Агар зуком шудед, ба тозагии хона бештар аҳамият диҳед!
Ҳангоми гирифторӣ ба шамолхурдагии шадид (зуком) тағйироте хосе дар хона метавонад сабаби беҳбуди беморӣ дар афрод шавад ва тавсия мешавад хонаводаҳо нукоти зикршударо барои камтар шудани давраи беморӣ ба диққат риоят намоянд.
Пизишкон ба афроде, ки дар хонаводаи худ фарди гирифтор ба зукоми фаслӣ доранд, тавсия мекунанд, ки муҳити хона метавонад боиси пешрафти беморӣ ва ё тезтар шудани раванди дармон шавад.
Гуфтанӣ аст аз ҷумла корҳое ки метавонад боиси суръат ёфтани раванди дармон шавад вуҷуди ҳавои тоза дар муҳити хона аст.
Баррасиҳо нишон медиҳанд дар фасли сармо аксари афрод ба далели пешгирӣ аз ҳадар рафтани гармо, дарҳо ва тирезаҳоро мебанданд ва иҷозат намедиҳанд ҳавои тоза дар хона ҷараён пайдо кунад, ки ин мавзуъ метавонад боиси коҳиши сифати ҳавои хона ва афзоиши сирояти беморӣ ба дигар аъзои хонавода шавад.
Аз дигар иқдомот дар ҳангоми бурузи зуком дар байни аъзои хонавода афзоиши гарду ғуборрубӣ ва пок кардани гарду ғубор аз руи ашё,ба вижа дар ҷои хоб , дарҳо, тирезаҳо ва пардаҳо аст, зеро ин зарраҳои хурд метавонанд сабабгори афзоиши сурфа дар бемор бавижа дар шаб шаванд.
Аз дигар иқдомоти таъсиргузор ҷудо кардани зарфҳои ғизои беморон аз афроди солим ва шустушуи онҳо бо маводи зиддиуфуникунанда аст. Дар ин замина пизишкон тавсия мекунанд ҳатто лифи зарфшуии мутафовите истифода шавад ва пас аз ҳар бор шустани зарфҳои бемор лиф бо маводи зиддиуфуникунанда омехта шавад.
Истифода аз собун ва маводи шуяндаи зидди бактерияҳои даст дар ҳоҷатхонаи манзил метавонад аз сирояти беморӣ ба афроди дигари хонавода пешгирӣ кунад.
Пижуҳишгарон зиддиуфунӣ кардани ҳавои хонаро аз тариқи канор задани пардаҳо ва иҷозати вуруди нури офтоб бидуни восита ва ҳамин тавр истифода аз маҳлулҳои бухори зиддиуфуникунандаи фазоро аз иқдомоти муфиди дигар дар ин замина медонанд.