Июл 30, 2017 09:22 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои пизишкии имом Ризо (а) дарбораи кулия ва маҷории идрор

Наҳваи таомули инсон ва рафтораш бо бадан метавонад омили муҳимме дар ибтило ба нороҳатиҳо ва бемориҳо бошад.

Имом Ризо (а) дар баёне наҳваи ҳаммом карданро дар саломати бадан дахил донистаанд.

Ва ҳамчунин мефармоянд: Ҳаммоми як рӯз дармиён гӯшти баданро зиёд мекунад ва ҳаррӯз ҳаммом рафтан чарбии кулияҳоро об месозад.

Имом Ризо (а) "сарб"-ро баҳамроҳи кулия, маншаи сурур ва шодмонӣ донистанд. Сарб гушти нозук ва пустҳое аст, ки рӯи меъда ва рӯдаҳо ва урӯқ ва шароиро мепушонад. Ибтидояш даҳони меъда ва интиҳояш маъо (рӯда)-и панҷум аст, ки қулун номида мешавад ва иллати инки фараҳ ва хушӣ аз инҷо пайдо мешавад, он аст, ки бавоситаи касрати урӯқ ва шароин, хун ва рутубати бадан ба сӯи кулия ҷазб мешавад ва сабаби сафо ва равшании хун мегардад, хунро рақиқ ва латиф сохта рӯҳро шод ва мунбасит месозад.

Ва дар миёни меваҳо, лимуи туруш ва ширин камбуди ин вазифаро ба беҳтарин ваҷҳ таъмин мекунад. Хурдани лимуи туруш амали таҳолро тақвият мекунад, дар натиҷа маводи бегона, ки дар хун русуб карда ва муҷиби ғилзати он шударо аз байн мебарад.

Коршиносон барои ба кор андохтани кулия, доруҳои зиёде бадаст овардаанд, вале илми ғизошиносии имрӯза, беҳтарин муолиҷаро бавасилаи хурдани ақсоми меваҳо бавижа ангӯр шинохтааст.

Нигаҳ доштани идрор латамоти ҷуброннопазире ба кулияҳо, масона ва простат мезанад. Дониши имрӯза собит кардааст, ки ағлаб мушкилоте ҳамчун сӯзишҳои маҷроӣ, беихтиёрии идрор-идрорҳои пушти сари ҳам-ихтилот бо хун ва зиёдии он ва ихтилолоти масона, варами простат ва ғайра бар асари ҳабси бул аст, зеро идрор хосияти асидӣ дорад ва чунончи дафъ нашавад, эҷоди захм ва носуриҳо ва бемориҳои бисёр мекунад.

Имом Ризо (а) дар ин замина мефармоянд: Ҳаркас мехоҳад, масонааш ба оризае гирифтор нашавад, пешоб (идрор)-и худро нигаҳ надорад, ҳатто агар бар пушти маркаби хеш нишаста бошад.

Ва ҳамчунин мефармоянд: Чун гурусна шудӣ бихур, чун ташна шудӣ бинуш, чун идрор бар ту фишор оварад, идрор кун, ки инҳо мояи тандурустӣ аст.

Ва дар баёне дигар одат доштан ба хурдани гурда ва шикамбаи гусфандро мояи дигаргунӣ дар масона донистаанд.  

Дар ин ҳадис, ишораи имом Ризо (а) ба оризае аст, ки имрӯз дар Урологӣ бо унвони рефлекси масона ба ҳолаб (мизной) аз он ном бурда мешавад.

Ба назар мерасад, манзури имом Ризо (а) аз масона дар ин ҳадис кулли системаи маҷории идрор бошад, ки фармудаанд:

.و اکل کلیة الغنم و اجواف الغنم یغیر المثانة

 "Хурдани гурдаи гусфанд ва туделиҳои он масонаро тағир медиҳад", тағири масона иборат аз ихтилоли маҷории идрор аст.

Вожаи "қуланҷ" ҳатман то ба ҳол ба гӯшатон хурдааст. Буалӣ Сино ва Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ҳар кадом китобе мустақил ва муфассал дар мавриди "қуланҷ" навиштаанд. Қуланҷ анвои мухталифе дошта монанди: қуланҷи кулиявӣ ва кабедӣ ва рӯдаӣ ва... .

Имом Ризо (а) дар ҳадисе дигар мефармоянд: Дохил шудан ба ҳаммом бо шиками пур боиси қуланҷ мешавад.

Ва дар ҳадиси дигаре имом Ризо (а) ҳиҷоматро барои кулияҳо нофеъ дониста ва мефармоянд: Ҳиҷомат аз соқин дар мавриди дардҳои музмин, ки дар кулия ва масона ва ... пайдо мешавад, судманд аст. 

 

 

Барчасп