Буй кардани ин гул ҳофизаро зиёд мекунад !
Аз дидгоҳи тибби суннатӣ ё халқӣ истишмом ё буй кардани атри гули муҳаммадӣ ё гули садбарг дар тақвияти ҳофиза нақши басазо дорад.
Аз дидгоҳи тиби суннатӣ буй кардани гули садбарг ба далели гармӣ ба тақвияти ҳофиза ёрирасон аст.Беҳтарин ҳолати тақвияти ҳофиза ҳолати саҷда аст . Ба далели инки хунрасонии комил ба мағзи сар боис мешавад маводи ғизоии мавриди ниёз зудтар ба мағз расида ва маводи заҳрӣ аз тариқи шабакаи рагҳои мағзи сар хориҷ шуда дар натиҷа боиси фаъолият ва сӯхту сози мағз мешавад , бинобарин ҳар қадар ки хунрасонӣ ба мағзро афзоиши диҳем ,миқдори маводи заҳрӣ коҳиш меёбад.
Асарот бар системаи асабӣ:
Ҷилавгирӣ аз суст шудани ҳуҷайраҳои асабӣ : Демонс ё заволи ақл аз ҷумлаи бемориҳои системаи асабӣ аст, ки дар он ба иллати вайроншавии пешравандаи бофти асабӣ бемор ба ихтилолоти шинохтӣ мубтало мешавад. Усораи хлороформи гули садбарг ба таври қобили мулоҳизае рушди аксонҳо ва дендритҳоро таҳрик мекунад ва ҳамчунин монеъи нобудӣ ва марги ҳуҷайраҳои асабии мешавад .
Хосияти зиддиташануҷӣ : Усораи равғании гули садбарг хосияти зиддиташануҷӣ(антисудорога) дорад ва боиси муқовимтар шудани ҳайвон ба таҳрикоти ташаннуҷзоӣ мешавад. Ҳамчунин усораи равғании гули садбарг муҷиби ба таъхир афтодани шуруи ташаннуҷи саръии бархоста аз як навъ таркиботи кимиёии ин гул мешавад . Агарчи моддаи аслӣ ки муҷиби хосияти зиддиташаннуҷӣ мешавад аз гиёҳ истихроҷ нашуда аст, аммо эҳтимолан флавоноиди мавҷуд дар он ва таркибе ба номи грановл ва модаи дигаре мавсум ба югенол дар ин асарот нақш дорад .
Хосси зидди дард : вуҷуди таркиботе назири кристин ва камферол дар гули садбарг, ки хосияти зидди дард доранд ва аз тарашшуҳи миёнҷиҳои илтиҳобӣ дар бадан ҷилавгирӣ мекунанд ин эҳтимолро эҷод мекунад, ки ин гиёҳ барои коҳиши дард муассир бошад.Ин фарзия тавассути муҳаққиқон баррасӣ ва мушаххас гардид ки тазриқи усораи ин гиёҳ ба мушҳои кучак дарди вобаста ба ҳароратро коҳиш медиҳад . Асари зикршуда як соат пас аз тазриқи усораи мазкур зоҳир мешавад.Мумкин аст асароти зидди дарди гиёҳ беиртибот бо таъсири он дар коҳиши варам ва илтиҳоб набошад . Акнун мушаххас шуда аст ки усораи спиртии гули садбарг ҳаммонанди доруи диклофенак варами эҷодшуда дар пои ҳайвоноти озмоишгоҳиро коҳиш медиҳад . Ин ёфта тасдиқкунандаи эътиқоди тибби суннатӣ дар бораи истифода аз гули садбарг барои дармони занбургазидагӣ аст.