Ноябр 04, 2017 09:38 Asia/Dushanbe
  • Қобили таваҷҷуҳи касоне ки дер субҳона мехуранд

Истеъмоли зиёди маводи қандӣ зарарҳои мухталиферо ба дунбол дорад ва бештарин паёмаде, ки метавонад эҷод кунад фарбеҳӣ аст.

Фарбеҳӣ   яке аз  эҷодкунандаҳои  мушкилот барои  дил аст ва яке аз қотилони инсонҳо маҳсуб мешавад.Агар  маводи қандӣ бевосита истеъмол   шавад,  масалан ба унвони қанд ва шакар дар чой истифода  шавад, қанди хунро боло мебарад ва осебҳоеро ба аъзои  ҳозимаи бадан ворид месозад.

Агар истеъмоли  зиёди қанд  муҷиби беморӣ аз қабили диабет шавад метавонад руи системаи эминии бадан асар бигзорад, аммо дар як варзишкор мумкин аст масрафи зиёди маводи қандӣ бетаъсир бошад ва муҷиби заъфи эминии бадани у нагардад.

 Дер  субҳона хурдан дар сохту сози  бадан чандон таъсир надорад, аммо бо дер хурдани  субҳона   қанди хуни бадан уфт пайдо мекунад,  хастагӣ ба шахс  ғолиб  мешавад, муҷиби эҳсоси  сустӣ ва хоболудагӣ мегардад ва ҳатто мумкин аст осебҳое  ба меъда ва аъзои ҳозимаи  шахс  ворид гардад.

Барчасп