Беморони гемофилия нисбат ба хатари ин беморӣ ҳушёр бошанд!
(last modified Tue, 07 Nov 2017 05:38:21 GMT )
Ноябр 07, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Беморони гемофилия нисбат ба хатари ин беморӣ ҳушёр бошанд!

Гематома (ҷамъшавии хун)и мағзӣ беморие аст, ки дар асари осеби сар‌ рух медиҳад ва ҳамроҳ бо хунрезии шадид аст ва афроде, ки дучори бемориҳои хунрезикунанда ҳастанд бештар дар вартаи дучор шудан ба ин беморӣ қарор мегиранд.

Гематомаи мағзӣ маъмулан дар асари осеби сар  монанди афтодан аз баландӣ ва ё  ‌садама  рух медиҳад ва ин зарбаи ногаҳонӣ ба сар боиси порагии рагҳои хунии сатҳи мағзи сар  мешавад.

Гематомаи мағзӣ ба се  сурат  буруз мекунад

1-   Вақте,ки осеби сар   ҳамроҳ бо  хунрези шадид бошад, дар ин сурат фард ба кома меравад.

2-Дар ҳоле ки баъд аз осеби сар  фард  ҳолати солим ва табиӣ дорад, аммо  кам-кам гаранг ‌мешавад ва чанд рӯз баъд ба кома меравад.

3-Гоҳе вақт гематомаи мағзӣ кунд аст ва то беш аз ду ҳафта ҳеҷ  аломате надорад.

Аломатҳои ин беморӣ ба сурати  сардард,саргарангӣ,дилбеҳузурӣ ва партофтан,заъф ва сустӣ маълум мешавад, ки албатта дар афроди мухталиф мутафовит аст, аммо касоне ки дучори бемориҳои хунрезикунанда монанди гемофилия  ҳастанд бештар дар маърази ин беморӣ қарор мегиранд .

 Дармони ин беморӣ ба шиддати он бастагӣ дорад, гоҳе бо назорати  дақиқ ва гоҳе бо ҷарроҳии пешрафта дармон мешавад.