Нохунҳое,ки рози шуморо ошкор мекунанд
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i22495-Нохунҳое_ки_рози_шуморо_ошкор_мекунанд
Нохунҳо ҳам эҳтиёҷ ба муҳофизат ва расидагӣ доранд ва ҳатто шояд каме бештар аз узвҳои дигар , чун кучактарин аломат дар нохун мумкин аст дорои паёме бар зидди саломатӣ бошад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 31, 2017 10:22 Asia/Dushanbe
  • Нохунҳое,ки рози шуморо ошкор мекунанд

Нохунҳо ҳам эҳтиёҷ ба муҳофизат ва расидагӣ доранд ва ҳатто шояд каме бештар аз узвҳои дигар , чун кучактарин аломат дар нохун мумкин аст дорои паёме бар зидди саломатӣ бошад.

Нохун  узви хеле  муҳим аз назари зебоӣ ва физиологӣ аст, ки кумак ба беҳтар  гирифтани ашё  тавассути ангуштон ва афзоиши диққат барои корҳои  зариф мекунад . Ба унвони мисол  касе, ки дучори камхунӣ аст  рӯи  нохуни ӯ  камкамранг мешавад , ки ба маънии  поин  будани мизони гемоглобини шахс аст .

  Нуқта-нуқта шудани нохун  то ҷудо шудани нохун аз бистараш ва эҷоди пустаҳои ғафс  дар зери сафҳаи нохун , нишонаи  бемории садафак  аст .

Ҳамчунин дар  бемории "Lichen planus"    руи  нохунҳо  кафидагиҳои  тулии  хос  эҷод мешавад ва дар сурати пешрафти  беморӣ шахс ба куллӣ  нохунашро аз даст медиҳад ва  захмҳои секунҷашакле  дар бистари нохун боқӣ мемонад .

Ашхосе  ки дучори  бемории эгзимаи занбуруғӣ ҳастанд бояд барои ташхис ба мутахассиси соҳаи  пуст муроҷиат  кунанд  . Пизишкон  бо анҷоми озмоишоти  занбуруғшиносӣ  метавонанд дар дармон ба ин бемор  кумак  кунанд .

 Ҳушдори хеле  муҳим, ки ҳама  бояд ба он огоҳ бошанд ин аст ки гоҳе   вақтҳо бофтҳои рангии тираранге руи  нохун ба вуҷуд меояд ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард .

 Баъзе аз ин бемориҳо ҷанбаи ирсӣ  доранд.Масалан  садафак  ва Lichen planus    агар  зуд  дармон шавад мешавад аз пешрафти вайрон шудани нохунҳо  ҷилавгирӣ кард.