Уфунатҳо бо қалб чӣ мекунанд?
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i23255-Уфунатҳо_бо_қалб_чӣ_мекунанд
Ревматизми қалбӣ яке аз бемориҳои муҳими қалбӣ маҳсуб мешавад, ки маъмулан бар асари интиқоли уфунатҳо (чирку зардоб) аз ҷараёни хун ба қалб эҷод мешавад ва мумкин аст ниёз ба дармони тулонимуддат дошта бошад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 19, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Уфунатҳо бо қалб чӣ мекунанд?

Ревматизми қалбӣ яке аз бемориҳои муҳими қалбӣ маҳсуб мешавад, ки маъмулан бар асари интиқоли уфунатҳо (чирку зардоб) аз ҷараёни хун ба қалб эҷод мешавад ва мумкин аст ниёз ба дармони тулонимуддат дошта бошад.

Бемории ревматизми қалбӣ яке аз бемориҳои паҳншуда дар  гузашта буда аст, ки имруза бо таваҷҷуҳ ба пешрафти илми  пизишкӣ ва контроли уфунатҳои бадан қобили  дармон аст .

Дар сурати дармон нашудани уфунатҳои даҳанӣ, ки аз тариқи ҷараёни хун ба қалб ворид мешавад  мумкин аст мушкилоти қалбии  зиёде дар оянда барои ашхос  эҷод шавад.Сабаби аслии ин беморӣ, шамолхурдагӣ аст, ки дар кудакон дучор мешавад ва агар дармон нашавад   мунҷар ба уфунатҳо дар оянда мешавад.

Ин беморӣ  маъмулан агар дар синни поинтар ташхис дода нашавад дар сурати сирояти бештар  барои дармон ниёз  ба ҷарроҳӣ дорад.