Октябр 07, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Ду доругие, ки монеъи пешрафти саратон мешаванд

Каркамин яке аз аҷзои аслии зардчуба ва доругие бо номи ”кэрри” аст, ки дар аз байн бурданӣ варамҳо нақш доранд .

Ин модда  як таркиби полифенолӣ аст, ки муҷиби эҷоди ранг дар зардчуба ва адвияи кэрри мешавад. Хокаи  зардчуба  аз солҳо қабл барои дармони бемориҳои варамдори мухталиф монанди артроз корбурд  дошта аст.

Дар мутолиъоти солиёни ахир  корбурдҳои дармонии  бисёре барои каркамин мушаххас шуда аст . Мутолиъоти муҳаққиқон нишон дод, ки каркамин барои беморони гирифтор  ба паркинсон муфид аст . Мутолиъоти донишмандон  нишон медиҳад, ки каркамин густариши     саратонро мутаваққиф мекунад.

 Мутолиъоти қаблӣ нишон дода буд, ки каркамин калоншавии  варам  дар саратони шуш  ва саратонҳои сару гарданро низ мутаваққиф мекунад.

Каркамин муҷиби коҳиши синтези таркиботи мавсум ба ситокин  тавассути ҳуҷайраҳои варам  мешавад. Ситокинҳо муҷиби пешрафт ва густариши  саратон мешаванд.

Барчасп