Чӣ касоне кутоҳқад мешаванд?
Кутоҳ ё дароз шудани қад ба омилҳои гуногуне бастагӣ дорад, аммо ривоҷёфтарин сабаби он эҷоди халал дар гармони рушд бар асари бадхурокӣ аст.
Ривоҷёфтарин сабаби он халалдоршавии гармони рушд бар асари бадхурокӣ аст ва ашхосе ки бадхурок ҳастанд мумкин аст ҷазби менералҳо, аз ҷумла оҳан , калсий ва витамин дар онҳо кам бошад.
Бемориҳои шадиди қалбӣ ,гурда ва хун, аз ҷумла камхунӣ метавонанд муҷиби эҷоди халал дар рушди бадан шаванд, ки ба таври маъмул шахс дар вақтҳои дучор шулан бо камхунӣ метавонад бо дармони саривақтӣ аз пешрафти омили қадкутоҳӣ ҷилавгирӣ кунад .
Аввалин марҳалаи рушд дар ду соли аввали зиндагии баъд аз таваллуд аст , кудаке ки аз модар мутаваллид мешавад 50 сантиметр қад дорад , дар соли аввал 25 сантиметр афзоиши қад дорад, ки ин бештарин мизон дар тули умр аст .
Дар соли дуввум 12.5 сантиметр ва баъд аз он то синни булуғ 5 то 6 сантиметр қад мекашад ва дар наздикии синни булуғ дар писарони 5 то 6 сантиметр ва духтарон 8 то 12 сантиметр дар муддати 2 соли рушди қабл аз булуғ доранд ва баъд ин афзоиши қад бо таваққуф рубару мешавад.