Сентябр 06, 2017 14:27 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои Имом Ризо (a)  барои тақвияти чашму биноӣ

Бо гузашти умр заиф шудани нерӯи босира амри табиист.

Пас, бояд аз заифтар шудани биноии худ ҷилавгирӣ кунем. Оё медонистед, ки чӣ роҳҳои бисёр соддае барои тақвияти чашм вуҷуд доранд?

Тайи 10-15 соли ахир теъдоди афроде, ки аз айнаки ё линза барои ислоҳи нерӯи босираи худ истифода мекунанд, чандин баробар шудааст. Иллати ин амр афзоиши соатҳои кор бо компютер дар маҳалли кору манзил ва ҳамини тавр,  тамошои тӯлонии телевизион аст, ки рӯз то рӯз бузургтару шаффофтар мешавад.

Ба навиштаи "Гардиян", бисёре аз афрод муътақиданд, ки ҳама саранҷом бояд аз айнак ё линза истифода кунанд, чунки бо гузашти умр заифи шудани чашм амри табиӣ маҳсуб мешавад.

Теъдоди зиёде ҳастанд, ки ба иллати бемориҳо ва мушкилоти чашм бояд аз айнак ё линза истифода кунанд, аммо бештари мардум ва афроде, ки ба қасди ислоҳи диди худ айнак мегузоранд, метавонанд бо тамриноти соддае, ки тайи панҷ марҳала азулаи чашмро тақвият мекунад, ба мизони зиёде аз заифтар шудани биноии худ ҷилавгирӣ кунанд.

 Тақвияти чашм дар каломи Имом Ризо (a)

Имом Ризо (a) кӯтоҳ кардани нохунҳоро дар тақвияти чашм муассир дониста, мефармоянд, "ҳар панҷшанбе  нохунҳоятонро кӯтоҳ кунед, то дар поёни умр ба дарди чашми мубтало нашавед".

Эшон дар баёнияи дигаре мисвок заданро мояи тақвияти қувваи биноӣ арзёбӣ карда, меафзоянд, мисвок задан нури чашм, рушди мӯйро зиёд ва аз чашм об рафтанро  бартараф мекунад. Ҳамчунин дар ҷойи дигаре Имом сурмаро барои дармони заъфи чашм муфид донистаанд.

Бинобар тавсияҳои эшон, шабона хӯрдани турунҷ боиси дубин (косой) шудани чашмон мешудааст.

Барчасп