Июл 31, 2017 09:16 Asia/Dushanbe
  • Хосияти санҷид ва тавсияи Имом Ризо (а)

Санҷид саршори витаминҳост ва гуруснагиро коҳиш медиҳад.

Зеро хосияти серкунандагии болое дорад ва дар афроде, ки мушкилоти дастгоҳи гуворишӣ (ҳозима) доранд, бисёр муфид аст. Санҷид аз он даста меваҳое аст, ки дар ривоёти исломӣ барои он хосиятҳои мухталифи дармонӣ зикр шуда ва онро барои гурдаҳо ва меъда муфид донистаанд.

Аз ҷумла дар ривояте омадааст: "Санҷи  гӯшташ гӯшт мерӯёнад, устухонаш устухонро рушд медиҳад ва пӯсташ пӯстро мепарварад. Илова бар ин, санҷид гурдаҳоро гарм мекунад ва меъдаро пок месозад. Мояи эминӣ аз нemorrhoid (гемарой) аст. Соқи пойро қавӣ мекунад ва раги ҷаззомро қатъ менамояд.

Имрӯз коршиносони тағзия муътақиданд, ки санҷид яке аз беҳтарин манобеи ғизоии гиёҳӣ маҳсуб мешавад. Санҷид устухонро муҳкам ва дастгоҳи гувориширо тақвият мекунад ҳамчунин саршор аз фибер аст ва гуруснагиро коҳиш медиҳад ва хосияти серкунандагиро дорад.

Санҷид манбаи ғанӣ аз калсиюм аст ва барои афроде, ки дучори пукии устухон ҳастанд, бисёр муфид аст. Афроде, ки режимҳои лоғарӣ доранд, метавонанд санҷидро дар барномаи ғизоии худ қарор диҳанд.

Ба таври куллӣ дар супоришоти Имом Ризо (а) тамомии маводе, ки дар хунсозии бадан таъсир доранд, дар тақвияти устухон ва афзоиши нерӯмандии бадан ҳам таъсиргузоранд.

Имом Ризо меваҳое ҳамчун анор, зайтун, олӯ ва санҷидро дар ин замина тавсия кардаанд.

Яке дигар аз хосиятҳои санҷид зидди таб будани он аст.

Имом Ризо алайҳссалом аз падарони худ фармуданд: "Рӯзе расули Худо (с) бар падарам Алӣ бин Абӯтолиб (алайҳссалом) ворид шуд, дар ҳоле ки падар таб дошт, дастур дод то падарам санҷид тано

Барчасп