Ҷароҳии бинӣ ; зебоӣ ё беморӣ?
(last modified Tue, 19 Sep 2017 05:10:25 GMT )
Сентябр 19, 2017 10:10 Asia/Dushanbe
  • Ҷароҳии  бинӣ ; зебоӣ  ё беморӣ?

Ҷароҳии зебоии бини дар баъзе аз ашхос боис мешавад ӯ зебоии нисбии худро аз даст бидиҳад.

Ҷароҳии зебоии бини беҳтар аст дар  баъзе ашхос  анҷом нашавад, ки ин ашхос ба чанд гуруҳ тақсим  мешаванд.

1- Дар ашхосе ки   тасаввур мекунанд биниашон‌ дучори мушкил аст  вале бо баррасии зебоишиносона мулоҳиза мекунем, ки бинии феълӣ дар таносуби қобили қабул бо   бақияи қисматҳои руяшон  қарор дорад. Чун афрод дар сурати ҷарроҳӣ  ба эҳтимоли зиёд зебоии нисбии хешро аз даст  хоҳанд дод.

2- Дар гуруҳе аз мутақозиён ҳам эродҳои  ҷузъӣ  дорад, ки бо ишораи  атрофиён ба ин мавзуъ, онҳоро ба самти ҷарроҳӣ мекашад дар баъзеҳо  низ ба сабаби сохтори хоси бини ба маҳзи ҷарроҳӣ  эҳтимоли бурузи мушкилоти нафаскашӣ  афзоиш меёбад.

3- Дар гуруҳи дигар  ашхос  тақозои  тағийроти нодуруст ба лиҳози саломатии бини доранд.

4- Бархе мутақозиёни дигар дучори нуқсон дар зебоӣ ҳастанд, вале муъоинаи ҷарроҳ   ошкор мекунад, ки сабаби аслии  ин нуқсон қисматҳои  ғайр аз  бини аст.

Мушкилоти  танаффусӣ метавонанд аз мушкилоти мухталифе манша бигирад:

1- Часпандагиҳои дохили бинӣ

2- Боқӣ мондани каҷии  дохили  бинӣ

3- Бузургии шохаки бинӣ

Паёмадҳои ногувори   зебоии ҷарроҳи  пластикӣ(косметикӣ) гуногун  буда ва муҳимтарини онҳо дар мавориди зер аст:

1- Бинии зиншакл

2- Садамаҳои  маҷрои ашкӣ ва косаи чашм

3- Осеби пусти  бинӣ

4- Фурурафтагиҳои пардаҳои бинӣ

5- Бардошта шудани пусти пардаи бинӣ

6- Аз даст додани пусти нуки  бинӣ

7- Кушода шудани муйраги руи пусти бинӣ

Ин бемориҳо  хатарҳои зиёдеро ба дунбол дорад.Ин мавзуъ  аҳамияти таваҷҷуҳ ба масоили дохили бини дар ҳини ҷарроҳии биниро мефаҳмонад, ки муҷиби уфти қобили мулоҳиза дар сифати  зиндагии ашхос мешавад.

 Бинӣ баъд аз ҷарроҳӣ мумкин аст то муддатҳо варам дошта бошад ва беҳтарин кор ин аст, ки фурсати диҳем варам оҳиста-оҳиста аз байн равад ва дар тайи ин муддат бояд аз истодан дар баробари нури  офтоб парҳез кард.

 

Барчасп