Бо ин 4 равиш баъд аз тарки сигарет фарбеҳ намешавед
Бисёре аз мардуме ки сигаретро тарк мекунанд дучори афзоиши вазн мешаванд, аммо бо тавсияҳои пизишкон метавон аз раванди ин фарбеҳӣ пешгирӣ кард.
Дар сигарет беш аз 400 навъ моддаи зарарнок вуҷуд дорад ва ҳангоме ки фард сигаретро тарк мекунад ин маводи зарарнок ба бадани у намерасад ва эминии бадан беҳтар хоҳад шуд, ки ин амр боиси афзоиши иштиҳо ва масрафи ғизои бештар мешавад.Ин афрод режими ғизоиро риоят накунанд ба сурати миёна 5 кило изофавазн пайдо мекунанд.
Ин афрод барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ метавонанд як соъат пеш аз ғизо 2 пиёла об масраф кунанд, салатро пеш аз ғизо бихуранд ҳадди аққал 45 дақиқа дар рӯз пиёдаравӣ кунанд ва аз хурдани ғизоҳои тезтаёр худдорӣ кунанд.