Май 17, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • Нукоте дар бораи тухми мурғ дар каломи Имом Ризо (а)

Барои афроде, ки бемориҳои қалбӣ ва уруқӣ, фишори хуни боло, диабет ё собиқаи ҳассосият ба тухми мурғ доранд, масрафи се тухми мурғ дар ҳафта пешниҳод мешавад.

Имом Ризо (алайҳиссалом) дар бораи тухми мурғ мефармояд:

* Хӯрдани ҳамешагии тухми мурғ, сабаби пайдоиши кунҷидак дар чеҳра мешавад.

* Зиёд тухми мурғ хӯрдан ва одат кардан ба он, бемории сипурз (сиёлабак) меоварад ва эҷодкунандаи бодҳо дар сари меъда аст ва зиёд хӯрдани тухми мурғи обпаз, нафастангӣ меоварад.

* Дар баёне дигар аз ҳамзамон хӯрдани тухми мурғ ва моҳӣ барҳазар дошта мефармояд: Бояд аз ин бипарҳезӣ, ки тухми мурғ ва моҳиро ҳамзамон дар меъда гирд оварӣ, чунки ҳар гоҳ ин ду бо якдигар гирд оянд, кулинҷ, боди бавосир ва дандондард ба вуҷуд меоваранд.

Тавсия тибби суннатӣ дар бораи масрафи тухми мурғ

 Мизоҷи он: Зардаи он моил ба гармӣ ва сафедии он сард ва тар аст.

Зарадаи тухми мурғи нимпаз қобилияти тағзияи болое дорад ва тавлиди маводи хуб ва солим мекунад ва фузулоти каме дорад.

Зарадаи тухми мурғ муқавии қалб ва мағз ва неруи ҷинсӣ аст.

 Зарадаи тухми мурғ муфид дар аз даст додани хун ва дар давраи пас аз беморҳо муфид аст.

    Тухми урдак ва тухми мурғобӣ ва тухмҳои мушобеҳи онҳо ғализ ва дерҳазм буда, бӯи бад дорад ва хилти фосид тавлид мекунад.

6. Муносибтарин ва зудҳазмтарин ва хушшаклтарин пухти тухми мурғ, нимпаз аст.

7. Ҷӯшондани зиёди тухми мурғ боиси дерҳазмии он махсусан дар меъдаҳои рутубатӣ мешавад ва ислоҳи он бо овешан ва филфил ва намак аст.

8. Масрафи зиёди он барои мизоҷи сард ва меъда‌и заиф зараровар аст.

9. Ислоҳ бо намак ва филфил ва сирка сабаби латиф шудани он мешавад.

10. Хурдани зардаи хоми он ҷиҳати тасфияи савт ва сӯзиши масона муфид аст.

11. Сафедии он тавлидкунандаи хилти хоми дерҳазм аст ва фақат меъдаҳои гарм метавонанд онро ҳазм кунанд.

12. Тавсия шуда аз масрафи зиёди сафедии тухми мурғ дар давраи бордорӣ парҳез шавад.

13. Масрафи зиёд ва тӯлонимуддати тухми мурғ боиси эҷоди доғҳои пӯстӣ дар чеҳра ва бодҳои сард дар тиҳол ва меъда мешавад.

14. Ҳамчунин беморони дорои санги кисаи сафро (талхадон) беҳтар аст аз масрафи тухми мурғ парҳез намояд.

 

 

 

Барчасп