Хусусиятҳои дармонбахши асал дар каломи Имом Ризо
(last modified Sat, 15 Jul 2017 04:01:47 GMT )
Июл 15, 2017 09:01 Asia/Dushanbe
  • Хусусиятҳои дармонбахши асал дар каломи Имом Ризо

Худованд дар Қуръон, дар сураи "Наҳл" онро ба унвони моддаи шифобахш барои инсон муаррифӣ намудааст.

Паёмбари акрам (с) ҳам  дар бораи ин модда фармудаанд: «Ҳеҷ маризӣ ба монанди нӯшидани асал шифое пайдо намекунад».

Барои истифодаи беҳтар аз осор ва фавоиди асал шинохти асали хубу бад аҳамияти зиёд дорад.

Имом Ризо (а) дар мавриди асалҳои зиёновар ҳушдор дода, мефармоянд: бидон, эй амир-ул-мӯъминин, ки барои шинохти асали муфид аз музири нишонҳое аст. Баъзе аз асалҳое ҳастанд, ки вақте бӯяш ба машоми инсон бирасад, атса мезанад, баъзе аз асалҳо маззаи тунд ва сӯзанда доранд, ин навъ асалҳо кушандаанд.

Имом Ризо дар мавқеи дигаре навъи дигари асалро шифои дарду беморҳо донистаанд.

Аз Имом Ризо, аз падаронаш, аз Паёмбар (с) нақл шуд, ки фармудаанд: агар дар чизе шифо бошад, дар ҳиҷомат ва нӯшидани асал аст.

Дар ривояте аз Имом Ризо аз аҳамияти асали сухан ба миён омадааст. Аз Имом Ризо (а), аз падаронаш, аз Паёмбар (с) нақл шудааст, ки фармуданд: ба ҳар кас аз шумо, ки асал таоруф карданд, рад накунад ( бигирад ва бинӯшад).

Имро Ризо дар ҷойи дигаре асалро воситаи дармону пешгирӣ аз сармохӯрӣ муаррифӣ кардаанд. Он ҳазрат мефармоянд: ҳар кӣ мехоҳад дар ҳамаи зимистон аз сармохӯрӣ дур бимонад, ҳар рӯз се луқма шаҳд (асал) бихӯрад.

Ӯ дар ривояти дигаре онро дармони дардҳо баршумурда, ба нақл аз Паёмбраи акрам (с) фармудаанд: Худованд баракатро дар асал қарор додааст. Дармони дардҳо дар он аст ва ҳафтод паёмбар давоми судмандии онро аз Худованд хостаанд.

Дар ҳадиси дигаре ба нақл аз Имом Козим (а) дар бораи хусусиятҳои дармонии асал фармудаанд: дар асал дармон ҳар дарде ҳаст, ҳар касе ҳангоми ношто як ангушт аз онро билесад, балғамро дафъ мекунад,  сафроро фурӯ менишонад, монеи зардоб мешавад, зеҳнро сафо мебахшад.

Имом Ризо дар ривояти дигаре асалро мояи тақвияти ҳофиза баршумурда мефармоянд: се чиз ҳофизаро зиёд мекунад ва балғамро аз байн мебарад, ки яке аз он ҳо асал аст.