Карами бракколи як сару гардан болотар аз саратон
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i24023-Карами_бракколи_як_сару_гардан_болотар_аз_саратон
Карами бракколи ҷузви гиёҳони пурхосият ба ҳисоб меояд, ки метавонад аз вуқуъи бисёре аз бемориҳои ноилоҷ дар солхурдагӣ ва пирӣ пешгирӣ кунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 04, 2017 09:35 Asia/Dushanbe
  • Карами бракколи як сару гардан болотар аз саратон

Карами бракколи ҷузви гиёҳони пурхосият ба ҳисоб меояд, ки метавонад аз вуқуъи бисёре аз бемориҳои ноилоҷ дар солхурдагӣ ва пирӣ пешгирӣ кунад.

Карами бракколи дар дармони бисёре аз саратонҳо таъсир дорад ва донишмандон бо анҷоми озмоишҳое рӯй бадани довталабони мухталиф  дарёфтанд  он дастаи ашхосе, ки аз карами бракколи ва дигар  сабзавотҳо  дар   ғизои худ истифода мекунанд 82 дарсад  камтар  гирифтори ин навъ бемориҳо мешаванд .

Карами бракколи  бидуни эҷоди халал  дар фаъолияти  ҳуҷайраҳои  табии бадан, ҳуҷайраҳо ва бофтҳои   саратониро аз байн мебарад ва ин навъи сабзавот дорои  маводи зиддисаратонии қавӣ аст.

Гуфтанӣ аст бар асоси натиҷаҳои пажуҳишҳо карами бракколи     метавонад ҳушу  ҳофиза   ва системаи эминии баданро   низ  тақвият  кунад ва шамолхурдагиву   дигар  бемориҳоеро, ки бактерияҳо ва вирусҳо дар эҷоди онҳо  нақши доранд,  коҳиш   диҳад.

Натиҷаҳои  мутолиъот нишон медиҳанд хурдани   200 грамм  карами бракколи  дар рӯз метавонад тамоми витаминҳо ва маводи ғизоии мавриди ниёзи баданро таъмин  кунад.