Хосияти асал
Дар Қуръони карим аз асал ба унвони ҳадяи илоҳӣ ва шифобахш ёд шуда ва ҳатто як сура ба номи занбӯри асал (Наҳл) ихтисос ёфтааст.
Паёмбари бузургвори ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар мавриди хавоси асал мефармоянд: "Асал дармон дармон аст".
Асал қабл аз ин ки як ғизои муфид бошад, як иксири пурарзише аст, ки солҳои сол ба унвони дору ва дармон дар милали мухталиф мавриди истифода қарор гирифтааст.
Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҳеч моддае ба андозаи асал саршор аз маводи ғизоӣ намебошад. Асал барои рушди тамоми аъзои бадан муфид аст ва аксари аносури ҷузъӣ ва маводи маъданиву витаминро дорост. Асал ба таври муъҷизаосо дар дармони анвои бемориҳо, тармими анвои захмҳо, дар контроли уфунатҳои сӯхтагӣ, тақвияти борварии мардон ва ғайра муассир аст. Ҳамчунин имрӯз аз муҳтаво ва таркиботи мунҳасир ба фарди асал як моддаи зиддимикроб ва антиоксидони қавӣ дуруст мекунанд.
Имом Ризо (а) дар бораи асал мефармоянд: "Ҳар кас мехоҳад дар зимистон аз бемории сармохӯрдагӣ дар амон бимонад, ҳамарӯза се қошуқ асал бихурад.
Асали солим нишонаҳое дорад. Он даста аз асалҳо, ки вақте ҷилави димоғ мегиред, бӯи тундаш шуморо ба атса во медорад ё асале, ки одамро дучори беҳолӣ ва сустӣ мекунад ва он асале, ки забони одамро месӯзонад, асалҳои хубе нестанд.
Имом Ризо (а) дар ҷойи дигар низ мефармоянд: "Дар асал дармони ҳар дарде аст. Ҳар кас ношто як ангушт аз он билесад, ин асал балғами вайро поён медиҳад, сурфаро фурӯ менишонад, талхаи сиёҳ (зардоб) -ро монеъ мешавад, зеҳнро сафо мебахшад ва агар ҳамроҳ бо кундур хурда шавад, ҳофизаро некӯ месозад.
Аз гузашта то кунун, аз асал дар дармони бисёре аз бемориҳо истифода шудааст. Муҳимтарин хосияти асал, зиддимикробӣ будани он аст. Дар ҳоле, ки асал як моддаи комилан хӯрокӣ аст ва боястӣ муҳити хубе барои парвариши микробҳо бошад, валекин микробҳо дар маърази асал нобуд шуда ва аҷсоди онҳо низ ба мурур аз байн меравад. Асал дорои антиоксидон аст, аз ин рӯ масрафи он барои саломати қалб ва раг (уруқ) муфид аст. Асал ба саломати пӯст кӯмак мекунад ва зиддипирӣ аст. Дар қадим бисёре аз доруҳоро бо асал махлут мекарданд, зеро хосияти беҳбудбахшии доруҳоро чанд баробар мекарда ва имрӯз ҳам аз асал дар бисёре аз маҳсулоти ороишӣ ва беҳдоштӣ истифода мекунанд.
Абуалӣ Сино, донишманди бузурги эронӣ ва бузургтарин шахсияти пизишкии он замон дар китоби "Қонун"-и худ даҳҳо нусха бар пояи мум ва асал ба кор бурдааст ва хосиятҳои шифобахши асалро дар дармони анвои бемориҳо ёдовар шудааст. Ӯ менависад: "Асал дар ҳангоми зиёд шудани балғам андарунро тақвият, нерӯро зиёд, иштиҳоро боз мекунад. Ба ақидаи вай асал ғизое аст, ки баданро солим ва қавӣ мекунад, ҳофизаро нерӯ мебахшад ва гузаштаро дар хотир зинда мекунад. Андешаро пок ва забонро мекушояд.
Бузургони динии мо дар асрҳои гуашта бо илҳом аз нерӯи ваҳй ва худовандӣ бар фоидаи ғизои мухталиф, аз ҷумла асал ва корбурди он дар дармони бемориҳои мухталиф таъкид ва бар пайравони хеш масрафи онро тавсия намудаанд. Имом Ризо (а) (ع) аз аҷдоди гиромиашон нақл мефармояд, ки расули Худо (с) фармуд: "Агар дар чизе дармон бошад, дар нештари ҳиҷоматгар ё шарбате аз асал аст".