Сентябр 02, 2017 10:51 Asia/Dushanbe
  • Беморони асма доруи гелофен нахуранд

Ашхоси мубтало ба бемориҳои асма , гемофилия ва захмҳои меъда бояд аз истеъмоли доруи гелофен парҳез кунанд.

Гелофен  ҷузъи доруҳоии зидди дард ва варами  ғайрикортонӣ(кортикостероид )аст ки барои коҳиши муваққати дарди ҳосилшуда  аз сармохурдагӣ, дандондард, дарди мушакҳо  ва мигрен  истифода  мешавад.

Онҳое ки аз доруҳои  зиддидиабет истифода  мекунанд набояд  гелофен масраф  кунанд , чун  муҷиби афзоиши асари зидди қанди доруҳо ва коҳиши  ногаҳонии қанд ва бурузи шок  мешавад.

 Норасоиҳои  пӯстӣ ,пешоб ва шунавоӣ,биноӣ ,тангии нафас  , афсурдагӣ , беҳиссӣ узвҳо,афзоиши вазн , эҳсоси хастагӣ ва дарди меъда аз дигари  зарарҳои  масрафи худсаронаи ин дору  аст.

 Истифодаи ин дору муҷиби бурузи осеббинӣ  ва нуқси  ҷанин  мешавад; бинобарин масрафи он дар се моҳи охири бордорӣ мамнуъ аст.

Барчасп