Май 04, 2017 12:53 Asia/Dushanbe
  • Омилҳои баракат дар зиндагӣ аз нигоҳи Имом Ризо алайҳиссалом

Баракат дар зиндагӣ мавзӯе аст, ки дар фарҳанги исломӣ ба унвони як асл шинохта шуда ва омилҳои зиёде дар он дахолат дошта ва робитаи мустақиме бо чигунагии истифодаи дуруст ва муносиб аз неъматҳои илоҳӣ дорад.

Баракат чист ва чӣ гуна мешавад чизҳо, хоҳ модӣ моддӣ ва хоҳ маънавӣ, дорои баракат шавад ва агар чизе дорои баракат шавад, чӣ иттифоқе меафтад.

Худованд илова бар он ки бисёре аз неъматҳои худро бо таъбири "муборак" дар Қуръони карим ёд карда, ба зебоӣ ба асли баракат ишора карда ва мефармояд:

 

وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرَى آمَنُواْ وَاتَّقَواْ لَفَتَحْنَا عَلَيْهِم بَرَكَاتٍ مِّنَ السَّمَاء وَالأَرْضِ

 

Ва агар мардуми шаҳрҳо имон оварда ва ба тақво гароида буданд, қатъан баркоте аз осмон ва замин бар эшон мегушудем. (Сураи Аъроф, ояи 96)

Аллома Табарсӣ дар тафсири ин оя менависад: Худованд мефармояд: Аз ширк ва гуноҳон бипарҳезед, то мо дарҳои баракот ва хайроти такомулбахшро аз осмон ба василаи омадани борон ва аз замин ба хотири рӯидани гиёҳон ва ба вуҷуд омадани меваҳо нозил гардонем.

Дар баракат, ҷанбаи илоҳӣ ва маънавӣ ҳам бисёр таъсиргузор аст ва ба фузунӣ ва мондагории неъмат кӯмак карда ва дар ниҳоят, инсонро ба саломати дунявӣ ва саодати ухравӣ наздик месозад. Ин мавзӯъ дар баёноти Имом Ризо алайҳиссалом ҳам аз ҷиҳатҳои гуногуне матраҳ шуда ва он ҳазрат дар баёноти мухталифе ин асли муҳими зиндагии иҷтимоии башарро ёдовар шудаанд.

Имом Ризо алайҳиссалом дар бораи омили муҳими баракат, яъне итоати Худованд мефармояд: Худованди мутаъол ба яке аз паёмбарон ваҳй фиристод ки: «Ҳар гоҳ ман итоат шавам, розӣ мегирдам ва он гоҳ ки ризоят доштам, баракат медиҳам ва баракати ман ҳам бепоён аст. (1)

Абусалти Ҳиравӣ ривоят мекунад, ҳангоме ки ҳазрати Имом Ризо алайҳиссалом ба Санообод ворид шуданд ба канори кӯҳе наздикии Санообод, ки аз сангаш дег ва дегчаи сангӣ дуруст мекунанд, расид, ба таҳтасанге аз кӯҳ такя заданд ва рӯ ба осмон карданд ва фармуданд: Худовандо! Мардумро аз ин кӯҳ сӯд бирасон ва ғизоеро, ки мардум дар дегҳо ва зарфҳои сангии ин кӯҳ мепазанд, баракат ато фармо.

Сипас, дастур доданд, дегчае аз ҳамон санг барояшон биоваранд ва фармуданд: Ғизои маро дар ҳеч зарфе напазед, магар дар ҳамин зарфҳои сангӣ.

Метавон гуфт, ки яке аз муҳимтарин авомили баракат дар ризқу рӯзӣ, доштани имон ва тақво (амал ба воҷибот ва тарки муҳаррамот) буда ва инҳироф аз роҳи Худо, худ сабаби заволи неъмат ва нобудии баракат аз зиндагӣ мешавад. Имом Ризо алайҳиссалом ба нақл аз Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд:

Уммати ман то ҳангоме ки якдигарро дӯст бидоранд, ба якдигар ҳадия диҳанд, амонатдорӣ кунанд, аз ҳаром иҷтиноб кунанд, меҳмонро гиромӣ доранд, намозро ба пой доранд ва закот бидиҳанд, дар хайр ва хубӣ хоҳанд буд. Пас, агар ин умурро анҷом надиҳанд, ба қаҳтӣ ва хушксолӣ мубтало хоҳанд шуд. (2)

Имом Ризо алайҳиссалом ҳамчунин дар баёне дигар мефармоянд: Ризқу рӯзии камро ночиз машуморед, зеро ин кор шуморо аз неъматҳои фаровон маҳрум месозад.

Яке аз авомили баракат дар зиндагӣ аз нигоҳи Имом Ризо алайҳиссалом таловати Қуръон аст.

Аз Имом Ризо алайҳиссалом ривоят шуда, ки ҳазрати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуд: Барои хонаҳои худ саҳме аз тиловати Қуръон қарор диҳад, чун ҳар кас дар хонаи худ Қуръон тиловат кунад, корҳо аҳли он хонаи осон гардад ва хайру баракат дар он хона зиёд шавад ва ҳар хонае, ки дар он Қуръон таловат накунанд, кор бар аҳли он танг шавад ва хайру баракат дар он хона кам гардад ва сокинони он бебаракат ва дар нуқсон бошанд.

Омили дигари эҷоди баракат дар зиндагӣ ёд ва номи Худо дар корҳо аст. Дар ин замина Имом Ризо алайҳиссалом ба нақл аз Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи васаллам мефармоянд: Худованд фармуд: Ҳар гоҳ банда бигӯяд: Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Худои мутаъол мегӯяд: Бандаи ман бо номи ман оғоз кард. Бар ман аст, ки корашҳояшро ба анҷом расонам ва ӯро дар ҳамаи ҳол баракат диҳам. (3)

 

Пайнавиштҳо:

Мизонулҳикма, ҷ.1, 1700

Уюну ахбору-р-Ризо (а), ҷ.2, с.29.

Уюну ахбору-р-Ризо (а), ҷ.2, с.269.

 

Барчасп