Ашхоси дучори астигматизм шуда ба витаминҳо ниёз доранд
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i22807-Ашхоси_дучори_астигматизм_шуда_ба_витаминҳо_ниёз_доранд
Витаминҳо ба далели доро будани антиоксидҳо метавонанд бадан ва ба хусус чашмҳоро солим нигаҳ доранд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 10, 2017 11:40 Asia/Dushanbe
  • Ашхоси дучори астигматизм шуда ба витаминҳо ниёз доранд

Витаминҳо ба далели доро будани антиоксидҳо метавонанд бадан ва ба хусус чашмҳоро солим нигаҳ доранд.

Касалии   астигматизм(халалдоршавии биноӣ)   як касалии  паҳншудаи чашмӣ аст ва истифода аз витаминҳо то ҳудуде метавонад барои тақвияти биноӣ муфид бошад, албатта иллати аслии ин мушкил   мушаххас нест ва мумкин аст  меросӣ  бошад ва бо боло рафтани син худашро нишон бидиҳад .

 Антиоксидҳо молекулаҳое ҳастанд ки бо беасар кардани  радикалҳои озод  монеъи таъсири вайронкунандаи  онҳо бар ҳуҷайраҳои бадан мешаванд. Аз ин ру антиоксидҳо метавонанд  хатари гирифторӣ ба бемориҳои  чашмиро коҳиш диҳанд.

Витаминҳои  А, В ва  С  дар заминаи ёдшуда  муфид  ҳастанд ва ин витаминҳо  дар исфаноҷ, каду,кабудӣ , гушт, моҳӣ , ‌ тухм , маҳсулоти ширӣ ва ҳамчунин витаминҳои  шомили афлесун ва тути фарангӣ (кулубник)  вуҷуд доранд.