Август 10, 2017 09:36 Asia/Dushanbe
  • Осеби шадиди қанд ва нушобаҳои газдор ба гурдаҳо

Муҳаққиқони улуми пизишкӣ эълом карданд истеъмоли қанд ва нушиданиҳои газдор ба гурдаҳо таъсири манфӣ дорад .

Ба  гузориши  пойгоҳи хабарии Йорк Алер натоиҷи мутолиаи муҳаққиқон  нишон  медиҳад  хурдани    камаш  ду нушобаи газдор дар рӯз бо афзоиш    ва эҳтимоли норасоии гурда  ҳамроҳ аст.

Доктор Риюҳи Ямамото  ва ҳамкоронаш дар донишгоҳи Осако  дар Жопун  мегуянд бо баррасии ҳазорон  нафар аз кормандони донишгоҳҳо, ки нушобаҳои  газдор ва ҳатто  нушобаҳои  бидуни қанд  масраф  мекарданд  дарёфтанд  масрафи ин нушиданиҳо ба гурдаҳо осеб  мерасонад  ва сабаби тарашшуҳи протеин дар пешоб  мешавад, ки ба он протеинурия мегуянд.

 Муҳаққиқон   ‌ дар мутолиаи   ҳамзамон, ки тавассути муҳаққиқони донишгоҳи  Кис Вестерн Амрико  анҷом  гирифт  дарёфтанд масрафи фруктоз ба ҳассосияти кулияҳо дар баробари гармони  ангиотензин  осеб  мезанад.

Ин гармон  аз  омилҳои аслии контроли таъодули намаки  бадан аст ва осеб  расидан ба ин гармон боиси афзоиши ҷазби намак ва осеб  дидани гурдаҳо  мешавад.

 Бар асоси ин мутолиъот  масрафи   камаш ду нушобаи газдор дар рӯз бо афзоиши тарашшӯҳи протеин дар пешоб  ҳамроҳ аст .Ҳамчунин  масрафи қанди фруктоз  ба афзоиши ҷазби намак  тавассути гурда  ва осеб  дидани ин қисмат аз бадани инсон  мунҷар  мешавад.

Барчасп