Заъфарон- муҳофизи биноӣ
(last modified Wed, 12 Jul 2017 04:45:02 GMT )
Июл 12, 2017 09:45 Asia/Dushanbe
  • Заъфарон- муҳофизи биноӣ

Дистрофия яке аз бемориҳои чашмии даврони пирӣ аст.

Пажуҳишгарони Австралия дар мутолиъоти  худ дарёфтанд, ки заъфарон, дорои яке аз омилҳои калидӣ  дар пешгирӣ аз коҳиши  қудрати биноӣ ва нобиноӣ аст.

Ин мутолиъот ки дар яке аз марказҳои чашмпизишкӣ ва таҳқиқоти биноии  Австралия анҷом шуд нишон дод, ки гиёҳи заъфарон таъсири  қобили мулоҳизае  бар руи генҳо дорад, ки амалкарди ҳуҷайраҳои биноиро танзим мекунад.

Дар идомаи ин таҳқиқ шуморе  аз беморони мубтало ба таҳлили дистрофия вобаста ба син  (навъе бемории  чашми бархоста аз пирӣ)  мавриди озмоишоти болинӣ  қарор гирифтанд.

Дар ин баррасиҳо мушаххас шуд,ки дармони  саривақтии  ин беморон бо доруҳои  дорои  усораи заъфарон метавонад осеби воридшуда ба ҳуҷайраҳои биноиро тармим намуд.

Бар асоси ин пажуҳиш усораи заъфарон на танҳо ҳуҷайраҳои гирандаи нур дар чашмро аз хароб кардан ҳифз мекунад,балки метавонад аз беморҳои ҳамчун дистрофия ва варами  рангдонаҳои  шабакаи чашм (навъе бемори чашмии генетикӣ ва муҳимтарин омили шабкурӣ) пешгирӣ намуд  ва ҳамчунин онҳоро беҳбуд бахшид.

Барчасп