Кормандон бихонанд!
Бар асоси мутолеоти анҷомшуда ҳар чи замони бештаре дар ҳолати нишаста бошед, ба ҳамон андоза аз умри Шумо коста мешавад.
Барои анҷоми ин таҳқиқ шеваи зиндагии 120 ҳазор фарди амрикоӣ ба муддати 14 сол мавриди баррасӣ қарор гирифт. Натоиҷ нишон дод, афроде ки сабки зиндагии камҳаракат ва шуғлҳои нишаста доранд тӯли умри кӯтоҳтаре хоҳанд дошт. Ин иртибот бо дар назар гирифтани омилҳое монанди сол, фарбеҳӣ ва тағзия ҳамчунон вуҷуд дошт.
Натиҷаҳо ҳикоят аз он дорад, афроде ки беш аз 6 соат дар рӯзро дар ҳолати нишаста ба сар мебаранд бо эҳтимол 37 дарсад бештар аз афроде, ки камтар аз 3 соат дар рӯз нишстаанд, дар хатари марг қарор доранд.
Дар идомаи ин мутолеот мушаххас шуд, афроде ки пас аз замони муайяни нишастан муддатеро ба варзиш мепардозанд бо хатари камтаре рӯбарӯ ҳастанд, аммо зарарҳои хатарноки нишастани тӯлонимуддат ҳамчунон дар онҳо вуҷуд дорад. Муҳаққиқон ҳамчунин дарёфтанд, бештарин хатари маргу мир дар камини афроде аст, ки натанҳо сабки зиндагии нишаста доранд, балки варзиш ва фаъолияти баданӣ низ анҷом намедиҳанд.
Мутолеоти қаблӣ низ баёнгари он буд, ки нишастан ба муддати тулонӣ ва дар ағлаби сооти шабонарӯз хатари бемориҳои хатарноке ҳамчун бемориҳои қалбӣ- уруқӣ (шараёни раг) ва диабети навъи ду афзоиш медиҳад.
Сарпарасти ин гурӯҳи таҳқиқот тавсия мекунад, агар шуғле доред, ки ночоред соатҳои тӯлонӣ дар тӯли рӯзро пушти миз бинишинед, аз ҳар фурсати кӯтоҳе барои таҳаррук истифода кунед ва аз пушти миз бархезед ва каме роҳ биравед.