Мушкилоти пустиро бо ин витамин дармон кунед
(last modified Sun, 24 Sep 2017 04:45:39 GMT )
Сентябр 24, 2017 09:45 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти пустиро бо ин витамин дармон кунед

Рибофлавин ҳамон витамин В2 аст, ки камбуди он боиси норасоиҳои пустӣ ва бемориҳои ҳозимаӣ мешавад. Бо андаке диққат дар шеваи зиндагӣ ва режими ғизоии муносиб метавон аз камбуди ин витамини муҳим пешгирӣ кард.

Камбуди рибофлавин ё витамини В2  боиси илтиҳобҳои  пустӣ, сурхӣ  ва хушкии пуст ва эгзимо мешавад .

Беҳтарин  манбаи рибофлавин шир аст, ҳамчунин дар тамоми  ҳубубот (донагиҳо) ва ғаллот монанди ҷавонаи гандум ва мош ба фаровонӣ ёфт мешавад .

 Рибофлавин ба шиддат бо нур дар таззод аст.Нури хуршед боис мешавад рибофлавин таҷзия шавад;  ‌дар натиҷа беҳтар аст аз рехтани шир дар шишаҳои шаффоф  худдорӣ  шавад.

 Рибофлавин ё  витамини В2 дар об ҳалшаванда аст ва дар натиҷа бо истеъмоли   маводи зикршуда   дар муддати қариб  як моҳ метавон ин камбудро ҷуброн кард.