Зарарҳои хурдани панирҳои таъмдор
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i24173-Зарарҳои_хурдани_панирҳои_таъмдор
Тамоми панирҳо аз шири гов таҳия мешаванд, аммо имрӯза панири таъмдори нав дар фурушгоҳҳо ва мағозаҳо ба фуруш мерасанд, ки таъмҳои мутафовите доранд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 07, 2017 10:37 Asia/Dushanbe
  • Зарарҳои хурдани панирҳои таъмдор

Тамоми панирҳо аз шири гов таҳия мешаванд, аммо имрӯза панири таъмдори нав дар фурушгоҳҳо ва мағозаҳо ба фуруш мерасанд, ки таъмҳои мутафовите доранд.

Панири таъмдор равғани зиёдтаре нисбат ба панири маъмулӣ дорад ва маъмулан дарсади маводи нигаҳдоранда дар онҳо ба маротиб бештар аз панирҳои маъмулӣ  аст.

Гуфтанист бо инки панирҳои таъмдор дар шароити беҳдоштии беҳтаре омода  мешаванд, аммо зарарҳои зиёдтаре доранд.

 Дар сохти  панирҳои таъмдор хамирҳоеро  ба кор мебаранд, ки таъм ва маззаи онҳо собит бимонад.Ин хамирҳо дорои  ҷуши ширини фаровоне ҳастанд, ки аз протеин ва калсии мавҷуд дар ин панирҳо мекоҳад.

Натиҷаҳои  мутолиъот нишон медиҳанд танҳо хурдани панир ба андозаи  як қуттии гугирд дар рӯз муҷоз аст ва панирҳои маъмулӣ беҳтарин навъи панирҳо ба шумор меоянд, ки метавонед дар режимҳои ғизоӣ  аз онҳо истифода кунед.