Чипс бадтарин мода барои афсурдаҳо
Пизишкон дарёфтаанд ки истеъмоли маводи дорои карбогидрат аз ҷумла чипс метавонад хатарноктарин мода барои афзоиши имкони афсурдагӣ дар ашхос бошад.
Пажуҳишгарон дар навтарин пажуҳишҳои худ дарёфтаанд ки хурдани посто ва чипс(хуроки полуфабрикат ё нимомодаи макарон ва картошка) метавонад сабаби афсурдагӣ дар истеъмолкунандагон шавад.
Гуфтанист истеъмоли карбогидрат метавонад хатари бурузи афсурдагӣ дар афродро ба мизони 40 дарсад афзоиш диҳад.
Баррасиҳо нишон медиҳанд заноне, ки одат ба хурдани миқдори зиёди гушт ва карбогидрат монанди чипс , макарон ва нон доранд , 29 то 41 дарсад бештар эҳтимол дорад, ки ба афсурдагӣ дучор шаванд .
Аммо баръакс афроде ки равғани зайтун , қаҳва ва моҳии бештар мехуранд дар камтарин дарсади эҳтимоли афсурдагӣ қарор доранд.
Пизишкон ин озмоишро бар руи 43000 зан дар тули 12 сол анҷом дода ва режими ғизоии онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд ва натоиҷро истихроҷ кардаанд.Пизишкон ба бонувон тавсияи хос мекунанд, ки режими ғизоии солим барои саломатии руҳ ва ҷисми худ дошта бошанд ва истеъмоли карбогидратро то ҳадди мумкин кам намоянд.