Афзоиши фишори хун яке аз паёмадҳои олудагии савтӣ аст
Садо яке аз омилҳои зиёновари физикӣ ба вижа дар муҳитҳои саноъатӣ аст ва яке аз паёмадҳои зараровари олудагии савтӣ афзоиши фишори хун дар инсон аст.
Чунончи мизони олудагии садо аз ҳадди меъёри кишварӣ (85 дисибал дар ҳашт соат) бештар шавад , зарарҳо ва осебҳое дар бадани инсон мушоҳида хоҳад шуд, ки яке аз онҳо афзоиши фишори хун ба хотири таҳрики асабӣ мебошад .
Хастагии шунавоӣ , виз-визи гуш , эчоди садо дар пардаи гӯш , осеб ба системаи қалбӣ ва рагӣ,афзоиши фишори хун ва афзоиши масрафи кислород , бархе аз муҳимтарин зарарҳои физиологии олудагии садо дар инсон аст .
Диққат дар хариди дастгоҳҳо ва мошинолот ва тағйир дар равиши хунук кардани онҳо,истифода накардан аз фанҳо(винтлятор)и пурсару садо,нигаҳдорӣ ва таъмири саривақтии дастгоҳҳо,бархе аз равишҳои контроли садо дар истеҳсолот мебошад . Ҳамчунин барои коҳиши садо дар манбаъ ва ҷилавгирӣ аз интиқоли садо метавон аз равишҳое назири : истифода аз фосилаи муносиб аз дастгоҳҳо , эҷоди сару садоҳои иловагӣ ва изолятсияи манбаъи садо истифода кард.