Беморие ки қатори андешаатонро мутаваққиф мекунад!
Шизофрения (парешонхотирӣ) беморие аст, ки фарди мубтало ба он ағлаб дучори таваҳҳум , хаёлҳо ва ошуфтагии фикр ва калом мешавад.
Фарди мубтало ба шизофрения андешаи худро аз даст медиҳад ва ҷумалотро ба сурати номуназзам ва ошуфта баён мекунад.
40 дарсади мардон ва бист дарсади занон ба шизофрения мубтало мешаванд ва даврони булуғ авҷи шуруи ин беморӣ аст.
Афсурдагӣ , таҳрикпазирӣ , хоби зиёд , гушагирӣ ва фаромушӣ аз аломатҳои ин беморӣ аст.
Омилҳои генетикӣ ва зистмуҳитӣ дар эҷоди и ин ихтилол нақши муҳимме доранд.
Дармони аввалияи шизофрения истеъмоли доруҳои зиддируҳӣ(зиддипсихологӣ) аст.Ҳамчунин доруҳои зидди ҷунун (девонагӣ) кумаккунанда аст, аммо дар мавориди вазнинии беморӣ фард ниёз ба бистарӣ шудан дар беморхона дорад.