Сентябр 28, 2017 09:45 Asia/Dushanbe
  • Мӯъҷиза барои аз байни бурдани обилаҳо дар каломи Имом Ризо (а)

Имом Ризо алайҳиссалом барои аз байни бурдани ҷӯш (нарак) мефармояд: Агар мехоҳӣ, ки дар баданат ҷӯш (нарак) ва ғайри он рӯх нанамояд, ҳангоми даромадан ба ҳаммом, чарб кардани бадани худро бо равғани бунафша оғоз кун.

Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре мефармояд: Агар аз бадани касе аз шумо ҷӯш ё обилае берун зад, онро бибандад ва бо равғани бунафша ё равғани ҳайвонӣ дармон кунад.

Хосиятҳои равғани бунафша

Хосиятҳои фаровон ва зиёди бунафша боис шуда, ки дар ривоёти исломӣ аз он ба унвони беҳтарин гиёҳ ва равғани он беҳтарин равған ёд шавад.

Имом Ризо алайҳиссалом аз қавли Имом Содиқ алайҳиссалом дар ҳадисе мефармояд: Бунафша меҳтари ҳамаи равғанҳои  шумост. Ҳикояти бунафша дар миёни равғанҳо, ҳикояти мо дар миёни мардум аст ва бунафша хуб равғане аст, дардро аз сар ва чашмон мебарад.

Аз хосиятҳои дигари дармонии равғани бунафша, хосияти тақвияткунандагии пӯст, зидди чину чурук (ожанг) ва зидди хушкӣ ва нармкунандаи пӯст ва аз байн бурдани ҷӯш (нарак) аст.

Барчасп