Июл 11, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Фавоиди масрафи олӯ дар каломи Имом Ризо (а)

Олӯ дардҳои зиёдеро таскин медиҳад ва барои дармони бемории осма ва дармони бемории ҷигар бисёр муфид аст.

Имом Ризо (а) дар бораи масрафи олӯ мефармоянд: "Олӯи тоза ҳароратро хомӯш ва суфраро таскин медиҳад ва олӯи хушк хунро сокин мекунад ва дарди муҳликро осон ва аз байн мебарад".

Тавсияҳои тибби суннатӣ дар бораи масрафи олӯ:

1 ) Табъи олӯи навъи ширини он сард ва тар аст ва навъи хушкаш бештар сард аст. Барги он сард ва хушк аст.

 2 ) Барои дармони пӯст бояд шаб 10 дона олӯ ва 5 дона анҷир дар як ливон об тар карда шуда ва субҳ ё охири шаб майл шавад.

3 ) Олӯ дорои витаминҳое чун А, Б, Б 2, П ва С мебошад ва маводи маъдание чун оҳан, калсиюм, фосфор, манезиюм, манганез флуивер ва гӯгирд дорад.

4 ) Барои беморони ҷигар, 10 субҳ ва 5 аср майл шавад. Албата олӯи тоза ё хушкро тар кардан беҳтар аст.

5 ) Олӯ дафъкунандаи авра ва чарбии хун мебошад, субҳи ношто тар карда аз он истифода шавад.

6 ) Касоне, ки бемории қанд доранд, саъй кунанд олӯ бимаканд.

7 ) Олӯ барои касоне, ки гирифтагии уруқ (рӯда) доранд, муфид мебошад.

8 ) Барои дармони бемороне, ки аз осма ранҷ мебаранд, аз субҳ то шаб 10 дона  олӯ макидан муфид аст.

9 ) КАсоне, ки камхун ҳастанд, олӯро ба сурати таркарда даҳ субҳ майл кунанд.

10 ) Олӯ дардро таскин медиҳад ва бартарафкунандаи дарди мафосил аст.

11 ) Касоне, ки дар зиндагӣ шикастҳо хӯрдаанд ва ин шикастҳо боиси заъфи умумии бадани онҳо шудааст, хуб аст, ки аз тар кардаи олӯ субҳ дар ношто истифода кунанд, барои дармони заъфи умумии бадан муносиб аст.

12 ) Барои дармони сардардҳои гарм, қабл аз ғизо олӯи тоза ё хушк майл шавад.

13 ) Молидани олӯи тар барфҳои даҳони бачаро аз байн мебарад.

14 ) Олӯ бартарафкунандаи ташнагӣ ва ҳарорати дил аст.

15 ) Касоне ки ба хотири ғалабаи савро ошуфтаҳол ҳастанд, шаб вақти хоб аз олӯи тар истифода кунанд.

16 ) Олӯи ваҳшӣ, манзур ғайрипайвандӣ барои меъда музир аст.

17 ) Олӯ саршор аз петосиюм аст.

18 ) Барои хурд кардани санги гурда макидани олӯ кӯмак мекунад.

19 ) Касоне, ки ихтилоли ҳавос доранд, аз оши олӯ истифода кунанд.

20 ) Барои дафъи кирмҳои меъда оби олӯи бухорро субҳ дар ношто бинӯшед. Нисфи ливон (стакан) ба муддати 4 рӯз, ҳар рӯз субҳи ношто хӯрда шавад.

21 ) Барои дармони варами гулӯ ва тақвияти ласса аз пухта ва ҷӯшондаи барг ва соқаи олӯ ба сурати ғар-ғара истифода шавад.

22 ) Олӯ барои сардмизоҷон ва касоне, ки нафхи шикам доранд, музир аст.

23 ) Олӯ бӯи бади даҳонро аз байн мебарад.

 

Барчасп