Хосиятҳои дармонии гиёҳи коснӣ аз нигоҳи Имом Ризо (а)
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i16178-Хосиятҳои_дармонии_гиёҳи_коснӣ_аз_нигоҳи_Имом_Ризо_(а)
Дар тибби суннатӣ ва исломӣ коснӣ (Cichorium intybus L)-ро тасфиякунандаи хун дониста ва муътақиданд, ки асароти фоидабахшӣ рӯйи ҷигар ва талха мегузорад ва ҳамчунин барои пешгирӣ аз нороҳатиҳои меъда ва тақвияти мизоҷ аз он истифода мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 24, 2017 09:42 Asia/Dushanbe
  • Хосиятҳои дармонии гиёҳи коснӣ аз нигоҳи Имом Ризо (а)

Дар тибби суннатӣ ва исломӣ коснӣ (Cichorium intybus L)-ро тасфиякунандаи хун дониста ва муътақиданд, ки асароти фоидабахшӣ рӯйи ҷигар ва талха мегузорад ва ҳамчунин барои пешгирӣ аз нороҳатиҳои меъда ва тақвияти мизоҷ аз он истифода мешавад.

Барои коснӣ, ки табиате сард ва тар дорад, дар пизишкӣ аҳамияти зиёде қоиланд, то ҷое ки Абӯалӣ Сино дар мавриди гиёҳи коснӣ ва хавоси он рисолае нигошта аст. Дар омӯзаҳои пизишкии аҳли байт алайҳимуссалом ҳам аз фавоиди коснӣ бисёр сухан ба миён омада аст. Паёмбари акрам (с) фармудаанд: Барге аз коснӣ нест, магари қатрае аз биҳишт бар он бошад.

Дар манобеи арабӣ аз коснӣ бо унвони «هندباء» ёд шуда аст. Тибқи мутолиоти наве, ки бар рӯйи ин гиёҳ анҷом шуда, ба даст омада аст, ки коснӣ барои тамоми аъзои дохилӣ аз қалб ва ҷигар ва меъда муфид аст ва онҳоро ба фаъолияти солим вомедорад.

Имом Ризо (а) дар бораи сабзиҷот фармуд: Беҳтарини онҳо коснӣ ва коҳу мебошад.

Муҳаммад ибни Исмоил мегӯяд: Шунидам Имом Ризо (а) мефармояд: Коснӣ шифои ҳазор дард аст, ҳеч дарде дар шикам нест, магар ин ки бо коснӣ хуб мешавад.

Имом Ризо (а) ҳамчунин дар бораи хавоси дигари коснӣ мефармояд: Сабзии коснӣ бихуред, чунки он мол ва фарзандро зиёд мекунад ва ҳар кас ки дӯст дорад мол ва фарзандаш зиёд шавад ба хӯрдани коснӣ мудовимат намояд. (1)

Аммо бояд донист, ки осори коснӣ дар ибтидои масрафи заиф ва ғайримаҳсус аст ва ба ҳамин ҷиҳат бояд ба масрафи он мудовимат дошт, то бо мурури айёми осори шифобахши он зоҳир гардад. (2)

Ҳамчунин аз Имом Ризо (а) нақл шуда аст, ки хӯрдани коснӣ муҷиби шифо ёфтан аз ҳар дард ва беморӣ аст, ҳеч дарде дар даруни инсон нест, магар он ки коснӣ онро аз байн мебарад.

 Муҳаммад ибни Исмоил мегӯяд: Рӯзе Имом Ризо (а) баъзе аз мулозимонро, ки таб ва сардард гирифта буданд, даъват кард. Он ҳазрат дастур дод барги косниро кубида, сипас бар рӯй коғаз қарор дод ва равғани бунафша бар он рехта ва бар сари бемор бигузоранд, сипас фармуд: Бидонед, табро решакан ва сардардро (аз байн) мебарад. (3)

 

  1)  Макоримулахлоқ, с.178.

 2)   Гулҳо ва гиёҳони шифобахш, с.169, ба нақл аз Исломпизишки бедорӯ, с.230.

 3)   Кофӣ, ҷ.6, с.363.