас муфид аст.
Аз дигар фоидаҳои заъфарон ин аст,ки муҷиби рушди муҳои пушти сар ба сурати мавзеъӣ мешавад.