Чанд роҳкори содда барои раҳоӣ аз стрессҳои субҳгоҳӣ
(last modified 2017-09-13T04:32:04+00:00 )
Сентябр 13, 2017 09:32 Asia/Dushanbe
  • Чанд роҳкори содда барои раҳоӣ аз стрессҳои субҳгоҳӣ

Он чӣ пеши руи шумост чанд роҳкори содда ва амалӣ барои раҳоӣ дастикам ба ҳаддиақал расондани стрессҳо(изтиробҳо)и субҳгоҳӣ аст.

Маъмулан барои касоне ки корманд ҳастанд ва бояд субҳи зуд аз хоб бедор шуда ва барои рафтан ба маҳалли кор  либос пушанд    стресс  амри иҷтинобнопазир аст.  Ин стресс аммо қобили контрол ва мудирият аст ба шарте, ки роҳ ва равиши онро бидонед.

 1.Зангҳои оромбахш   интихоб кунед : барои занги соати худ як оҳанг ё садои ором мисли садоҳои табиат интихоб кунед, ки ба ҷои паридани ногаҳонӣ аз хоб шуморо ба оромӣ бедор кунад. Ҳамчунин тавсия мешавад, ки шаб зудтар бихобед, то субҳ  вақти бештаре барои омода шудан дошта бошед ва ба ин тартиб камтар дучори стресси субҳгоҳӣ  хоҳед шуд.  

2. Дар тули рӯз оби кофӣ  бинушед: Ҳатман дар тули рӯз ба андозаи кофӣ об бинушед ва диққат кунед  баданатон  дучори  камобӣ нашавад. Камобӣ  ва хушкии бадан аз  омилҳои муассир дар шиддати изтироб  ба вижа дар ибтидои рӯз аст.

3. Замони кутоҳ варзиш кунед: Як варзиши субҳгоҳии сабук ва кутоҳмуддат масалан то 15 дақиқа таъсири   бесазое дар коҳиши стресси аввали рӯз дорад.

4. Хурдани субҳонаро  фаромуш накунед:  Яке дигар аз авомили муассир  дар коҳиши стресси субҳгоҳӣ хурдани субҳонаи солим ва муқаввӣ  аст. Ғизои хонагӣ, ҷурғот ва меваи тоза аз гузинаҳои муносиб барои   ғизои   субҳона ҳастанд.

5. Даҳ дақиқа зудтар аз хона хориҷ шавед:   Барои инки дар тули масир стресси дер расидан ва дучори  таъхир шуданро надошта бошед байни 5 то 10 дақиқа зудтар аз хона хориҷ шавед то сари вақт ба маҳалли кор бирасед.    

6.Гузаштпазир бошед:  Нисбат ба пешомадҳо,вазифаҳо ва иттифоқот инъитоф (гузаштпазир)   бошед ва худро бо масъалаҳое, ки пеш меоянд  ҳамоҳанг кунед. Ба хотири масоили ҷузъӣ ба худатон стресс ворид накунед ва агар   корҳо ошуфта шуд ҳадафатонро, ки ҳифзи оромиш аст ба худатон ёдоварӣ кунед.

Барчасп