Июн 14, 2017 11:12 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои имом Ризо (а) дар бораи беҳдошти бордорӣ

Тағзияи муносиб ва таваҷҷуҳ ба таъмини маводи ғизоии мавриди ниёзи модар метавонад бар ҷанин ва ояндаи фарзанд таъсироти фаровоне дошта бошад.

Имом Ризо (а) мефармоянд: "Занони бордор кундур бихуранд то фарзанде, ки дар батн доранд, агар писар аст бо ҳуш ва доно ва шуҷоъ ва агар духтар аст хушқиёфа ва хушахлоқ гардад".

Имом Ризо (а) ҳамчунин фармуданд: "Хурдан биҳӣ ақл ва ҳушро зиёд мекунад. Яке аз нороҳатиҳои шоеъ дар даврони бордорӣ уфунати пешобӣ аст. Нигаҳ доштани идрор латмаи ҷуброннопазире ба гурдаҳо, массонаҳо простат мезанад. Дониши имрӯзӣ собит кардааст, ки ағлаби мушкилоте ҳамчун сӯзишҳои маҷроӣ, беихтиёрии идрор, идори пушти сариҳам, ихтилот бо хун ва зиёдии он ва ихтилолҳои масона, варами простат ва ғайра бар асари ҳабси бавл аст. Зеро ки идрор хосият асидӣ дорад ва чунончӣ дафъ нашавад, эҷоди захм ва бемориҳои бисёр мекунад".

Имом Ризо дар ин замина мефармоянд: "Ҳар кас мехоҳад масонааш ба оризае гирифтор нашавад, пешоби худро нигаҳ надорад, ҳатто агар бар пушти мураккаби хеш нишаста бошад".

Имом Ризо (а) мефармоянд: "Чун гурусна шудӣ бихур, чун ташна шудӣ бинӯш, чун идрор бар ту фишор овард, идрор кун,  ки инҳо мояи тандурустӣ аст".

Мубтало шудан ба камхунӣ аз дигар мавориди шоеъи даврони бордорӣ аст. Имом Ризо (а) барои рафъи камхунӣ дастуруламалҳое доранд. Дар миёни сабзиҷот коҳу пур аз намакҳое маъданӣ аст. Аз ин рӯ масрафи он таъсири аҷибгунае дар тасфия хун дорад. Дар ҳамин замина имом Ризо ба пайравони худ тавсия мефармуданд: "То метавонед коҳу бихуред, зеро коҳу риққати хунро аз байн мебарад ва беҳтар аз сойири сабзиҷот, хунро тасфия менамояд. Коҳу хобовар ва оомбахш аст, бинобарин барои ашхоси асабонӣ ва касоне, ки мубтало ба бехобӣ ҳастанд, муфид аст".

Дар таъйиди ҳамин матлаб имом Ризо алайҳиссалом дар баёни дигаре мефармоянд: "Сабзиҷоти беҳтарин коснӣ ва коҳу аст".

Яке аз роҳҳои доштани хуни солим кӯмак ба тавлиди хуни хуб ва тоза дар бадан аст. Боқулӣ ин корро дар бадани мо анҷом медиҳад. Хӯрдани ин моддаи ғизоӣ дар тибби аимма (а) ба мо тавсия шудааст.

Аз имом Ризо (а) ва сойири аимма нақл шудааст, ки хӯрдани боқулӣ мояи тақвияти мағзи устухонҳои соқи по мешавад, тавони мағзро афзун месозад ва хуни тоза тавлид мекунад.

Имом Ризо (а) ҳамчунин дар мавриди хосияти хунсозии анор мефармоянд: "Оби анор бинӯшед, ки инсонро нерӯманд ва хунро зинда месозад". Ва ҳамин хосиятро барои санҷид зикр фармудаанд: "Санҷид зидди исҳол ва хунрезӣ аст. Барои сина муфид ва заҳролудшавии меъда ва рӯдаҳоро зоил ва сардардро таскин медиҳад. Анор ҳам дар тибби исломӣ аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор буда ва ҳамвора мавриди таъкиди аимма (а) қарор доштааст.

Имом Ризо (а) низ ҳамонанди аҷдоди бузургвори хеш ҳамеша бар хурдани анор таъкид мекарданд. Дар ин маврид дар ҳадисе фармуданд:"Анори ширин ва турш бимакед, зеро ки инсонро нерӯ медиҳад ва хунро зинда месозад".

Дар пизишкии навин хурдани анор барои кӯмак ба рушди ҷанин ва саломати фарзанд тавсия шудааст. Дар ҳамин замина имом Ризо (а) анорро мевае медонанд, ки барои овардани фарзандони солим тавсия мекунанд ва мефармоянд, ки анор фарзандро зебо мегардонад.

Аз мавориди дигаре, ки дар даврони бордорӣ мумкин аст иттифоқ биафтад геморой аст. Имом Ризо алайҳиссалом мефармоянд" Ҳар шаб ҳафт хурмои марғуб бо равғани гов ҷиҳати пешгирӣ аз гемоой хуб аст.

 

Барчасп