Апрел 26, 2017 12:11 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои Имом Ризо (а) барои хӯрок дар фасли баҳор

Имом Ризо (а) дар бораи тадобири моҳҳо ва риояти режими хосси ғизоии ҳар моҳ мутобиқи моҳҳои румӣ тавсияҳои муфиде ироа кардаанд.

Тибқи аҳодис ва ривоёти исломӣ дар ҳар фасле аз сол, ки ҳастем бояд мутобиқ бо обу ҳавои он фасл тағзия дошта бошем, то дар системаи бадани мо ихтилол ба вуҷуд наояд. Мо дар ин ҷо тавсияҳои Имом Ризо (а)-ро барои тағзия дар фасли баҳор мурур мекунем:

Имом Ризо (а) мефармояд: Гӯштҳои чарбидор ва дигар ғизои махсуси зимистонро табдил ба ғизои сабук ва муътадил ва зудҳазм кунед, ин ғизоҳо иборатанд аз: ҳубубот, сабзиҳо ва меваҳо.

Имом Ризо (а) дар сухане дигар мефармояд: Дар моҳи дувуми баҳор гӯшт ва чарбӣ кам бихуред ва бештар аз ғизоҳои бо табъи сард истифода кунед, об зиёд бинушед ва субҳҳо ҳаммом кунед ва бо нишот ба талош машғул шавед.

Имом Ризо (а) тавсия мекунанд, ки сардиҳоро дар фасли гарм ва гармиҳоро дар фасли сард масраф карда ва дар фасли баҳор ва тирамоҳ, ки обу ҳавои муътадил доранд, аз ғизои муътадил истифода кунед. Бинобар ин набояд дар фасли баҳор ва тирамоҳ ғизои хеле гарм ва хеле сардро масраф кард.

Имом Ризо (а) ҳам монанди ҳамаи имомон тавсия ба ҳиҷомат карда аст. Он ҳазрат фасли баҳорро беҳтарини замон барои анҷоми амали ҳиҷомат дониста ва мефармояд: "Дар ин фасл хун ба ҳаяҷон дар меояд. Бинобар ин аз ҳиҷомат дар ин фасл истифода кунед".

 

Манбаъ: Тиббу-р-Ризо.

 

Барчасп